Барномаи «Деҳаи обод»–дар амал

Аз бунёдкориҳо аҳолӣ мамнун

Охири солҳои 50-уми асри гузашта барои аз нав бунёд кардани Мирзочӯл одамон аз ҷумҳуриҳои бародар ва ҳамсоя омада, ба мардуми таҳҷоӣ кӯмак расонданд. Дертар дар ин ҷо монда, бо ҷамоаи ин мавзеъ ҳамчун бародару додар, бо риштаҳои қудову андагӣ ба ҳам пайвастанд.
Имрӯз дар ноҳияи Мирзочӯл зиёда аз 70 миллат аҳлу тифоқ барои фаровонӣ ва рушду равнақи мамлакат хидмат мекунад. Маркази ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах–шаҳри Гагарин дар тӯли соли охир қиёфаи нави замонавиро гирифт, ки бо як ё ду сухан ифода кардани он имконнопазир аст.
Мардуме, ки солҳои охир қариб ба ҳолати валангори шаҳр ва кайфияти рӯҳафтодаи атрофиён одат карда буд, аз зебоии гирду атроф дилашон баҳра мебардорад.
Тағйиротҳо суханони роҳбари давлат– «Халқамон дигаргуниҳои эҷобиро дар ҳаёти худ фардо ё дар ояндаи дур не, балки имрӯз бояд бинад»-ро ба хотир меорад, ки ҳамчун ба нирӯи пуриқтидори ҳаракатдиҳандаи ислоҳоте, ки дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоии мамлакатамон амалӣ мешаванд, табдил ёфт.
Барои 200 ҳазор нафар аҳолие, ки дар шароити вазнин, дар биноҳои муваққатии солҳои 1960-ум  умр ба сар мебурданд, дар асоси лоиҳаи намунавӣ 233 хонаи 2-3 ҳуҷрадори 4 сотихӣ, 94 хонаи 2-3 ҳуҷрадори бисёрқабата дар муддати кӯтоҳ сохта шуд.
Бинои дуқабатаи валангори бунгоҳи пахтақабулкунӣ пурра аз таъмир бароварда, бо мебели замонавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, ба ногироҳо супурда шуд.
Ду варзишгоҳи болопӯши сунъӣ, 38 майдончаи бачагона, сехи замонавии истеҳсоли маҳсулоти нон, 3 дукони хурд, зиёда аз 50 объекти хидматрасониву истеҳсолӣ ва дар асоси лоиҳаи замонавӣ бинои «Агробанк» сохта, ба истифода супурда шуд.
То ҳол яке аз муаммои имконнопазир бо оби ошомиданӣ ва гази табиӣ таъмин намудани аҳолии ин мавзеъ буд. Ин муаммо низ дар муддати кӯтоҳ ҳаллу фасли худро ёфт.
Ба 5 чоҳи артезианӣ насоси нав нишонда, 5-тоаш пурра аз таъмир бароварда шуд. Дар 77 километр қубури об, дар 15 километр қубури газ хобонда шуд. 
Дар натиҷаи қад афрохтани бинои нави Қабулхонаи халқии Президент, Маркази хидмати давлатӣ ва Маркази санитариву эпидемиологӣ ба инфрасохтори шаҳр тағйироти куллӣ дохил намуд.
Офарида шудани шароити хуб ба хонандагон ба сифати хуби таълим мусоидат мекунад. Дар барномаҳои номбаршуда ба ин масъала низ эътибори алоҳида дода мешавад. Бино бар дар асоси барнома 3-то мактаби таълими умумӣ ва 7-то муассисаи таълими томактабӣ тармиму таҷдид гардида, 1-то боғчаи хусусиву давлатӣ дар асоси шарикӣ бунёд шуд.
Баъзе аз мирзочӯлиён бо сабаби тақозои хидмат, муносибати хешу таборӣ ва шароити оилавӣ берун аз кишвар истиқомат мекарданд, аммо робитаҳои дӯстонаи онҳо бо сарзамине, ки дар он ҷо ба дунё омада, таълиму тарбия гирифтанд, ҳоло низ мавҷуд аст. Аз навгониҳое, ки моҳҳои охир дар ин маскан рух дод, бо воситаи ахбори оммавӣ, интернет, ё аз хешу ақрабо шунида, якчанд нафар аз онҳо ба мақсади дидорбинӣ ва аз наздик шинос шудан бо манзилҳои нав ба ин ҷо омаданд.
Онҳо аз тағйироти куллие, ки дар муддати кӯтоҳ ба вуқӯъ омад, ба хусус кӯчаҳои ободу чароғон, биноҳои бо сохти замонавӣ қадафрохта дидан карда, ҳайрату эҳсоси худро пинҳон дошта натавонистанд...
Мувофиқи Барномаи «Деҳаи обод» масъалаи баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва саноатии ҳудудҳо, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ вазифаи муҳими рӯз ба шумор меравад. Аҳолиро бо шуғл таъмин нанамуда, ба фаровонии ҳаёт ноил гаштан имконнопазир аст. Бино бар ин, «Маҷмӯи дӯзандагии Мирзочӯл» ва шуъбаҳои он дар ноҳияи Арнасой, Пахтакор, Дӯстлик ва Зафаробод кушода шуд. Дар маҷмӯъ пӯшокҳои махсус, рахти хоб, кӯрпаву болинҳои ба талаби замон ҷавобгӯ истеҳсол мешавад. Ба ин ҷо ниёзмандон ва шахсони ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷ ба кор ҷалб карда шудаанд, ки ин амали нек ба эътирофи онҳо сазовор гардидааст.
Дар соли сипаришаванда муаммоҳое, ки чандин даҳсолаҳо ба ҳаёти фаровони мирзочӯлиён монеъ мешуданд, ҳаллу фасли худро ёфт. Барои мардуме, ки соли навро дар хонаҳои нав пешвоз мегиранд, соли сипаришаванда фаромӯшнопазир хоҳад монд. 
Ҳоло вақти он расидааст, ки корҳои дар давоми сол иҷрошуда сарҳисоб мешаванд, дар сартосари кишварамон бошад, корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ давом дорад...

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: