ТОШКАНД БА МАРКАЗИ БУЗУРГИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ДАРАҶАИ БАЛАНДТЕХНОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 декабр бо корҳои бунёдкорӣ ва лоиҳаҳои бузурге, ки дар шаҳри Тошканд ба амал татбиқ мегарданд, шинос гардид.

Мақсади ислоҳоти ҷорие, ки дар мамлакат татбиқ мегардад, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва ба вуҷуд овардани шароити муносиби ҳаёти мардум мебошад. Ин дар бозсозиҳои низоми тиббиёт низ инъикос меёбад. Дар натиҷаи чорабиниҳои андешидашуда дар бобати ба вуҷуд овардани низоми сифатноки хидмати тиббӣ ба аҳолӣ умри миёнаи одамон дар мамлакатамон аз 67 сол дар соли 1990 то ба 74 сол дар соли 2017 зиёд гардид.
Дар соҳаи тандурустӣ саҳми сектори хусусӣ зиёд мегардад. Бино бар қарори роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд инкишоф додани сектори хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ» аз 1 апрели соли 2017 дар тамоми минтақаҳои мамлакат ба сохтмони муассисаҳои хусусии тиббӣ ва васеъ намудани номгӯйи хидмати тиббии онҳо эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Дар давраи гузаштаи соли 2018 беш аз 400 клиникаи хусусӣ, аз он ҷумла дар Тошканд 115 чунин муассиса ташкил карда шуд.
Президент ба яке аз чунин муассисаҳо – клиникаи хусусии «DMC» дар ноҳияи Мирзо Улуғбек ташриф овард.
Клиникаи мазкури чорошёна бо назардошти бехавфӣ, энергиясарфакунӣ ва эҳтиёҷи мизоҷон бо ба ҳисоб гирифтани талаботи оид ба хидматрасонии серсоҳаи тиббӣ  замонавитарин сохта шудааст. Намои клиника бо масолеҳи изолятсионие, ки гармӣ ва овоз мегардонад ва дар асоси технологияҳои инноватсионии Олмон истеҳсол гардидааст, пӯшонда шудааст. 
Клиника, ки ба он Корманди шоистаи нигаҳдории тандурустии Ӯзбекистон Зулфия Мақсудова роҳбарӣ мекунад, бо таҷҳизоти тиббии баландтехнологии истеҳсоли Русия, ИМА, Олмон, Австрия, Ҷопон муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Тамоми шифокорон дар клиникаҳои пешбар ва марказҳои тиббии хориҷӣ ихтисосашонро такмил додаанд.
Дар клиникаи инноватсионӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст, офталмология, нейроҷарроҳӣ, ортопедия, ҷарроҳии пластикӣ, кардиология, лор, педиатрия, реабилитатсия, физиотерапия барин беш аз 15 ихтисоси ташхисгузориву табобат ба роҳ монда шудааст. Лабораторияи замонавӣ бо диагностика таъмин карда шудааст.
Дар ошёнаи якум беморон аз ташхис гузаронда шуда, маслиҳати мутахассисонро мегиранд. Беморони аз вилоятҳо ва мамлакатҳои ҳамсоя омада метавонанд, дар  хоб карда, табобат гиранд.Дар ӯтоқи биоидоракунии компутерӣ беморонро бе доруворӣ табобат намуда, беморони нуқсони руҳӣ ва нутқӣ доштаро ба ҳаёти солим гардондан мумкин.
Дар ин ҷо бино бар технологияи «Topcon», реабилитатсияи нейрофизиологӣ, биоидоракунии компутерӣ усулҳои беназири ташхис ва табобат ва ҳолати патологии чашм, мисли ОКТ-ангиография ба кор бурда шуда, барои гузарондани ҷарроҳии микроинвазив аппарати «Constellation Vision System»  оварда шудааст. Ба ғайр аз ин, дар клиника бо ёрии артроскопи авлоди охирин амалиёти давоиву ташхисии кам инвазивӣ бурда мешавад. Хидматҳои амалиёти эндопротезонии буғумҳо, офияти маҷмӯи ҷароҳат ва ҷарроҳии беморҳо расонда мешавад.
Роҳбари давлатамон шароити клиникаи инноватсиониро аз назар гузаронда, бо шифокорон суҳбат орост. Таъкид кард, ки ба барвақт муайян ва табобат намудани бемориҳо ва сифати онҳо эътибор бояд дод.
Мо барои чӣ дар соҳаи тиб ба сектори хусусӣ шароит фароҳам меорем? То ки рақобат вуҷуд дошта бошад. Рақобат бошад, барои сифат саъю ҳаракат пайдо гардида, табобат ва хидматрасонӣ беҳтар мегардад,  гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ин гуна марказҳоро ба ғайр аз соҳаи офтолмология дар дигар соҳаҳои тиббиёт ташкил карда, дар вилоятҳо фаъолияти марказҳои тиббии нумӯъро бояд ба роҳ монд. Ҳамкории илмиву амалиро бо марказҳои пешқадами хориҷӣ васеъ гардонда, ба воситаи ба соҳаи тиббиёт ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва самарабахш табобат намудани касалиҳо эътибори алоҳида бояд дод, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар бораи лоиҳаи ташкил кардани маркази таълимиву нумӯъ оид ба микроҷарроҳии чашм маълумот дода шуд. Дар маркази мазкур услуби инноватсионии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур ҷорӣ карда хоҳад шуд.  
Сарвари давлатамон лоиҳаи мазкурро маъқул дониста, зарурати созмон додани чунин марказҳои нумӯъро бино бар самтҳои дигари тиб ва дар минтақаҳои дигари мамлакат таъкид намуд.
Президент бо иқтидорҳои истеҳсолии ҳудуди корхонаи муштараки «Steel property construction» шинос шуд. Дар ин ҷо дар пойгоҳи биноҳои холии заводи собиқ авиатсионии ноҳияи Яшнобод як қатор корхонаҳо фаъолият нишон медиҳанд. Дар ҳудуди қариб 20 гектар майдон  истеҳсоли маҳсулоти серхаридор, аз ҷумла сангҳои хоро, таҷҳизот барои гармхонаҳо, конструксияҳои метал, дарҳо, қубурҳо, радиаторҳои оҳании гамкунӣ, сендвич-панелҳо ба роҳ монда шудааст.
Масалан, корхонаи «Dacros» барои тайёр намудани дарҳои оҳанин аз рӯи технологияҳои Аврупо махсусонида шудааст. Дарҳо ба хонаҳои намунавӣ ва даромадгоҳҳои манзилҳои бисёрхонагӣ насб карда мешаванд. 
Дар боз як бино истеҳсоли конструксияҳои металлии гуногунҳаҷм бино бар технологияи Нидерландия ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо баробари соле 24 ҳазор тонна конструксияҳои металлӣ сендвич-панел, сангпора, панҷараҳои роҳ, радиаторҳои гармкунӣ истеҳсол карда мешаванд. Ба ғайр аз бозори дохилӣ мамлакатҳои ҳамсоя бозори асосии маҳсулот ба ҳисоб мераванд. 
Дар корхонаи «Midas agrotech» барои маҷмӯъҳои гармхона конструксияҳо, аз он ҷумла, тӯрҳои соякунӣ, қуттиҳои пластикӣ, плёнкаҳои полиэтиленӣ ва ғайраҳо тайёр карда мешаванд.
Корхонаи «Бектемир металл конструксиялари» панҷараҳои роҳ, симчӯбҳои равшанкунӣ, конструксияҳои сохтмонӣ ва қубурҳои электропайвандшуда тайёр мекунад.
Сарвари давлатамон ҷараёни истеҳсолии сехи мазкурро аз назар гузаронда, ба намунаҳои маҳсулот, сифат ва бозори онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Корҳои аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бинокор»-и ноҳияи Бектемир амалишуда  намоиш дода шуд.
Президентамон хонаҳоеро, ки ба сифати намуна аз панелҳои оҳану бетонии корхонаи мазкур сохта шудаанд, аз назар гузаронд. Таъкид кард, ки барои дар муддати кутоҳ бунёд намудани манзилҳои бисёрошёна, бо хонаву ҷой таъмин намудани аҳолӣ ин гуна корхонаҳо зарур мебошанд. Оид ба афзун гардондани корхонаҳои ба ин самт ихтисосонидашуда ва тайёр кардани кадрҳо супоришот дод.
Дар ин ҷо доир ба ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳри Тошканд, ташкил кардани корхонаҳои нав маросими тақдимоти лоиҳаҳо гузаронад шуд. 
Дар ҳамин ҷо тақдимоти лоиҳаҳо доир ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба шаҳри Тошканд, ташкили корхонаҳои нав ба вуқӯъ пайваст. Соли 2019 ба пойтахт қариб 2,7 миллиард доллар ҷалб намудани сармояи бевосита ба нақша гирифта шудааст. Ба ин маблағ 227 лоиҳа ба амал татбиқ гардида, беш аз 28 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Дар натиҷа инкишофи баъдинаи нишондодҳо дар саноат, сохтмон, хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо таъмин хоҳад гардид, воридоти андоз ба буҷа зиёд мегардад.
Дар пойгоҳи Бонки миллии фаъолияти берунии иқтисодӣ, бонкҳои «Асака» ва «Sanoat qurilish bank» ташкил намудани марказҳои сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо хидмати умумӣ ба соҳибкорон ва сармоягузорон расонда мешавад.
Ташкил намудани истеҳсоли карточкаҳои пластикӣ,  ID-карт ва чипҳо дар корхонаҳое, ки якҷоя бо ширкати немисии «Veridos» ташкил мегардад, маҳсулоти никел аз ҷониби корхонаи «Best stainless stell Co.ltd», сохтмони клиникаи бисёрҷанба, маркази логистикии ширкати «Real House» ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбари давлат ба шахсони масъул дар бобати таъмини замонат барои сармоягузорон, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротбоб, дар пойтахт ба вуҷуд овардани муҳити муносиби сармоягузорӣ супоришҳо дод.
Раҳбари давлатамон бо рафти сохтмони манзилҳои бисёрхонагии кӯчаи Боғистони ноҳияи Чилонзор шинос шуд. Дар ин ҷо солди оянда сохтан ва ба истифода супурдани 23 манзили нӯҳошёна ба нақша гирифта шудааст.
Ба касе пӯшида нест, ки  дар мамлакатамон сохтмони манзилҳо боздошт шуда буд. Ҳамагӣ се-чор сол пеш дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо, деҳаҳои дурдаст ба оғоз ёфтани сохтмони хонаҳое, ки барои хариди онҳо аҳолии оддӣ ҳам имкон дошта бошад, касе бовар намекард.
Аз рӯзҳои аввали ба вазифаи президентӣ шурӯъ намудан Шавкат Мирзиёев ба ҳалли мушкилоти ҳаётии дардовар ва муҳим камари ҳиммат баст.
Аз соли 2017-ум бори аввал сохтмони манзилҳои серошёнаи арзон, дорои тамоми қулаиҳо оғоз ёфт. Худи ҳамин сол беш аз 800 ҳазор метри мураббаъ чунин манзилҳо ба баҳрабардорӣ супурда шуданд. Барои қонеъ гардондани талаботи ба манзилҳои арзон доштаи аҳолӣ соли ҷорӣ танҳо дар деҳот беш аз се ҳазор ё ки нисбат ба соли гузашта 2 баробар зиёд манзилҳои замонавӣ сохта шуданд. Ҷараёни мазкур пайваста идома дорад.
Манзилҳои бисёрошёнаи сохтмонаш дар Боғистон оғозёфта низ бо мақсадҳои нек бунёд мегарданд. Хонаҳои мазкур дар асоси андозаҳои замонавии сохтмони ба тинати миллиамон хос қад меафрозанд.
Биноҳои мазкури истиқоматӣ бо зилзилабардоштӣ, доштани қулаиҳои иловагӣ ба ногироҳо ҷудо шуда меистанд. Дар ҳавлии хонаҳои бисёрошёна майдончаҳои бачаҳо, истгоҳҳои нақлиёти автомобилӣ, маркази савдо ҷой мегиранд. 
Президентамон таъкид кард, ки хонаҳои нав бояд ба яке аз манзилҳои намунавии зисти пойтахтамон табдил ёбад.
Дар ин ҷо лоиҳаҳо оид ба рушди шабакаҳои коммуналӣ, мукаммал таъмир намудани каналҳо ва ободонии ҳудудҳои ҳамшафати шаҳри Тошканд намоиш дода шуд. Дар соли 2019 таъмир ва ободонии каналҳои Салар, Дамаши, Қорасув, Бектемир, Бозсу, Бурдиҷар ба нақша гирифта шудааст.
Президентамон оид ба озодаву обод нигоҳ доштани атрофи каналҳои пойтахт, ташкил намудани ҳудудҳои бехавфи фароғати одамон, оббозии бачаҳо супоришот дод.
Имрӯз дар ноҳияи Сергелии пойтахт кранҳои сохтмонӣ он қадар зиёд аст, ки онҳо дарахтзорро монда, аз миқёс ва суръати баланди корҳои бунёдкорӣ далолат медиҳанд.
Аз ҷумла, дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чоштеппа»  ҷамъ 66 манзили бисёрошёнаи иборат аз 3 ҳазору 696 хонадон сохта мешаванд.
Сарвари давлатамон моҳи июли соли ҷорӣ ба ин ҷо ташриф оварда, бо ҷараёни сохтмон шинос шуда, ба мустаҳкаму пухта сохта шудани хонаҳо, дар сохтмони онҳо истифода бурдан аз технологияҳои замонавӣ, нав ва самарабахш эътибори алоҳида дода, ба мутасаддиён бобати сари вақт ва хушсифат ба анҷом расондани корҳои бунёдкорӣ супоришот дода буд. Ҳамагӣ дар тӯли панҷ моҳ дар ин мавзеи бузург пайдо шуд. Сохтмони 21 манзили 1 176 хонадор ба охир расонда шуд.Бунёди хонаҳои боқимона идома доранд.
Деворҳои берунии манзилҳо, ки дар асоси технологияҳои ииноватсионии Туркия сохта шудааст, бо масолеҳи энергиясарфакунанда пӯшонда шудааст, ки тобистону зимистон ҳарорати мутадилро нигоҳ медорад.
Президент бо корҳое, ки дар ин ҷо анҷом ёфтаанд, шинос гардид. Таъкид кард, ки дар соҳаи сохтмон низоми нав ба вуҷуд оварда шудааст, ки дар баробари аҳолиро бо манзил таъмин намудан, бисёр ҷойи корӣ ба вуҷуд меорад.
Дар мавзеъ гузари маҳалла сохта шудааст, ки дар он барои раиси маҳалла ва мушовирони вай, мушорикати соҳибони хусусии иморатҳо, инспектори профилактика, китобхона кабинетҳо мавҷуд аст.
Шавкат Мирзиёев боз аз як мавзеи дигар боздид ба амал овард, ки дар ҳудуди ноҳия сохта мешавад. Дар ин ҷо низ иморатҳои бисёрошёна сохта мешаванд.
Роҳбари давлат ба эҳёи арзишҳои милливу динӣ, ташвиқи саҳми бузурги гузаштагонамон ба рушди ислом эътибори алоҳида медиҳад.
Яке аз ташаббусҳо дар ин ҷанба - қабули резолютсияи «Маърифат ва таҳаммули динӣ» дар ҷамъомади умумии Ассамблеяи генералии СММ 12 декабр бо дастгирии тамоми мамлакатҳо аст. Ин рӯйдоди таърихӣ боз як далели навбатии эътирофи байналхалқии ислоҳоти ҷории маънавиву маърифатӣ, таҷрибаи ғании таърихии мамлакатамон дар ин масъала ба шумор меравад.
Давоми неки ин кор бунёд гардидани Маркази тамаддуни исломӣ бо ташаббуси роҳбари давлат дар Тошканд ба ҳисоб меравад.
Шавкат Мирзиёев 15 июни соли ҷорӣ аз маҳалли сохтмони марказ боздид ба амал овард ва хишти рамзии таҳкурсии онро гузошт. Ҳоли ҳозир девори бино қад афрохта, корҳои сохтмон фаъолона пеш бурда мешавад.
Бинои сеошёнаи марказ дар усули меъморие бунёд хоҳад гардид, ки ба мадрасаҳои қадимӣ хос аст. Дар маркази бинои симметрӣ Қуръони усмонӣ ҷой хоҳад гирифт. Дар ошёнаи дуюм китобхона, маҷлисгоҳ ва намоишгоҳ ҷой хоҳанд гирифт. Дар ошёнаи сеюм маркази ахбору захира, кафедраҳои илмӣ ва ғайра ҷой мегиранд.
Президент бо ҷараёни сохтмон шинос гардид. Таъкид кард, ки дар намоишгоҳ экспозитсияҳои алоҳида, ки аз рӯи давраҳои таърихи Ӯзбекистон тақсим гаштаанд ва шомили манбаъ ва ашёҳо аз рӯи ҳар як аср ва ҳар як олим мебошанд, бояд вуҷуд дошта  бошанд.
Барои ҳар кас гузаштаи худ қадр дорад. Аммо чунин таърихи ғанӣ мисли таърихи мамлакати мо, чунин олимони бузург чун гузаштагони мо дар ҳеҷ ҷо вуҷуд надорад. Мо бояд ин меросро амиқ омӯхта, онро барои халқ ва ҷаҳон маълум намоем. Ба он бояд муваффақ гардид, ки ҳар каси аз марказ боздидкунанда дар бораи таърихи мо тасаввуроти комил гирифта, аз лиҳози маънавӣ ғанӣ гардад, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат дар заминаи такмили ороиш ва муҷаҳҳазсозии марказ маслиҳатҳо дод.
Худи ҳамин рӯз сессияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Тошканд баргузор гардид.
Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард.
Таъкид шуд, ки соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар Тошканд ба 5 фоиз афзуда, интизорӣ меравад, ки дар соли ҷорӣ ин рақам 8,1 фоизро ташкил хоҳад кард. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 9,2 фоиз, корҳои сохтмон - 11,6 фоиз, хидматрасонӣ - 10,5 фоиз меафзояд. Ин яке аз нишондодҳои баланди мамлакат ба ҳисоб меравад.
Президент ба самтҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии Тошканд ишора намуд. Ногузирии таҳияи стратегияи ба маркази бузурги тиҷоратӣ ва молиявӣ табдил додани шаҳрро таъкид кард.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ шаҳрҳое бо суръати баланд инкишоф меёбанд, ки ба иқтисодиёт фаъолона сармоя ҷалб менамоянд ва барои тиҷорат шароити муносиб ба вуҷуд меоранд. Мо бояд Тошкандро ба маркази бузурги байналхалқӣ табдил диҳем, ки дар он маҳсулоти баландтехнологӣ истеҳсол гардида, хидматҳои замонавии бонку молия ва суғуртаву дигар намудҳои он расонда шуда, молики минтақаҳои саноатии берун аз шаҳр ва минтақаҳои инноватсионии дохили шаҳр бошад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вазифаҳои минбаъдаи муҳими инкишофи соҳаи иҷтимоӣ, сохтмон ва шабакаҳои коммуналӣ, ба вуҷуд овардани қулаиҳои ҳарчи бештар барои сокинон ва сайёҳон муайян гардиданд.
Дар сессия масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Бо пешниҳоди Президент Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи муваққатии вазифаи ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Артиқхоҷаев ба вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд тасдиқ гардид.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки ҳоким ва муовинони ӯ, ҳамаи фаъолони шаҳр тамоми қувваро сафарбар менамоянд ва тамоми имконотро барои иҷрои вазифаҳои гузоштаи Президент доир ба рушди босуръати пойтахт истифода менамоянд.
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: