ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ – ОДАМИ СОЛИ ОСИЁ

Ассотсиатсияи журналистони Осиё (AJA), ки қароргоҳи он дар Сеул ҷойгир шудааст, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро одами соли 2018 номид.

Роҳбари мамлакати мо дар номинатсияи «сиёсат» пирӯз шинохта шудааст. Намояндагони ассотсиатсия зикр карданд, ки аз замони ба вазифаи Президенти Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2016 шурӯъ намудан зери роҳбарии Шавкат Мирзиёев натиҷаҳои баланд дар ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсати шаффоф, озод намудани маҳбусони сиёсӣ ба даст омадааст. Тавре ки «The Korea Times» хабар медиҳад, пешвои Ӯзбекистон ба кори истиқрори сулҳ дар Осиёи Марказӣ аз тариқи ҳамкории фаъолона бо мамлакатҳои ҳамсоя саҳми бузург гузошт.
Дар номинатсияҳои дигар раиси ифтихории «LG Group» Ку Бон Му, ҷарроҳи машҳури қалб аз Миср Магдӣ Ҳабиб Яъқуб, мураббии ҷамоаи миллии Ветнам оид ба футбол Пак Хан Со зикр гаштаанд.
Тавре ки AJA хабар медиҳад, номҳои ғолибон аз ҷониби доварони махсус пас аз тавсияҳо ва баҳогузории аъзои ассотсиатсия ва намояндагони мамлакатҳои гуногун маълум карда шудааст. Маросими мукофотсупорӣ зимни ассамблеяи генералии ассотсиатсия баҳори соли 2019 баргузор мегардад.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: