ДАР БОРАИ ТАСДИҚ КАРДАНИ НАМУНАҲОИ ПАРЧАМ ВА ТАМҒАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ба мақсади таъмин намудани ягонагии мақомоти корҳои дохилӣ, дар рӯҳи садоқат ба Ватан тарбия кардани кормандон, иҷрои бечунучарои вазифаи хидматии ҳар кадоми онҳо – «Ба манфиати халқ хидмат кардан», ҳамчунин мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 апрели соли 2017 №ҚП-2883 «Дар бораи чораҳои ташкилии минбаъд такмил додани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ»:

1. Намунаҳои парчам ва тамғаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаҳои №№1 ва 2 тасдиқ карда шавад. 
2. Муқаррар карда шавад, ки тартиби тайёр кардан, истифода бурдан, нигоҳ доштани парчам ва тамға аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ карда мешавад.
3. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи роҳбари  Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ 
Шаҳри ТОШКАНД,
24 декабри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: