Сарзамини босаховати Қашқадарё дар арафаи дигаргуниҳои бузург

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, корҳои ҷории бунёдкорӣ, лоиҳаҳои бузург дар маҳалҳо, барои мулоқот бо мардум 13-14 декабр аз вилояти Қашқадарё боздид ба амал овард.

Роҳбари давлат сафари худро аз боздиди корхонаи «Uzbekistan GTL», ки дар ноҳияи Ғузор бунёд мегардад, оғоз намуд. 
То ба қарибӣ ин ҷо биёбони холӣ буд. Лоиҳаи сохтмони корхона тӯл мекашид. 
Шавкат Мирзиёев тамоми масъалаҳои вобаста ба ин лоиҳаро ҳаллу фасл кард. Бо қарори роҳбари давлат аз 29 декабри соли 2016 чораҳои иловагӣ бинобар лоиҳаи сармоявии «Ба роҳ мондани истеҳсоли сӯзишвори моеи синтетикӣ дар пойгоҳи метани тозакардашудаи Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан» муайян шуданд. 
Дар ҷараёни сафар ба вилояти Қашқадарё моҳи феврали соли 2017 Президент аз ҷойи сохтмони корхона боздид ба амал овард ва масъалаҳои вобаста ба бо маблағ таъминкунӣ, бо технологияҳои хориҷӣ, муҷаҳҳазсозӣ бо бинокорон ва кадрҳо таъмин кардани онро амиқ таҳлил намд. 
Дар тӯли солҳои сипаришуда бисёр чиз тағйир ёфт. Алҳол дар майдони зиёда аз 135 гектари ин ҷо корҳо фаъолона давом доранд. Аллакай пойдевор гузошта, эстакадаҳо бардошта шуданд. Кранҳои бузурги маноравӣ устувор карда, ҷамъоварии тарроҳиҳои мураккаб оғоз ёфтанд. «Қалб»-и корхона – реактори «Фишер-Тропш» монтаж карда мешавад. 
Корхона бинобар технологияҳои рухсатномадодагон – ширкатҳои бузурги ҷаҳон «Sasol» (ҶАҶ), «Haldor Topsoe» (Дания) ва «Chevron» (ИМА) бунёд мегардад. Корҳои сохтмон аз ҷониби пудратчиёни асосӣ – ширкатҳои  «Hyundai Engineering Co. Ltd.» ва «Hyundai Engineering and Conctruction Co., Ltd» Куриёи Ҷанубӣ, «Enter Engineering Pte. Ltd.»-и Сингапур амалӣ мешаванд. Қисми зиёди бинокорон ва пайвандгарон ҷавонони маҳаллӣ мебошанд. 
Таҷҳизоти технологии барои маҷмӯъ зарурӣ – беш аз 11 ҳазор адад – дар 126 заводи 21 мамлакат, аз ҷумла кишварҳои Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Олмон, Италиё, Чин, Русия тайёр карда мешаванд. 
Миқёси лоиҳа касро моту мабҳут мекунад. Ҷараёни аз гази табиӣ ҳосил кардани сӯзишвории моеи синтетикӣ (GTL) кори нодир ва мушкил буда, технологияҳои олӣ ва қарорҳои мураккаби илмиро тақозо менамояд. Алҳол дар ҷаҳон панҷ адад чунин корхона мавҷуд буда, заводи Шӯртан корхонаи шашум хоҳад шуд. 
Арзиши умумии ин лоиҳаи бузургмиқёс 3,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Баъди бунёди он коркарди амиқи 3,6 миллиард метри мукааб газ, соле истеҳсоли 1,5 миллион тонна сӯзишвории моеи синтетикии ҷавобгӯйи меъёрҳои «Евро-5», аз ҷумла 311 ҳазор тонна керосини авиатсионӣ, 743 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 431 ҳазор тонна нафт ва 53 ҳазор тонна гази моеъ ба роҳ монда хоҳад шуд. 
Моҳияти муҳими корхона барои иқтисодиёти мамлакат аз ҳамин иборат аст, яъне гази табиӣ на ҳамчун ашёи хом, балки дар шакли маҳсулоти тайёри дорои арзиши иловагӣ фурӯхта мешавад. Чунончи, агар ҳоло нархи содиротии 1000 метри мукааб ба ҳисоби миёна 155 доллар бошад, корхонаи оянда дар пояи коркарди чунин ҳаҷми газ маҳсулотро ба арзиши 300 доллар кор карда метавонад. Умуман соле метавон аз истеҳсоли GTL нисбат аз фурӯши оддии гази табиӣ ба маблағи беш аз 576 миллион доллар даромад гирифт. 
Боз як ҷиҳати муҳим – соле зиёда аз 1 миллиард доллар асъор сарфа мегардад, ки метавон барои аз хориҷа харид кардани нафт сафарбар кард. Баъди ба кор сар кардани завод беш аз 1300 нафар бо кор таъмин мешаванд. 
Президент бо ҷараёни сохтмони маҷмӯъ ошно шуд, бо вакилони пудратчӣ ва сармоягузорон суҳбат кард. 
Мо тамоми ҷиҳатҳоро ҳамаҷониба андешида қарор додем, ки лоиҳаи дорои аҳамияти таърихиро оид ба истеҳсоли сӯзишвории моеи синтетикӣ, ки метавонад воридотро дар ҳаҷми 1 миллиард доллар иваз намояд, татбиқ намоем. Ин сохтмон барои эътидоли иқтисодиёти Ӯзбекистон хеле муҳим мебошад. То ба наздикӣ дар номгӯйи соҳаҳо чунин намуди маҳсулот ҷой надошт. Баъд аз он ки истеҳсоли сӯзишворӣ оғоз меёбад ва арзиши бензин кам мегардад, мардум онро ҳатман эҳсос мекунанд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки бояд бо ҳамаҷониба истифода бурдани мутахассисон , техника ва захираҳо, дақиқ муайян намудани корҳои бинокориву монтажӣ фурсати ба кор супурдани корхона  тезонида шавад, ҳарчӣ зудтар истеҳсоли маҳсулот оғоз ёбад. Супориш дод, ки бобати тезондани вақти ба истифода супурдани корхона пешниҳодҳо андешида шаванд. 
Ҷойи корхона, ки ба Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан наздик мебошад, аз инфрасохтор муштаракона истифода бурдани онҳоро осон мекунад.
Дар ин ҷо боз як лоиҳа татбиқ мегардад, ки аз 125 то 505 ҳазор тонна зиёд кардани иқтидори Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан нигаронида шудааст. Пешбинӣ мегардад, ки маҷмӯъ маҳсулоти истеҳсоли корхонаи GTL-ро коркард мекунад ва хелҳои нави маҳсулоти полиэтиленӣ ва полипропиленӣ истеҳсол менамояд.
Дар натиҷаи он дар ин ҷо аввалин кластери нафту гази мамлакат ташкил меёбад. Минбаъд он ба рушди соҳаҳои кимиё, автомобилсозӣ, дорусозӣ, саноати бофандагӣ, сайёҳӣ ва ғайра такон хоҳад дод. 
Президент Шавкат Мирзиёев чормағзор ва бодомзореро, ки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Sag agro Yakkabog» дар ноҳияи Яккабоғ бунёд кардааст, тамошо кард. 
Барои иҷрои қарори роҳбари давлат «Дар бораи ташкил кардан ва ба роҳ мондани фаъолияти Иттиҳодияи истеҳсолгарон ва содиргарони чормағзи юнонӣ» аз 1 июни соли 2017, ҳамчунин супоришҳои ӯ дар ҷараёни сафараш ба вилояти Қашқадарё, ки моҳи январи соли равон ба амал омада буд, дар ҳудуди ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Sag agro Yakkabog» ба маблағи 25 миллиард сӯм дар майдони умумии 1140 гектар бунёд кардани чормағззор ва бодомзор пешбинӣ гардида буд. Алҳол дар 700 гектар замин ниҳоли дарахтони чормағз, аз ҷумла навъҳои «chendler», «cisco» ва бодоми навъҳои «avijor», «guara» нишонда шуданд. Соли оянда боз 440 гектар замин аз худ карда мешавад. Чормағззор баъд аз 4 сол, бодомзор бошад, пас аз 3 сол ҳосил хоҳанд дод.
Баъди анҷоми пурраи корҳо ин боғҳо соле тақрибан 7 ҳазор тонна маҳсулот медиҳанд, 500 нафар бо кор таъмин мешаванд. Ба содирот баровардани 60 фоизи ҳосил пешбинӣ шудааст.
Президент дар боғ ниҳоли чормағз нишонд. 
Роҳбари давлат ба шахсони масъул бобати фароҳам овардани шароитҳои дахлдори табииву иқлимӣ барои ҳосили баланди чормағззор, вусъат додани бозорҳои фурӯш, зиёд кардани ҳаҷми парвариши чормағзи юнонӣ дар минтақаҳо, барои агрономҳо ташкил кардани курсҳои махсус бинобар дуруст ба роҳ мондани чорабиниҳои агротехникӣ дар боғҳои чормағз супоришҳо дод. 
Дар Қашқадарё барои пешбурди хоҷагии қишлоқ имкониятҳои бузург мавҷуданд. Дар Яккабоғ заминҳои серҳосил, деҳқонони соҳибтаҷриба зиёданд. Истифодаи дуруст аз ҳамаи ин, бо вусъат додани боғпарварӣ метавонад мардумро ҳам бо маҳсулот ва ҳам бо кор таъмин намояд, қайд кард Шавкат Мирзиёев.
Зарурияти ташкил кардани гармхонаҳо ва расонда додани ниҳолҳои дарахтони мевадор барои қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ таъкид шуд.
Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳо бобати дар солҳои 2019-2020 ташкил кардани боғҳои писта, бодоми талх, чормағз ва ангит (облепиха) дар заминҳои захиравии ноҳияҳои вилояти Қашқадарё, инкишоф додани мурғи марҷонпарварӣ дар хоҷагии давлатии ҷангалпарварии ноҳияи Қамишӣ, барпо намудани пистазор дар хоҷагиҳои ҷангалпарварӣ ва фермерӣ, инкишоф додани қароқӯлпарварӣ, ангурпарварӣ, бунёд кардани боғҳои замонавии зудамал дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Nasaf agro impeks»-и ноҳии Китоб баргузор шуд.
Ба роҳбари давлат дар бораи  корҳое, ки дар вилоят бинобар рушди моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва чорвопарварӣ пешбинӣ шудаанд, маълумот пешкаш гардид. 
Президент бо гармхонаҳои замонавии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Азиз агро транс файз» дар ноҳияи Муборак шинос шуд. 
Соҳибкор Қобилҷон Ғуломов соли 2016 дар 2 гектар замине, ки аз шафати ҷамъияти саҳҳомии «Маркази гармиву электрии Муборак» ҷудо карда шуда буд, гармхона сохт. Дар солҳои 2017 ва 2018 майдони гармхона боз ба 7 гектар васеъ карда шуд.
Дар шароити дашт, дур аз манбаъҳои об ба даст овардани ҳосили фаровон кори осон нест. Вале соҳибкор тавонист ин мушкилотро ҳаллу фасл кунад, вай ҳавзҳои гунҷоишашон то 1000 тоннаро бунёд намуд, ки дар онҳо оби борон захира мешавад. Сабзавоти ӯ бо усусли қатравӣ обёрӣ  мешавад. Он чиз боиси қайд мебошад, ки гармхонаҳо бо оби гарме, ки аз маркази гармиву электрии Муборак мерасанд, муътадил нигоҳ дошта мешаванд. Маркази гармиву электрӣ дар навбати худ ба оби сард эҳтиёҷ дорад. Оби гарм баъди гузаштан аз гармхона хунук шуда боз ба корхонаи таъминоти гармӣ фиристода мешавад. Ҳоли ҳозир дар гармхонаҳо беш аз 100 нафар кор мекунанд. Соли оянда то 10 гектар вусъат додани майдони умумии гармхона пешбинӣ шудааст, ки  ба афзудани ҷойҳои корӣ мусоидат хоҳад кард. 
Умуман дар ноҳия барои бунёди чунин гармхонаҳо ба 60 соҳибкор 300 гектар замин ҷудо карда шуданд, минбаъд ин кор вусъат хоҳад ёфт.  
Президент гармхонаҳоро тамошо кард, бо кормандони онҳо ҳамсуҳбат шуд.
Зарурияти минбаъд вусъат додани шабакаи чунин гармхонаҳо, ки имрӯз дар рушди иқтисодиёт ва беҳтар шудани некуҳолии аҳолӣ нақши муҳим доранд, таъкид гардид.
Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳо ба бобати дар вилояти Қашқарадрё тӯли солҳои 2019-2020 ташкил кардани гармхонаҳо, вусъат додани парвариши зироати полизӣ дар адирҳоиноҳияи Чирчиқ, баланд бардоштани самаранокии қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ва ғайра баргузор шуд. 
Мувофиқи барнномае, ки бо қарори роҳбари давлат аз 21 декабри соли 2016 тасдиқ шудааст, дар саноати сабуки вилояти Қашқарадрё татбиқ намудани зиёда аз 10 лоиҳаи бузурги пешомаднок пешбинӣ мегардад.  То имрӯз баъзеи онҳо анҷом ёфтаанд, корхонаҳои нав, аз ҷумла дар шаҳри Қаршӣ корхонаи «Sulton tex group» сохта шуд.
Ҳудуде, ки дар он корхона амал мекунад, пештар ба собиқ заводи пахтатозакунӣ мутааллиқ буд ва ҳоло бекор меистод. Дар ҷараёни сафарҳои пештараи Президент ба вилояти Қашқадарё баробари лоиҳаҳои дигари саноати сабук дар бораи сохтмони корхонаи «Sulton tex group» маълумот дода шуда буд. Лоиҳаи мазкур, ки мақсади асосии он истеҳсоли маҳсулоти тайёри бофандагӣ ва дӯзандагиву газвори дар бозорҳои хориҷӣ харидоргир, дар асоси коркарди амиқи нахи пахта, яке аз корҳои муҳим барои рушди саноати сабук дар вилоят ба шумор меравад.
Дар давраи сипаришуда барои татбиқ намудани лоиҳа дар ҳаҷми 10,4 миллион доллар воми Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва 6,6 миллион доллар маблағҳои худии муассисон равона гардид, сохтмони корхона бинобар истеҳсоли калоба оғоз ёфт. Дар ибтидои соли равон давраи аввалини фабрикаи иқтидори истеҳсолиаш соле 7 ҳазор тонна калоба ба истифода супурда шуд. 
Президент корхонаи мазкурро дида баромад ва бо фаъолияти он шинос шуд.
Корхона бо техникаҳои навтарини тозакунӣ, калоба ва калобаресӣ, ки аз Шветсария ва Ҷопон оварда шуданд, муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин ҷо тақрибан 300 нафар кор мекунанд.
Дар давраи сипаришудаи соли равон корхона 5,8 ҳазор тонна калоба истеҳсол кард. Маҳсулот ба маблағи 12 миллион доллар ба кишварҳои Полша, Туркия, Эрон, Миср ва ғайра содир гардид, ба бозорҳои дохилӣ ба маблағи 50 миллиар сӯм маҳсулот расонда дода шуд. 
Тамоми ҷараёнҳо аз тозакунии нах то тайёр кардани калоба автоматиконида шудаанд. Дар лабораторияҳои корхона сифати нах ва калоба ҷиддан назорат карда мешавад.
Роҳбари давлат бо фаъолияти лабораторияҳо шинос шуд, бо ходимони онҳо суҳбат кард. Ҳангоми боздиди Президент аз анҷоми давраи дуюми лоиҳа фаъолияти фабрики бофандагии иқтидораш соле 3 ҳазор тонна газвор оғоз ёфт.
Бояд қайд кард, ки дар давраҳои минбаъдаи рушди корхона, ки арзиши умумиаш 53 миллион долларро ташкил медиҳад, калобаресӣ ва рангмолии газвор, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла фабрикаи маҳсулоти тайёри бофандагӣ ва сару либос моҳи январи соли 2019 ба кор сар хоҳад кард. Арзиши лоиҳаи мазкур 3 миллион долларро ташкил медиҳад, пешбинӣ шудааст, ки он бо технологияҳои пешқадами аврупоӣ муҷаҳҳаз карда шавад. Дар натиҷа тақрибан 700 ҷойҳои нави корӣ ташкил мегарданд ва соле  истеҳсоли 9 миллион адад маҳсулоти тайёр ба роҳ монда мешавад. 
Боиси зикр аст, ки дар корхона кластери пахтаву дӯзандагӣ ташкил гардида, барои он аз ҳудуди ноҳияи Қаршӣ 10 ҳазор гектар замин ҷудо карда шудааст. Тамоми ҷараёнҳо – аз парвариши пахта, коркарди ашёи хом то истеҳсол ва фурӯши маҳсулот дар чаҳорчӯбаи як корхона амалӣ мешаванд. Ин имкон медиҳад арзиш коҳиш ёбад, сифат баланд гардад, дар вилоят маҳсулоти тайёри дар бозорҳои ҷаҳон рақобатбардор истеҳсол карда шавад. 
Шавкат Мирзиёев бинобар ҳарчи зудтар ва босифат иҷро кардани давраҳои минбаъдаи рушди корхона, беш аз пеш вусъат додани номгӯй ва ҷуғрофияи содироти маҳсулоти тайёр, такмил додани кластерҳои пахтаву бофандагӣ супоришҳои мушаххас дод. 
Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳо бинобар ташкил кардани ширкати «Индорама»-и Сингапур, кластерҳои пахтаву бофандагӣ дар Қашқадарё ва Сирдарё, ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба вилояти Қашқадарё бо иштироки сафоратхонаҳои кишвари мо дар Полша, Эрон, Британиёи Кабир ба амал омад. Нақшаҳо бобати татбиқ намудани лоиҳаҳои бузург дар хоҷагии қишлоқ, саноат, соҳаи хидматрасонӣ пешниҳод гардиданд.
Дар ҷараёни сафараш, ки 24-25 феврали соли 2017 ба вуқӯъ пайваст, Президент бо лоиҳаҳои сохтмони бахши марказҳои махсуси тиббии эндокренологӣ ва кардиологии ҷумҳурӣ дар шаҳри Қаршӣ шинос шуда буд. 
Дар муддати кӯтоҳе, ки аз он замон гузашт, дар ин ҷо сохтмони ду маркази бузурги тиббӣ, ки дар ҳамсоягии якдигар қарор доранд, анҷом ёфт. Атрофи онҳо обод ва кабудизор карда шуданд,
Роҳбари давлат аз марказҳо боздид ба амал овард, бо шароитҳое, ки барои миҷозон фароҳам оварда шудаанд ва таҷҳизоти замонавӣ шинос гардид.
Дар филиали маркази кардиологӣ барои 120 нафар миҷоз фаъолияти шуъбаи эҳё ва табобати бемориҳои дил, норасоиҳои доимии дил ва аритмология, гипертензияи артелиарӣ, ҷарроҳии рентгениву эндоваскулярӣ, ҷарроҳии дил, шуъбаи қабулу ташхис, ҳамчунин поликлиникае, ки рӯзе барои қабули 100 нафар бемор пешбинӣ шудааст, оғоз ёфтанд. Марказ бо дастгоҳҳои навтарини ташхис ва терапевтӣ муҷаҳаз мебошад. 
Ин филиал нафақат ба қашқадарёиён, балки ба сокинони вилоятҳои дигари кишвари мо ва ба шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ хизмат мерасонад.
Президент зарурияти истифодаи самарабахш ва дурусти ин таҷҳизотро, ки барои ин мутахассисони соҳибтаҷриба ва ба кори худ дилбаставу дорои донишҳои замонавии тиббӣ даркоранд, таъкид намуд.
Ба марказ шифокорони соҳибтаҷрибае, ки дар Олмон, Русия ва кишварҳои дигар таълим гирифтаанд, ҷалб шудаанд. Онҳо таҷриба ва донишҳои худро ба ҳамкорони маҳаллии худ  меомӯзанд. 
Дар ин ҷо амалиётҳои ташхисиву ҷарроҳӣ, аз ҷумла коронарография, вентрикулография, ангиографияи рагҳо, ташхиси рагҳои коронарӣ, валвулопластикаи баллонӣ, аз байн бардоштани иллатҳои дил ва байни меда бо кӯмаки окклюдер, шунтиронавии коронарӣ, протезкунии клапанҳо, табобати иллатҳои сунъӣ ва модарзодӣ иҷро мешаванд. 
То ҳол дар минтақа беморхонаи эндокринологии вилоят, ки ҳанӯз соли 1980-ум ташкил гардида, бинобар усулҳои кӯҳнашуда кор мекард, кӯмакҳои эндокринологӣ мерасонид. 
Шуъбаи нави маркази эндокринологии дорои 150 ҷой барои пурра таъмин кардани талаботи бемороне, ки ба кӯмакҳои эндокринологӣ эҳтиёҷ доранд, хидмат мекунад. Ҷамоаи шуъба, ки шуъбаҳои нефропатияи диабетӣ, эндокренолгияи умумӣ ва бачагона, бемории ҳудудҳои сипарӣ ва ҷаррроҳии эндокринӣ, ҷарроҳии диабетӣ, шуъбаи лабораториву ташхисӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад, соле баргузор кардани 700-800 амалиётҳои ҷарроҳиро пешбинӣ намудааст. 
Ба масъалаи бо мутахассисони баландихтисос таъмин кардани шуъба эътибори махсус дода шуд. Ду шифокор ихтисоси худро дар хориҷа такмил доданд. Таъсис ёфтани мактаби диабет яке аз навгониҳо гардид. Дар он ҳамшираҳои соҳибтахассуси тиббӣ ба беморон назорат кардани дараҷаи қандро дар худашон, ғизодиҳии дурустро ба кӯдаконашон, ҳамчунин дар бораи омилҳои сар задан ва роҳҳои пешгирии касалӣ маълумот пешниҳод менамоянд. 
Президент бобати ҷалб намудани мутахассисони соҳибмалака ба ин муассисаҳои тиббӣ минбаъд вусъат додани фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хидмати тиббӣ ба аҳолӣ супоришҳо дод. 
Кори шуъбаҳои мазкур бояд барои тамоми вилоятҳо намунавӣ бошад. Пеш аз ҳама бояд маданияти тиббии аҳолӣ баланд бардошта шавад. Мақсади асосии мо такмил додани низоми хидматрасонии тиббӣ мебошад. Мо барои он ки халқамон натиҷаҳои ислоҳотро аллакай имрӯз эҳсос кунад, тамоми саъю ғайрати худро сафарбар менамоем, гуфт роҳбари давлат.
ххх

Рӯзи дуюми ташриф бо раҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Қаршӣ бахшида ба масъалаҳои тараққиёти иқтисодиёт, боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти аҳолии вилояти Қашқадарё ҷамъомади видеоселектор баргузор шуд. Дар он фаъолон, депутатҳо, ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони секторҳо, намояндагони ҷамъияти васеи вилояти Қашқадарё иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки бино бар барномаҳои соли 2018 қабулнамудаи роҳбари давлат – «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар вилоят 28 деҳа ва 4 маҳалла обод гардида, шароити зисти 300 ҳазор нафар беҳтар гардонда шуд.
Аз он ҷумла 17 ҳазор манзили хусусӣ, 193 иморати бисёрошёна, 82 объекти ҷанбаи иҷтимоӣ, садҳо километр роҳ ва кӯча, шабакаҳои обу нақли барқ бунёд ва таъмир гардиданд, ки барои ин қариб 300 миллиард сӯм харҷ гаштааст.
Таъкид ёфт, ки соли ҷорӣ кори зиёд дар заминаи беҳсозии таъмин бо оби ошомиданӣ барои аҳли вилоят анҷом дода шуд, аммо ин ҳанӯз кофӣ нест. Барои вусъат бахшидани ин кор лоиҳаҳо доир ба таъмири низоми таъминоти оби ноҳияҳои Косон, Муборак, Қамашӣ ва Ғузор ба амал татбиқ гардида, хати таъмини оби 140 ҳазор аҳолии 38 маҳали аҳолинишини ноҳияи Деҳқонобод ба шабакаи марказӣ пайванд карда мешавад.
Барои таъмини талаби аҳолӣ ба манзили арзон дар соли ҷорӣ дар деҳот беш аз 3 ҳазор иморати намунавии арзон ва ё худ ду баробар бештар дар муқоиса бо соли гузашта қад афрохт. Дар шаҳри Қаршӣ 14 иморати бисёрошёна ба миқдори умумии 630 ҳуҷра сохта шуд. Соли 2019 ба нақша гирифта шудааст, ки 39 деҳа ва 6 маҳалла обод карда мешавад, ки дар онҳо беш аз 190 ҳазор одам зиндагӣ мекунанд. Дар деҳот 1205 манзили арзони намунавӣ, дар шаҳрҳо 14 иморати бисёрошёна сохта шуда, таъмини оби ошомиданӣ беҳтар карда мешавад, гуфт роҳбари давлат.
Сафоратхонаҳои мамлакатамон дар Британияи Кабир, Эрон ва Полша барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба вилоят фаъолона кор мебаранд. Дар тақдимоте, ки дар шаҳри Қаршӣ зимни сафари Президент баргузор гардид, сафир дар Британияи Кабир Алишер Шайхов пениҳодотро доир ба ҷалби сармоя ба 5 лоиҳа ба миқдори 276 миллион доллар, сафир дар Полша Баҳром Бобоев ба 8 лоиҳа ба миқдори 163 миллион доллар, сафир дар Эрон Баҳодур Абдуллоев ба 9 лоиҳа ба миқдори 61 миллион доллар пешкаш карданд.
Роҳбари давлат зарурияти афзоиши ҷалби сармояро камаш бештар аз ду баробар таъкид кард.
Ғайр аз ин, сафирони мо соли 2019 дар бобати ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои ҳар як ноҳия ба миқдори на камтар аз 10 миллион доллар бояд ҳамдастӣ намоянд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад инчунин дар бораи нақшаҳои рушди соҳаи иҷтимоии вилоят, беҳсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, сохтмон, бозсозӣ ва таъмири муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои таълими ҳамагонӣ дар соли 2019 сухан рафт.
Масъалаи коҳиш додани бекорӣ зикр гардид. Таъкид шуд, ки дар бобати татбиқи 1,2 ҳазор лоиҳа ба миқдори умумии 15 триллион сӯм дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва соҳаи хизматрасонӣ пешниҳодот таҳия гаштааст, ба амал татбиқ намудани онҳо имконият медиҳад, ки 29 ҳазор ҷойи кори доимӣ ташкил гардад.
Таъкид шуд, ки барои равнақ бахшидани сайёҳӣ дар минтақа тамоми имконот сафарбар мегардад. Шаҳрисабзро ба шаҳри ҷашнвора барои ба таври васеъ ҷалб намудани сайёҳон бо роҳи баргузор намудани ҳар гуна чорабиниҳои маданиву шодкунанда ва анҷуманҳо дар тӯли тамоми сол табдил додан, пешниҳодот баён гардид.
Барои беҳсозии ҷанбаи иҷтимоӣ пеш аз ҳама иқтисодиётро бояд инкишоф дод. Такомули соҳаҳои он тақозо мегардад. Фақат бо таҳияи ашёи хом маҳдуд нагардида, роҳандозӣ намудани истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти тайёр зарур аст, гуфт роҳбари давлат.
Дар ҷамъомад дар бораи ташкили босамари кластерҳои пахта, пурра роҳандозӣ намудани имконоти мавҷуда дар соҳаи меваву сабзавот ва обчакорӣ, рушди боғдорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ бо назардошти хусусияти иқлимии ҳар як ноҳия супоришҳо дода шуд. Дар ин бобат бетафовутӣ ва коҳилии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо зери танқид гирифта шуд.
Натиҷаи ислоҳоти ҷорӣ дар Қашқадарё бояд ба зарфияти баланди саховатмандӣ ва меҳнатдӯстии вилоят мувофиқат намояд. Мо албатта барои аҳли Қашқадарё шароити муносиби ҳаёт ба вуҷуд меорем, занон, ҷавонон, қишри аз лиҳози иҷтимоӣ заифи аҳолиро дастгирӣ менамоем, ки барои ин роҳбарони «хоб»-ро бедор месозем, коррупсияро решакан мекунем, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент бо аҳли ноҳияҳо аз тариқи алоқаи видеоконференсия суҳбат намуда, ба шахсони масъул дар бобати ҳалли пешниҳодот ва мушкилоти бамиёномада супоришҳо дод.
Худи ҳамин рӯз Шавкат Мирзиёев ба пояи ёдгории Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар шаҳри Қаршӣ гул гузошт ва поси хотири ӯро ба ҷо овард.
Дар бораи кори васеъмиқёс дар заминаи боло бурдани иқтисодиёти минтақа, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар замони роҳбарии Ислом Каримов дар вилояти Қашқадарё суҳбат ба миён омад.
Сарвари давлатамон ба боғи «Ватанпарварлар», ки дар Қаршӣ бунёд меёбад, ташриф овард.
Шавкат Мирзиёев дар рафти ташрифаш ба вилоят моҳи январи соли ҷорӣ пешниҳод намуда буд, ки ба Боғи бачагонаи Қаршӣ дар кӯчаи Ислом Каримов номи «Ватанпарварлар» дода, дар ин ҷо дар руҳи ҳамоҳангӣ бо ин номи пуршараф корҳои таҷдидӣ амалӣ гардонда шавад.
Фаъолияти боғ ба дар ҷавонон пурзӯр гардондани ҳисси ифтихор аз таърих ва маданияти халқамон, абадӣ гардондани номи қаҳрамонони миллӣ, ки баҳри Ватан фидокорона мубориза бурдаанд, қарор додани боварӣ ба иқтидор ва нерӯи баланди артишамон нигаронда шудааст.
Боғи «Ватанпарварлар», ки дар ҳафт гектар доман густурдааст, дар муддати кӯтоҳ дар ҳамоҳангӣ бо ислоҳот қиёфаи нав касб менамояд. Дар солҳои 2018-2019 дар ин ҷо ба маблағи 29,3 миллиард сӯм татбиқ намудани корҳои таҷдидӣ ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони кӯли сунъӣ, дарвозаи даромад, амфитеатр, хандақҳои ҳарбӣ, деворҳо барои кӯҳнавардӣ, тирандозӣ ва лукодром ба охир расидааст. Сохтмони музей, манора барои ҷаҳиш бо парашют дар арафаи анҷомёбӣ буда, корҳои кабудизоркунӣ фаъолона идома доранд.
Дар ҳудуди боғ макетҳои 24 адад техникаи ҳарбии солҳои гуногун, ки Вазорати мудофиа тақдим намудааст, гузошта шудааст. Дар хандақҳо ташрифоварандагон метавонанд дар бораи ҳамватаноне, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мардонавор ҷангидаанд, маълумот ба даст оваранд.
Ба ғайр аз ин, ба боғ макети харитаи миллии Ӯзбекистон дар қисмати вилоятҳо ҷойгир карда шудааст. Дар он рамзҳо, ёдгориҳои қадимӣ, объектҳои табиии ҳар як минтақа инъикос ёфтааст. Инак ташрифоварандагон метавонанд дар бораи минтақаҳои Ӯзбекистон дониши худро ғанӣ гардонанд.
Дар шафати боғ 4 манзили замонавии бисёрхонагӣ, ҳавзи пӯшидаи ҷавобгӯи андозаҳои байналхалқӣ сохта мешавад.
Президент бо шароитҳои дар боғ фароҳам овардашуда шинос шуда, бо узви гурӯҳи муассисаи таълимии «Ҷасорат» шинос шуд.
Чунин боғҳо инъикоси равшани таърих, маънавият ва маданияти халқамон ба ҳисоб меравад. Акнун бояд аз ин самарабахш истифода бурда, ба ин ҷо бачаҳои зиёдро оварда, дарсҳои кушодро баргузор намуд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Зарурати хабардор намудани ҷавонон дар бораи муҳимияти саҳми Ӯзбекистон дар ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ба онҳо нақл намудан дар бораи ҳамватанонамон, ки сулҳ ва осоиши мамлакатамонро фидокорона ҳимоя намудаанд, таъкид гардид.
Сарвари давлатамон бо маҷмӯи нави варзиши обӣ, ки дар шафати боғи «Ватанпарварлар» қад афрохтааст, шинос шуд.
Маҷмӯи замонавӣ, ки бино бар қиёфаи зоҳириаш паррандаи болҳояш дар парвоз бозро мемонад, ду ҳавзи чорсамтаи майдони ҳар якаш 25х11 метрро фаро мегирад. Шароитҳои замонавии маҷмӯа шавқу рағбати влидон ва бачаҳоро ба варзиши обӣ баланд мебардорад. Инчунин дар бунгоҳи тиббӣ, фитнес-зал ва ошхона тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Сарвари давлатамон бо варзишарони ҷавоне, ки дар ин ҷо шуғл меварзанд, суҳбат ороста, ба онҳо дар мусобиқаҳои оянда муваффақият талабид.
Бо ҳамин ташрифи Президенти мамлакатамон ба вилояти Қашқадарё ба охир расид.

Улуғбек Асроров,
Умар Асроров, 
Зиёдулла Ҷонибеков,
мухбирони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: