БА КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Деҳқонон ва фермерони муҳтарам!
Иҷозат диҳед шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми Ӯзбекистонро ба Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ аз таҳти дил муборакбод намоям.
Халқи мо, ки ҳар рӯз бо миннатдорӣ аз натиҷаи меҳнати фидокоронаи шумо, фермерони азиз, истифода мебарад, хуб медонад, ки мавсими имсолаи кишоварзӣ чи гуна мушкил омад. Воқеан, хушксолии қатъӣ, селборонҳои ногаҳонӣ ва шамолҳои баҳорӣ, гармову норасоии об барои обёрии тобистона, хунукиҳои аввали тирамоҳ, ҳамчунин ҳашорати зараррасон ва касалиҳои гуногуни рустаниҳо барои ходимони хоҷагии қишлоқи мамлакат имтиҳони ҷиддӣ гардиданд. 
Бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо шумо тавонистед 6 миллиону 124 ҳазор тонна ғалла, 2 миллиону 300 ҳазор тонна пахта, 8 миллиону 661 ҳазор тонна сабзавот, 2 миллиону 411 ҳазор тонна картошка, 1 миллиону 607 ҳазор тонна зироати полизӣ, тақрибан 2 миллиону 100 ҳазор тонна мева, 1 миллиону 314 ҳазор тонна ангур, 18 ҳазор тонна пилла, 1 миллиону 789 ҳазор тонна гӯшт, 7 миллиону 830 ҳазор тонна шир ҷамъоварӣ ва тайёр кунед. Умуман дар ин як сол туфайли меҳнати муттасил ба маблағи 58 триллиону 181 миллиард сӯм маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд.
Дар ин рӯзи хотирмоне, ки мавсим анҷом ёфта, натиҷаҳои сол ҷамъбаст мегарданд, ман аз номи халқамон ва шахсан аз номи худ ба тамоми меҳнаткашони деҳот барои меҳнати неку хастанопазирашон аз таҳти дил миннатдории бузург изҳор менамоям.
Дӯстони азиз!
Ба ҳамаи шумо хуб маълум аст, ки тӯли ду соли охир чун дар тамоми соҳаҳои дигар, дар хоҷагии қишлоқи мамлакат низ барномаҳои муҳим, «харитаҳои амалиёт» мустақимона татбиқ мегарданд. Бояд қайд кард, ки бо мақсади баҳои сазовор додан ва ҳавасманд гардонидани меҳнати деҳқонон тартиби пардохт ҳангоми хариди пахта ва ғалла барои эҳтиёҷоти давлат тағйир дода шуд, бори аввал фермерон имкон пайдо карданд ба маблағҳои худ ихтиёрдорӣ кунанд.
Дар мавсими имсола барои хоҷагиҳои фермерии ғаллапарвар ҷудо кардани вомҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 1 триллиону 33 миллиард сӯм тасдиқи равшани ин гуфтаҳост, ки нисбат ба соли гузашта 145 фоиз зиёд мебошад, ба хоҷагиҳои пахтакорӣ 5 триллону 138 миллиард сӯм ё худ нисбат ба соли гузашта 2, 4 баробар бештар маблағ ҷудо карда шуд.
Дар соҳаи аграрӣ ҷорӣ намудани механизмҳои бозаргонӣ, низоми кластерӣ, рушди ҳарчи бештари самтҳои муҳим, аз ҷумла ташкил намудани гармхонаҳои замонавӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, паррандапарварӣ, асппарварӣ, парвариши ширинбия, заъфарон, қаланфури тунд, сир, ҳамчунин вусъат додани таҷрибаи кишти дубораи тирамоҳии зироати сабзавот дар хоҷагиҳои назди ҳавлигӣ ба татбиқ шудани ислоҳоти амиқи сохторӣ мусоидат карданд. Ҳамаи ин хоҷагии қишлоқро барои сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба соҳаи беш аз пеш ҷолиб ва пешомаднок  табдил медиҳад.
Ҳоли ҳозир бинобар куллан тағйир додани симои деҳоти мо, обод кардани онҳо, барои ба деҳотиён фароҳам овардани шароитҳои замонавӣ корҳои азим амалӣ мешаванд. Чунончи, дар доираи барномаи сохтмони манзилҳои арзон барои деҳот соли равон 28 ҳазор хона сохта ба истифода супурда шуд. Миқдори аъзобадали аввалин барои хариди чунин хонаҳо аз 25 то ба 15 фоиз барои оилаҳои камтаъмин бошад, арзиши он то 10 фоиз коҳиш ёфт.
Соли равон дар чаҳорчӯбаи барномаи «Обод қишлоқ» дар 416 деҳаи 159 ноҳияи ҷумҳурӣ бинобар сохтмон ва ободонӣ корҳои бузург амалӣ гардиданд. Дар натиҷа тақрибан барои 2 миллион сокинони деҳот хонаҳо, кӯдакистон ва мактабҳо, муассисаҳои табобатӣ, иншооти маданиву варзишӣ бунёд шуданд, барои таъмин кардани аҳолӣ бо гази табиӣ, нирӯи барқ, оби ошомиданӣ шабакаҳо ва роҳҳои нав бунёд гардиданд, умуман барои деҳотиён шароитҳои мусоиди ҳаёт фароҳам оварда шуданд, ки бешубҳа, моро хурсанд ва бобати дар миқёси беш аз пеш васеъ идома додани чунин корҳо рағбатнок менамоянд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаамон медонем, ки ҳоло дар назди мо вазифаҳои фавқулодда муҳим истодаанд, ки ҳаллу фасли худро тақозо доранд. Пеш аз ҳама, бо назардошти таҷрибаи мавсими имсола бояд кори мустақим бобати кам кардани заминҳои каммаҳсул барои кишти пахта ва ғалладона идома дода шавад.
Мо бояд дар майдонҳои озодшуда кишти зироати содиротиро, ки ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам дар бозорҳои хориҷӣ талаботи зиёд доранд, вусъат диҳем. Ба тарзи дигар гӯем, бояд тахассуси ҳар кадом хоҷагӣ ва ноҳия дақиқ муайян карда, самарнокии хоҷагиҳои бисёрсоҳаи фермерӣ афзун гардонда шавад.
Кашфи навъҳои устувор, зудрас, баландҳосили зироати кишоварзӣ, беҳтар намудани наслпарварӣ ва тухмипарварӣ, истифодаи эҳтиёткорна ва сарфакоронаи сарвати аз ҳама муҳими мо – захираҳои об ва замин бояд дар маркази эътибори мо бошанд.
Пешбинӣ шудааст, ки соли оянда барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда аз Буҷаи давлатӣ тақрибан 1,7 триллион сӯм, аз ҷумла 84 миллион доллар маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ  ҷалб карда мешаванд.
Ғайр аз ин, аз ҳисоби вусъат додани шабакаи обанборҳо ба аз худ намудани заминҳои лалмӣ эътибори махсус дода мешавад. 
Барои ин дар вилояти Тошканд обанборҳои «Паркентсой», «Қизилсой» ва «Тоштепа», дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах обанбори «Қараман», дар вилояти Қашқадарё обанборҳои «Гулдара» ва «Аякчисой», дар вилояти Самарқанд ҳавзи «Булунғур» бо гунҷоиши умумиашон 45 миллион метри мукааб сохта мешаванд.
Дар ду соли минбаъда 1 миллиону 200 ҳазор гектар замин бо обёрии мунтазам таъмин карда шуда, соле 1 миллиарду 700 миллион метри мукааб об сарфа мегардад, ҳолати мелиоративии 600 ҳазор гектар замин беҳтар мешавад. 
Такмил додани низоми тайёркунии кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва миёна барои хоҷагии қишлоқ, ки соҳиби донишҳои пешқадам ва тахассуси олӣ мебошанд, барои мо вазифаи муҳимтарин аст. Ҳоло худи замон тақозо менамояд, ки ба таъсис додани факултаҳои муштарак бо мактабҳои олии пешқадами хориҷӣ, омӯзондани мутахассисони ҷавони соҳаи аграрӣ бо дастгирии бунёди навтаъсиси «Эл-юрт умиди» дар кишварҳои инкишофёфтаи хориҷӣ эътибори махсус дода шавад.
Соли оянда пешбинӣ шудааст, ки як қатор лоиҳаҳои сармоявии арзиши умумиашон 1 миллиарду 870 миллион доллари ИМА татбиқ гарданд, ки шаҳодати ҳаҷми зиёди корҳои пешистода ва масъулиятнок мебошад.
Муътақидам, ки фермерони дар санҷишҳои душвори ҳаёт обутоб ёфтаву фидокори мо, тамоми ходимони хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон кулли донишу таҷриба, нирӯву иқтидор, ҳамаи имкониятҳои худро барои иҷрои вазифаҳои муҳимтарине, ки дар назди мо истодаанд, аз ҷумла  зиёд кардани ҳаҷм, сифат ва номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат сафарбар менамоянд.
Дӯстони азиз, ҳамватанон!
Бори дигар шуморо бо Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Ба ҳамаи шумо саломатии мустаҳкам, дар кори душвор ва некатон комёбиҳои нав, ба хонадонатон осудагӣ, файзу барака орзу мекунам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: