Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон директори генералии Созмони байналхалқии меҳнатро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 декабр баъд аз бозгашт аз вилояти Қашқадарё дар аэропорти байналхалқии «Тошканд» бо директори генералии Созмони байналхалқии меҳнат Гай Райдер, ки дар мамлакатамон ҳузур дорад, вохӯрд.

Сарвари давлатамон меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, алоҳида таъкид намуд, ки Ӯзбекистон ба ҳамкории самарабахш бо Созмони байналхалқии меҳнат баҳои баланд  медиҳад, ки дар тӯли фаъолияти садсолаи худ ба пеш бурдани адолати иҷтимоӣ ва таъмин кардани ҳуқуқи меҳнаткашон дар ҷаҳон хидмат кардааст.
Мамлакати мо аз соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони байналхалқии меҳнат мебошад. То айни ҳол 14 конвенсияи созмон, аз он ҷумла 8 конвенсияи асосӣ ратификатсия карда шудааст. Аз соли 2017 «Барномаи мамлакат оид ба меҳнати муносиб» то соли 2020-ум татбиқ карда мешавад.
Дар доираи барномаи мазкур бинобар такмил додани қонунгузории меҳнатии мамлакатамон, баланд бардоштани хабардории шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқҳои меҳнат чорабиниҳо амалӣ гардонда шуда, барои таҳкими маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ва андешидани чорабиниҳои фаврӣ барои вайрон карда шудани қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ механизми мулоқоти мутақобил ба роҳ монда мешавад.
Аз соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон Идораи мутобиқгари миллии Созмони байналхалқии меҳнат кушода шуд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб ба идома додани мулоқоти конструктивӣ ва васеъ гардондани муносибатҳои шарикӣ бо СБМ бинобар тамоми масъалаҳо, аз он ҷумла самтҳои нав тайёр аст.
Г.Райдер ба сарвари давлатамон барои пазироии самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистон, ки дар зинаи нав гузаронда мешавад, баҳои баланд дод.
Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ки бо Мақсадҳои рушди устувори СММ ҳамоҳанг мебошад, алоҳида қайд гардид.
Меҳмон ба ҳамоҳангии меъёрҳои меҳнатии Ӯзбекистон бо андозаҳои байналхалқӣ, қабул карда шудани «Харитаи роҳ» бинобар дар солҳои 2018-2020 татбиқ намудани конвенсияи СБМ, ки мамлакатамон ратификатсия намудааст, баҳои баланд дод.
Дар Тошканд бомуваффақият гузаронда шудани конфронси байналхалқии «Таъмин кардани шуғли муносиб дар ҷанбаи мақсадҳои рушди устувор: амалиёти байналхалқӣ ва таҷрибаи Ӯзбекистон» далели ҳамкории самарабахш ба ҳисоб меравад.
Дар вохӯрӣ аз он изҳори боварӣ гардид, ки рушди минбаъдаи шарикӣ барои амиқ гардондани мулоқот асоси мустаҳкам фароҳам оварда, самарабахш ба кор бурдани таҷрибаи СБМ дар коркарди Стратегияи миллии шуғли Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Дар бораи коркард ва қабул кардани «Харитаи роҳ»-и ҳамкории дарозмуҳлат бо созмон, идома додани кор бинобар аз ҷониби мамлакатамон ратификатсия намудани конвенсияи СБМ, тайёр намудан ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, дастгирии фаъолияти иттифоқҳои касаба ва Конфедератсияи кордиҳандагон созиш ба даст омад.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: