ҶАМЪОМАДИ НАВБАТӢ

Шӯрои навбатии илмию методии забон ва адабиёти тоҷики Маркази таълими методии назди Вазорати таълими халқ баргузор гардид.

Бо баҳисобгирии фикру дархост ва пешниҳоду мулоҳизоти омӯзгорон, падару модарон, экспертҳо ва хулосаҳое, ки аз ҷониби муаллифони китобҳои дарсӣ баён карда шудаанд, бо ислоҳ ва иловаҳои зарурӣ дар соли хониши 2019-2020 аз нав ба чоп омода намудани китобҳои дарсии «Алифбо», «Дафтари ҳусни хат», «Забони модарӣ», «Китоби хониш» барои синфи якум, «Забони модарӣ», «Китоби хониш» барои синфи сеюм, «Забони тоҷикӣ» ва «Адабиёт» барои синфи нӯҳум мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оиди масъалаҳои муҳими рӯз, беҳсозии сифати таълими фанҳои забон ва адабиёт дар мактабҳо, бартарафсозии норасоиҳои китобҳои дарсӣ, ба муаллифӣ ва мутарҷимии китобҳои дарсӣ ҷалб сохтани мутахассисон ва мутарҷимони варзида, гузаронидани форуми ҷумҳуриявии муаллимони забон ва адабиёти тоҷик аъзои шӯро С.Набиев, А.Шарофиддинова, Ш.Бобоҷонов, А.Қамаров, Ф.Қурбониён ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: