СОҲИБКОРОНИ ҶАВОН – ОЯНДАИ МО

Тӯли солҳои охир бо ташаббуси Президент ва ҳукумат дар масъалаи баланд бардоштани сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

 Аз ҷониби Сарвари давлат имзо гардидани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон» аз 14 сентябри соли 2016, бобати таъмин кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои авлоди ҷавон дастуруламали муҳим гардид. 
Дар асоси фармон ва қарорҳо ба сифати авлоди баркамол ба воя расидани ҷавонон, мувофиқи андозаҳои байналхалқӣ таълиму тарбия гирифтан, бо соҳибкорӣ шуғл варзидан ва бо ҷойи кори доимӣ банд кардани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Аз ин рӯ, ба мақсади ҳамаҷониба дастгирӣ намудани фаъолияти соҳибкории ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои ҷалби фаъоли онҳо ба тиҷорат, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фарогирӣ, ҳамчунин бобати амалӣ намудани вазифаҳои Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 Фармони сарвари давлат «Дар бораи Барномаи давлатии «Yoshlar – kelajagimiz» аз 27 июни соли 2018, нақши муҳим мегузорад. Баъди қабул шудани фармони мазкур дар назди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Бунёди «Yoshlar – kelajagimiz» ва бахшҳои ҳудудии он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардид, ки имрӯз аз ҷониби онҳо дар ин бобат корҳои зиёд амалӣ мешаванд.  
– Ба мақсади таъмини иҷрои фармони мазкур, ки бобати дастгирӣ ва ба амал баровардани ташаббусҳои тиҷоратӣ, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳои ҷавонон, хонондани ҷавонони бешуғл аз рӯи ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст, ҳамчунин, баланд бардоштани фаъолии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва таъмини шуғли онҳо нақши муҳим дорад, аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳурӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Ба мақсади таъмини иҷрои фармони номбурда аз 10 июли соли ҷорӣ қарори ҳокими вилоят тасдиқ гардид, ки мувофиқи он бинобар рушди соҳибкории ҷавонон фаъолияти таркиби комиссия ва штаби кории вилоятӣ роҳандозӣ гардид, – мегӯяд муовини якуми раиси Шӯрои Иттифоқи ҷавонони вилояти Тошканд Бахтиёр Широв. – Мувофиқи қарор таҳти роҳбарии муовинони ҳокимони шаҳру ноҳияҳои вилоят бинобар корҳои маънавию маърифатӣ, рушди иҷтимоӣ ва сиёсати ҷавонон, муовинони доир ба масъалаҳои ҷавонони роҳбарони бахшҳои корҳои дохилии ҳудудӣ, раисони шӯрои иттифоқи ҷавонони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони маркази кӯмакрасон ба соҳибкорӣ комиссияҳои рушди соҳибкории ҷавонон ташкил шуд. 
Бояд гуфт, ки аз 10 июл то 2 августи соли ҷорӣ дар вилоят бобати таъмини иҷрои Барномаи давлатии «Yoshlar – kelajagimiz», ҳамчунин бинобар дастгирӣ кардани хоҳиши аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон ба соҳибкорӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо чораҳои комплексӣ амалӣ шуданд.   
Бинобар гуфти Б.Широв дар доираи иҷрои ин барнома 22 штаб ва комиссияҳои шаҳру ноҳиявӣ, дар миқёси 1010 маҳалла 357 гурӯҳи кории байниидоравӣ ташкил шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ аз 617 ҳазору 240 хонаводаи 1010 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои мавҷудаи вилоят ба 553 ҳазору 81 хонавода хона ба хона даромада, 34 ҳазору 201 муаммое, ки вобаста ба соҳаҳои гуногун барои аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон мушкилӣ эҷод мекунад, муайян гардид. Беш аз 1 ҳазору 330-тои онҳо дар ҷойи худ ҳал гардида, 32 ҳазору 868-тои онҳо ба «харитаи роҳ» дохил карда шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар байни 631 ҳазору 108 нафар ҷавонон пурсишҳои иҷтимоӣ ва аз тарафи аъзои штабҳо мулоқотҳои ошкоро гузаронда шуда, ба шароити зиндагӣ ва фаъолияти иҷтимоии ҷавонон «ташхис»-ҳо гузоштанд. 
Тавре ки Бахтиёр Широв қайд кард, алҳол дар доираи барнома беш аз 12 ҳазору 210 нафар ҷавонон ба мақсади оғоз бахшидани фаъолияти соҳибкории худ барои гирифтани зиёда аз 143 миллиард сӯм вом дархост кардаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби онҳо беш аз 35 ҳазору 320 ҷойи нави корӣ ташкил мегардад. Дар доираи барномаи мазкур то охири соли 2018 ба 2 ҳазору 438 нафар ҷавонон ҷудо намудани 76 205 миллиард сӯм воми имтиёзнок ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он ба 4 ҳазору 226 нафар ҷавонон ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад. 
Бояд гуфт, ки ба мақсади фароҳам овардани ҷойи корӣ ба ҷавонон дар асоси қарори ҳокимони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои сохтмони 24 иншооти хидматрасонии маишӣ биноҳои холӣ ва заминҳо ҷудо гардида, дар ҳолати ҷалби соҳибкорони ташаббускор корҳои сохтмон пеш бурда мешавад. Ҳамчунин ба мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар 2 шаҳру ноҳия барои марказҳои коворкингии «Соҳибкорони ҷавон» замин ҷудо шуд. 

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: