МУАЛЛИМИ МУАЛЛИМОНИ СӮХ

Аз қадим ба омӯзиш, ба дар қалби умум, хусусан, насли ҷавон афрӯхтани чароғи ирфон майл доштани халқи маърифатпарвари мо ба касе сир нест.

Мактаб ва маориф, таҳсил дар дабистон, меҳр ба мутолиа ва мусаллаҳ шудан ба асосҳои дониш ҷузъи ҷудонопазири рӯзгори маънавиамон қарор дошт.
Вақтҳои охир эътибор ба ислоҳи соҳаи маориф, мустаҳкам гузоштани пойдевори таълими халқ, ба зинаҳои баланд бардоштани мақоми мактаб ва нуфузу обрӯи муаллим хеле пурзӯр гашт. Корҳои васеъмиқёсе, ки доири соҳаи таълим ба сомон расонда мешаванд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки муаллимону мураббиёнамон дар қатори халқи оташқалби кишвар, ки дар соҳоти гуногун сидқидилона меҳнат мекунанд, сарфи назар аз баъзе душвориҳо, вазифаи пурмасъулияти дар зимма доштаашонро сарбаландона ба иҷро мерасонанд.
Муаллим, бешубҳа, ба ҳар гуна сипос ва таърифу тавсиф арзанда. Чунин ба назар мерасад, ӯро ҳар қадар ситоиш ва ба осмони ҳафтум бардорем, боз кам. Ҳатто гӯянд, устод аз падар муътабар аст.
Кист ба ҷон баробар? Муаллим,
Ғамхор ҳамчу модар? Муаллим.
Кӣ аз ҳама муътабар? Муаллим,
Кист бузург аз падар? Муаллим!
Яке аз беҳтарин фазилатҳои халқи мо – ёд овардан аз дирӯз ва муқаддасу азиз доштани хотираи гузаштагон, ки аз онҳо кору номи нек, зикри хайр боқӣ мондааст.
Дар ноҳияи кӯчаки Сӯх даҳҳо шахсиятҳои маъруф дар соҳаи таълиму тарбия фидокорона меҳнат намудаанд. Қисме аз онҳо алъон миёни мо нестанд, вале корҳои азиме, ки тӯли фаъолияти омӯзгорӣ ба роҳ гузоштанд, дар шароити нави таърихӣ идома меёбанд. Дил мехоҳад бобати абадӣ гардондани хотираи муаллимони мардумии Ӯзбекистон Обидхӯҷа Иброҳимов, Абдураҳим Абдусаломов, Муаллими хидматнишондодаи ҷумҳурӣ Ҳомид Одилов, депутати чандкараи собиқ Шӯрои Олӣ, соҳиби чандин ордену медалҳо Очаором Рафиқова, ки умри худ ба таълиму тарбия бахшида, дар ривоҷи маориф саҳми муносиб гузоштанд, майна об кунем.
Муболиға намешавад агар гӯем, ки онҳо «қаҳрамонҳои замони худ» буданд ва баҳри равнақи таълим фидокорӣ нишон дода, шогирдони зиёди сазовор омода намуданд.
Шодравон Ортиқбой Ӯрунов низ аз чеҳраҳои намоёни маорифи халқ дар Сӯх ҳисоб меёфт. Вай дар ҷодаи маҳви бесаводӣ, бунёди аввалин биноҳои таълимӣ дар Сӯх, танзим ва пешбарии корҳои тарбиявӣ, омодасозии кадрҳои лаёқатманди педагогӣ дар воҳа хидматҳои шоён намуд. Аз соли аввали Ҷанги дуюми ҷаҳон то пирӯзии бузург дар фронт буд. Чаҳор бор ярадор шуд, баъди шифо ёфтан, боз ба сафи артиши амалкунанда баргашт, корномаи ҷангиаш бо ордену медалҳо тақдиронида ва ӯ бо сари баланд ба зодгоҳ баргашту муаллимиро идома дод. Чанд сол чун мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сӯх низ фаъолияти хуби ташкилотчигӣ нишон дод.
Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамин тавр, 57 сол дар соҳаи маориф хидмати ҳалол ва таҳтидилона кард. Қисме аз шогирдонаш муаллимӣ пеша намуда ва худ ба дараҷаи устодӣ расиданд.
Муаллимӣ бахт, мегӯяд яке аз шогирдони ӯ Ҳ.Сафаров, «муаллими муаллимон» будан бахти боз ҳам баланд. Дил мехоҳад дар бораи «муаллими муаллимон»-е чун Ортиқбой Ӯрунов, ки хидмат ба халқу диёрро шараф меҳисобанд, чизҳои зиёд гӯем. Вале фикр кардем, ба чоп расидани сурати нуронии ӯ кифоя. Ба ҳар ордену медал ё мукофоте, ки гирифтам, завҷаи меҳрубонам низ саҳм дорад, мегуфт бо табассуми маънидор Ортиқбобо.
Ёди ӯ, ёди ҳамаи онҳое, ки аламбардори таълими халқ дар Сӯх ба шумор рафта ва ҳоло миёни мо нестанд, ба хайр.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: