БАЁННОМАИ «МАЪРИФАТ ВА КУШОДАДИЛИИ ДИНӢ» – ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ТАШАББУСҲОИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар ин замон, ки зуҳуроти экстремизм ва терроризм дар ҷаҳон ба ҳадди аълои худ расидааст, нисбат ба намояндагони динҳои мухталиф муносибати оштинопазир мушоҳида мегардад.

Баённомаи «Маърифат ва кушодадилии динӣ» бо он аҳамияти махсус дорад, ки дар он масъалаҳои маърифат, таълим ва тарбия ҳамчун воситаҳои самарабахши аксуламал ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ пеш гузошта шудаанд.
Натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳад, ки тӯли 10 соли охир бино бар терроризм ба иқтисодиёти ҷаҳон дар ҳаҷми 583 триллион доллари ИМА зарар расидааст. Тӯли 15 соли охир дар натиҷаи амалиётҳои террористӣ 91 ҳазор шахсони бегуноҳ фавтидаанд. Аксарияти онҳо кӯдакон, занон ва куҳансолон мебошанд.
Мутаассифона, баъзе сохторҳои манфиатдор дини исломро, ки бино бар моҳияти худ дини сулҳу салоҳ ва башардӯстӣ ба шумор меравад, бо терроризм ва зӯроварӣ дар як саф мегузоранд ва дар натиҷаи он ба ташаккул ёфтани кайфияти манфӣ нисбат ба мусалмонон, ки дар олам 1,6 миллиард нафарро ташкил медиҳанд, ҳамчунин ба васеъ паҳн шудани эҳсосоти исломбадбинӣ мусоидат менамоянд. Ин дар навбати худ боиси сар задани зиддиятҳои наҷодиву динӣ, манбаъҳои нави зиддият дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон мегардад. Нафақат ба ислом, балки ба динҳои дигар низ вобаста кардани терроризм қатъиян нодуруст аст. Зеро дар пояи тамоми эътиқодҳои муқаддас ғояи арҷгузорӣ ба инсон, шоистаи эҳтиром ва иззат будани вай нуҳуфтааст.
Дар маърӯзаи таърихии худ дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Президент Шавкат Мирзиёев ба ин масъалаи рӯзмарра эътибори махсус дода, аз ҷумла зикр карда буд: «Мо дини муқаддаси худро ба сифати суннатҳои бебаҳои хеш азиз медонем. Мо онҳоеро, ки дини мубини моро бо зӯроварӣ ва хунрезӣ дар як саф мегузоранд, қатъиян маҳкум мекунем ва ҳеҷ гоҳ ба онҳо розӣ намешавем. Ислом моро ба некӯиву сулҳу салоҳ, ҳифз кардани асолати воқеии инсон даъват менамояд».
Ин муносибати одилона мавзӯи баррасии васеъ дар доираҳои байналхалқӣ гардид. Дар баённомаи 2396-уми Шӯрои амнияти СММ аз 21 декабри соли 2017-ум махсус қайд карда мешавад: «Терроризм ва экстремизми зӯровар, ки барои терроризм муҳити мусоид фароҳам меоваранд, наметавонанд ва набояд бо ягон дин, миллат ё худ тамаддун вобаста карда шаванд».
Моҳияти баённомаи «Маърифат ва кушодадилии динӣ»-ро, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон барои ҳифзи сулҳу салоҳ ва оромӣ, таъмин сохтани кушодадилии динӣ қабул гардид, дар ҷиҳатҳои зерин метавон мушоҳида кард.
Якум, баённома дастгирии фаъоли ташаббусҳои диниву маърифатии Президенти Ӯзбекистонро нафақат аз ҷониби халқи мо, балки аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ собит менамояд.
Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон, марказҳои байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Академияи байналхалқии исломи Ӯзбекистон лоиҳаҳои бузурги дараҷаи байналхалқӣ ба шумор мераванд. Моҳияти ташаббусҳои мазкур аз он иборат аст, ки паҳншавии ғояҳои исломи бамаърифат аз Ӯзбекистон, ки бунгоҳи илм, маърифат ва фарҳанг, идомадиҳандаи анъанаҳои мактаби таърихӣ буда, дар Мовароуннаҳр бобати паҳн кардани моҳияти воқеан инсонпарваронаи дини муқаддаси мо ташаккул ёфтаанд, ба шумор меравад ва муборизаи аз ҳама самарабахши «Маърифат бар муқобили ҷаҳолат» мегардад.
Дуввум, баённомаи «Маърифат ва кушодадилии динӣ», ки ба ҳаллу фасли мушкилоти ҳоли ҳозир мураккаб, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, аз ҷумла терроризм, экстремизм, зӯроварӣ, тоқатнопазирӣ нигаронида шудааст, илм ва маърифат, муносибати одилона ва рӯшодро нисбат ба дигарон ва сиёсати сулҳҷӯёна тарғибу ташвиқ мекунад.
Тавре ки коршиносони машҳур ва намояндагони доираҳои илмии тамоми ҷаҳон таъкид менамоянд, истифодаи усулҳои нирӯӣ бар муқобили таҳдидҳои амният худро сафед намекунанд.
Таҳлили фаъолияти 38-солаи созмонҳои экстремистӣ дар тамоми ҷаҳон нишон медиҳад, ки танҳо дар 7 фоизи ҳодисаҳо фаъолияти гурӯҳҳои зӯроварӣ аз тариқи дахолати силоҳ, 40 фоиз бино бар роҳи сулҳхоҳона, яъне аз тариқи баргузор кардани гуфтушунидҳои сиёсӣ ҳаллу фасл шудаанд.
Таклиф ва ташаббусҳои Ӯзбекистон бобати ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон, дастгирӣ намудани амният ва рушди муътадил дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин ғояро таҷассум мекунанд.
Саввум, мақсади асосии ҳуҷҷати мазкур ин кӯмакрасонӣ барои таъмин гардидани ҳуқуқи тамоми шаҳрвандон ба дарёфти таълим, решакан кардани ҷаҳолат ва бесаводист.
Бино бар хулосаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва ҷаҳони ИМА яке аз шартҳои муҳими пешгирӣ намудани терроризм, таъмин сохтани сулҳу салоҳ ин сармоягузорӣ ба соҳаи таълим мебошад.
Аз ҷумла, дар олами ислом эътибор ба рушди илму таълим, ҷорӣ кардани таҷрибаҳои пешқадам, мувофиқи талаботи замон омӯзондани ҷавонон беш аз пеш меафзояд.
Чаҳорум, баённомаи мазкур ба сифати шарти муҳими таъмин намудани муҳити муътадили маънавӣ дар ҷомеа суннатҳои зерин, аз ҷумла дастгирӣ кардани эҳтиром ва ҳусни тафоҳуми тарафайни одамони дорои эътиқодҳои мухталифи динӣ, роҳ надодан ба зӯровариро талқин мекунад.
Таҷрибаи бисёрсолаи таърихии Ӯзбекистон собит менамояд, ки кушодадилии динӣ аз омилҳои муҳими ҳаёти орому осудаи намояндагони эътиқодҳои мухталиф, пешрафти давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Саъю кӯшишҳои умумии халқи сермиллати мо барои таъмин сохтани осоиш дар мамлакат, шукуфоии Ватан суръати васеъмиқёс ва фарогири ислоҳотеро, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, таъмин менамояд.
Умуман, баённомаи мазкур аз сазоворона эътироф гардидани ташаббусҳои рӯзмарра ва саривақтии Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ оид ба қарор ёфтани сулҳу салоҳ дар сайёра, пешгирӣ намудани зиддият ва нофаҳмиҳо, аз байн бардоштани тамоми шаклҳои тоқатнопазирӣ шаҳодат медиҳад.

Шаҳзод ИСЛОМОВ,
диншинос.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: