АЗ ГУЗАШТА САБАҚ БОЯД ГИРИФТ,

– мегӯяд мудири шуъбаи маданияти ноҳияи Бойсун Ҳамза Бозоров

Хабарнигори мо дар арафаи Соли нав бо мудири шуъбаи маданияти ноҳияи Бойсун Ҳамза БОЗОРОВ дар хусуси ҳаёти имрӯза ва ояндаи маданӣ ва ҳунарии ноҳия суҳбат намуд.
– Як замон дастаи ҳунарии «Шалола»-и ноҳия  дар ҷашнворае, ки  дар Полша ба вуқӯъ пайваста буд, иштирок карда, санъати нотакрори мардуми ин диёрро ба ҳазорҳо нафар мухлисони хориҷӣ нишон дода, ғолиб ва соҳиби ҷоизаи «Табари тиллоӣ» гардида буд. Вале афсӯс, ки ин шуҳрат дер напоид. Оё имконияти дубора баргардонидани ин шуҳрат ҳаст?
– Шумо дуруст гуфтед. Аз рӯзгори гузашта сабақ бояд гирифт. Дар ин комёбиҳо кормандони собиқи шуъбаи маданият, ҳунарварони боистеъдод З.Умаров, Х.Назаров, А.Орипов, Қ.Абдулхайров, Н.Сафаров, Х.Хурсандов саҳми арзанда гузошта буданд. Хизмати хуби онҳоро мардуми мо фаромӯш накардаанд. Қобили қайд аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ва махсусан Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии хонаҳои маданияти шаҳру ноҳияҳо диққати махсус медиҳанд. Маоши кормандони соҳа чандин бор зиёд шуд. Аз ҷумла бинои хонаи маданияти ноҳия аз нав таъмир гардид. Дастаҳои ҳунарӣ бо ҷиҳоз, асбобу ускунаҳои зурурӣ пурра таъмин шуданд. Мо ҳоло барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои ҳунарӣ ва расмӣ аз ин имкониятҳо истифода мебарем. Бешубҳа, аз ин ғамхориҳо рӯҳияти кормандони мо афзуд.
Моҳи майи соли равон дар ноҳияамон ҷашнвораи анъанавии «Баҳори Бойсун» доир гашт. Дар он дастаҳои ҳунарии «Шалола», «Бойсун», «Қуралай» бо тайёрии ҳамаҷониба: бо барномаҳои ҳунарӣ, саҳнавӣ, бадеӣ, фолклорӣ баромад карда, ба аҳсанту офаринҳои хориҷиён ва мухлисони доимии хеш сазовор гаштанд. Аз номи кумитаи тадорукоти ҷашнвора ҷамоаҳо бо дастгоҳи сабти овози сохти хориҷӣ ва мукофоти пулӣ тақдир гардиданд.  
Ба ҳамагон маълум аст, ки баъд аз истиқлоли кишвар бисёр қадриятҳои миллиамон умри дубора мебинанд. Аз он ҷумла, Наврӯзи оламафрӯз дар сартосари кишварамон ботантана таҷлил мегардад. Ин иди миллӣ дар куҳандиёри мо низ бо тайёрии махсус қайд карда мешавад. Дастаҳои ҳунарии хонаи маданият ба муносибати ин иди бошукӯҳ тайёрии ҳамаҷониба диданд ва дар вилоят бо баромадҳои дилангези хеш дили мухлисонро тасхир намуданд. Ғолибон барои иштирок дар таҷлили иди Наврӯзи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд. Дар байни роҳхатгирифтагон дастаҳои ҳунарии мо низ буданд. Баромади ҳунарии дастаҳои фолклори ноҳияи мо дар ҷашни Наврӯзи ҷумҳурӣ ба мухлисони зиёд писанд омад ва борҳо аз тариқи «оинаи нилгун» намоиш дода шуд.
Воқеаи хурсандибахше, ки дар ҳаёти ҳунарии санъаткорони мо имсол ба вуқӯъ пайваст, ин иштирок дар ҷашнвораи байналхалқии мақом буд, ки дар Шаҳрисабз доир гашт. Дар он дастаҳои ҳунарии мо ба тақдирномаҳои кумитаи ташкилии  ҷашнвора сарафроз гардиданд.
Ҳамаи ин дастовардҳои ҳунарӣ дар тӯли як сол натиҷаи заҳматҳои зиёди ҳунармандон буд. Пас аз чанде мо бо соли 2018-ум хайрбод гуфта, Соли нави 2019-ро истиқбол мегирем. Аҳли эҷоди шуъбаи маданият натиҷаҳои соли ҷориро таҳлил намуда, баҳри нақшаҳои оянда аз имрӯз тадбирҳои мушаххас меандешанд. Намунаҳои аввалини он дар рӯзҳои ҷашни Соли нав пешкаши аҳолии ноҳия, бахусус бачагони Бойсуни бостонӣ хоҳанд шуд. 
Ман аз фурсат истифода бурда, кулли мардуми санъатдӯсту ҳунарпарвари диёрамон, аз ҷумла рӯзномахонону мухлисони «Овози тоҷик»-ро бо Соли нав табрику муборакбод гуфта, ба онҳо умри пурбаракот ва бахту саодат орзу мекунам.
– Ташаккур, Соли нав ба шумову аҳли фарҳанги ноҳия низ хуҷаста бод!
– Миннатдорам.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: