РУШДИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ИНТЕРНЕТӢ ТАЛАБИ ДАВР

Албатта, барои иҷрои ин талаботи аҳолӣ расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла нашрияҳо, телевизион, радио ва интернет саҳми худро мегузоранд.

Дар байни онҳо, бешубҳа, Интернет бо қулайӣ, арзонӣ ва зудамалии худ пештоз аст. Дар навбати худ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиде, ки дар кишвари мо нисбати интернет-нашрҳо фароҳам оварда мешаванд, сабаби рушди соҳа мегардад. 
Бо вуҷуди ин, доир ба ҳифзи ҳуқуқи журналистон, баланд бардоштани салоҳияти кадрҳои журналистикаи интернетӣ,  рушди онлайн-журналистика ва такмили қонунгузорӣ бисёр корҳоро бояд анҷом дод. Дар ин бобат аз ҷониби Шӯрои журналистикаи  интернетӣ назди Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Бино ба фикри мутахассисони соҳа, вазифаи он аз васеъ намудани фаъолияти блогер ва веб-сайтҳое, ки ба сифати воситаи ахбори оммавӣ аз рӯихат гузаштаанд, ҳамчунин бартараф намудани муаммои мавҷуда дар назди онҳо иборат аст. Дар нишасти матбуотие, ки бо ташаббуси Шӯрои мазкур дар Маркази матбуоти миллии пойтахт таҳти мавзӯи «Масъалаҳои рӯзмарраи рушди журналистикаи интернетӣ дар Ӯзбекистон» баргузор шуд, дар ҳамин хусус сухан рафт. 
Дар нишаст муаммоҳое, ки дар фаъолияти мутахассисони соҳа ба назар мерасанд, муҳокима гардида, оиди бартараф намудани онҳо фикрҳо пешниҳод гардиданд. 

М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: