ҲИМОЯИ ВАТАН – ВАЗИФАИ ШАРАФНОК

Дар пойтахт бахшида ба 27-солагии ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи ҳимоягарони Ватан суҳбати «мизи мудаввар» доир гашт.

Дар он ректори ДМӮ ба номи М.Улуғбек А.Мараҳимов, раиси Идораи бунёди «Нуроний»-и ҷумҳурӣ Ш.Ҷалилов, генерал-полковник Р.Аҳмедов, профессор Ю.Абдуллоев ва дигарон маърӯза карда, оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва таҳти роҳбарии Президент Ш.Мирзиёев корҳои пешомадноки дар ин соҳа амалишаванда изҳори назар намуданд.
Дар тадбир таъкид гардид, ки дар чунин замони муташанниҷ, пеш аз ҳама, огоҳиву ҳушёриро аз даст надода бояд кор барем. Зеро барои халқи мо тинҷиву осоиштагӣ лозим аст. Содиқона ҳимоя кардани ҳар як ваҷаб сарзамини Ӯзбекистон вазифаи асосии ҳар якеи мост. Аксарияти мардуми дунё чунин кишвари тинҷу осоишта ва соҳибистиқлолро орзу мекунанд.
Дар чорабинӣ дар қатори дигарон донишҷӯёне, ки дар донишгоҳ дар баробари омӯзиши фанҳои соҳаи худ инчунин таълими ҳарбӣ меомӯзанд, низ баромад карданд.
Пештар ҳангоми ба сафи артиш рафтани писарон модарони онҳо ашк дар чашм гусел мекарданд ва шабу рӯз дар фикри саломатии фарзандони худ азият мекашиданд, ҳоло бошад, бо хушнудӣ, хандаву хушҳолӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда, ифтихор мекунанд, ки фарзанди онҳо низ қарзи худро назди Ватани маҳбуб адо мекунад. Пештар, бинобар душвориву машаққатҳои соҳа баъзеҳо кӯшиш мекарданд, ки роҳе ёфта ба аскарӣ нараванд, ҳоло бошад, баръакси чунин ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ҷавонон ихтиёрӣ барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан саъю талош мекунанд. Дарҳақиқат, шароит ва имтиёзҳое, ки бо ташаббуси Президенти кишвар ба намояндагони соҳаи ҳарбӣ фароҳам оварда шуд, боиси дилгармии ҷавонон ба хизмату ҳимояи Ватан мегардад.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: