«МАҚСУД ЗИ ҶУМЛА ОФАРИНИШ МОЕМ...»

Суханони пурмуҳтавои Президент дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чашми дил ва ақлу ҳуши моро кушоданд.

Чунин  ба назар мерасид, ки маърӯза ба хотири маърӯза набуд. Нотиқ дар баробари ҳисси ифтихор ангехтан аз дастоварду комёбиҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар дар дили мо, ба мақсади таҳким бахшидан, нуқтаҳои заъфамонро низ менамуд. Ба ин суханони роҳбари давлат мутаваҷҷеҳ бошед: «Адолат кай тантана мекунад? Вақте ки мақомоти суд, судяҳо ба тамоюлҳои қонуният ва адолат қатъӣ риоя намуда, вазифаҳои худро поквиҷдонона адо мекунанд».
Чанд сол қабл таҷрибаи сафедкунӣ дар кору фаъолияти судяҳо қариб ки татбиқ намегардид. Бубинед, ки соли равон ба сабаби нокифоя будани далелҳо 1881 парвандаи ҷиноӣ қатъ ёфта, 590 нафар шахс аз ҷониби суд сафед карда шудаанд. Барилова, 136 нафаре, ки аз кирдорашон самимона пушаймонанд, авф гардидаанд.
Ин ҳам аз назари роҳбар пинҳон нест, ки «...  баъзе судяҳо то ҳол қарорҳои ба тамоюлҳои адолат ҷавобгӯ набударо қабул менамоянд, ки ин ҳолат боварии шаҳрвандонро ба суди одил барбод медиҳад». Аз ин суханон судяҳои ришвахӯр пеши назар меоянд. Ин ҳолат боварии  шаҳрвандонро натанҳо ба суди одил, балки ба ҳукумат низ, ба он маънӣ, ки шаффофияти кору фаъолияти судҳоро таъмин карда натавонистааст, барбод медиҳад.
Шоири бузурги садаи XVII тоҷик Сайидои Насафӣ пора, умуман нафси саркашро «душмани ширин» қаламдод кардааст:
Нафси саркаш оқибат андохт моро дар бало,             
Кард охир кори худро душмани ширини мо.
– Таъкид кардан  ҷоиз аст, ки – изҳор дошт сарвари мамлакат, – бино ба пешгирӣ намудан ва муборизаи қатъӣ бурдан зидди коррупсия, ки ба рушди давлат ва ҷамъият зарари ҷиддӣ мерасонад, боварии одамонро ба адолат барбод медиҳад, чорабиниҳои дақиқ андешида шудаанд. Ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани 1177 нафар шахсони мансабдор, ки чунин ҷиноятҳоро содир намудаанд, далели ин гуфтаанд.
Дар идомаи ин гуфта ӯ аз таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ сухан ба миён оварда, илова намуд: «Бо назардошти ин таҷрибаи пешқадам ва талаботи Конститутсияамон, пешниҳод менамоям, ки дар палатаҳои Олий Маҷлис кумитаҳои мубориза бар зидди коррупсия созмон дода шаванд». Ҳарчанд баъзе ҳокимон пештар ҳам барои «ҷобаҷогузорӣ»-и кадрҳо пора мегирифтанд, вале дар қатори 1177 нафар бо пора ба даст афтодани онҳо аз он дарак медиҳад, ки ҳукумат ин зарпечакро аз киштзори ҷамъият берун андохтанист. Баъзеҳо бар онанд, ки дарахти ин иллатро наметавон батамом решакан кард. Шояд, вале 70-80 фоиз решакан кардани коррупсия дастоварди бузургест. Шаке нест, ки ин ҳама чорабиниҳо бенатиҷа намемонанд. Аммо нақши тарбияро низ набояд фаромӯш кард. Мардум бояд амиқ дарк намояд, ки коррупсия, воқеан, «ба рушди давлат ва ҷамъият зарари ҷиддӣ мерасонад, боварии одамонро ба тантанаи адолат барбод медиҳад». Ба фикри мо, доир ба ин мавзӯъ офаридани филмҳои мустанаду бадеӣ, ҳикоя ва қиссаву роман аз ҷониби киносозону нависандагон суди зиёде дар пай дорад.
Дар рафти суханронӣ таъкид гардид, ки «дар мамлакатамон ба дастгирии ногироён, бесарпарастон, оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ заиф ва камтаъмин, аз ҷумла бо манзили арзон таъмин намудани онҳо, эътибори алоҳида дода мешавад».
Мо «бо манзили арзон таъмин намудани онҳо»-ро дида, итминон ҳосил кардем, ки воқеан ба онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар тақвияти ин сухан, гуфтаниям, ки сокини ноҳияи Оқолтини  вилояти  Сирдарё, ногирои гурӯҳи дуюм Ҳасан Холиқов чанд сол боз сарпаноҳе надошт. Бинобарин, шиносномаи ӯро дар хеч ҷо ба қайд намегирифтанд. Чанд бор ба наздиконаш рӯ овард, сарфи назар намуданд. Бо маслиҳати хайрхоҳон ба сарвари оилаи бузург – Президент муроҷиат кард. 3-юми декабр, дар Рӯзи байналхалқии ногироён шодию хурсандии ӯ ҳадду канор надошт. Аз ҷониби ҳокимият, дар қатори даҳҳо нафар ногироёни вилоят, ба вай ҳам ҳуҷҷат ва калиди манзили зист супурда шуд. Он рӯз дар сартосари ҷумҳурӣ ҳазорон  ногироён, оилаҳои камтаъмин ва муфлисон ашки шодиву сипосгузорӣ дар чашм дасти дуо бардоштанд. 
Дар рафти суханронӣ таъкид гардид, ки «тарбияи кӯдак аз гаҳвора оғоз меёбад. Аз ин рӯ, ислоҳоти соҳаи таълим ва тарбияро мо аз ҳалқаи аввал – таълими томактабӣ шурӯъ кардем».
Муассисаҳои таълими томактабӣ, таълими ҳамагонӣ ва олӣ ба мисол заводи бузургеро мемонанд, ки бояд насли ҳамаҷониба рушдёфтаро истеҳсол намоянд. Яъне, дунёи маънавии насли наврас дар ин муассисаҳо (завод) ташаккул меёбад. Таассуф, ки бо вуҷуди сарфи маблағи зиёд аз ҷониби давлат, завод гоҳо маҳсулоти брак низ истеҳсол менамояд...
То одаму олам боқист муаммои дар ин ё он рӯҳ тарбия кардани насли ҷавон вуҷуд дорад. Воқеан, хишти аввали таълиму тарбия дар ҳалқаи аввал – муассисаҳои таълими томактабӣ гузошта мешавад ва бояд ин хишт дуруст гузошта шавад. Вагарна, тавре ки шоире фармудааст:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.

Пас, тарбияи дуруст ба меъморони мо – мураббиёну омӯзгорон низ вобастагии зиёд дорад. Ин суханон: «музди меҳнати муаллимон давра ба давра афзуда, механизмҳои нави рағбатноксозии меҳнати онҳо ба амал татбиқ мегардад» бояд бо масъулияти мураббиён, омӯзгорон ва устодони муассисаҳои таълими олӣ афзояд.
Солимии рӯҳ ба мураббиёну омӯзгорон, тандурустӣ ба ходимони тиб иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, эътибор ба соҳаи тандурустӣ ва ходимони тиб низ пурзӯр мегардад. «Аз 1 декабри соли равон мо музди меҳнати кормандони тибро зиёд кардем, ки ин фақат қадами аввал аст. Минбаъд низ ходимони тиб – намояндагони касби аз ҳама пуршарафро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ хоҳем кард». Ин суханонро аҳли толор бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд. Барои аҳолӣ хидмати кафолатноки тиббӣ чун обу ҳаво зарур аст. Бигузор, бемор ҳаққи дастраси муолиҷаро пардозад, вале ташхис дуруст ва муолиҷа бояд кафолатнок бошад. Ба ин мақсад аз хориҷа дастгоҳҳои беҳтарини ташхисгузорию муолиҷа ба соҳаи тибби кишвар ворид мешаванд. Хайёми бузургвор дар як рубоияш фармуда:
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеч шаке нақши нигинаш моем.

Агар мақсад аз ҷумлаи ислоҳоту дигаргуниҳо мо – аҳолии мамлакат (нақши нигин) бошем, пас, зиндагиамон рӯз аз рӯз беҳ хоҳад шуд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: