ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 декабр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи телефон суҳбат кард.

Дар аввали мулоқот роҳбарони ду давлат ба муносибати фаро расидани Соли нав якдигарро самимона муборакбод гуфта, ниятҳои нек таманно намуданд.
Самтҳои пешомаднок ва лоиҳаҳои аниқи амиқсозии шарикии сернақша, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналхалқӣ баррасӣ гардиданд. 
Суръати пуршиддат касб намудан ва  ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардошта шудани рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон қайд гардид. 
Ба ин, пеш аз ҳама, созишномаҳое, ки бино бар ҷамъбасти ташрифҳои давлатии таърихии сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли ҷорӣ ба даст омаданд, мусоидат намуданд.
Тартиби бераводид ҷорӣ гардида, кори тамоми нуқтаҳои гузариши сарҳадҳои давлатӣ аз нав ба роҳ монда шуданд. Мубодилаи мунтазами байни минтақаҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шуданд.
Таҳти раёсати сарвазирон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ сермаҳсул кор мекунад.
Роҳбарони ду мамлакат ба дараҷаи назаррас афзудани ҳаҷми муомилоти дутарафаи молро бо қаноатмандӣ қайд намуданд. Дар соҳаи интиқоли беисти қувваи барқ ва гази табиӣ ҳамкории муфид амалӣ гардида, равуои нақлиёти мунтазами автомобилӣ ва ҳавоӣ ба роҳ монда шуд.
Президентҳо бо қаноатмандӣ пайваста васеъ гардидани мулоқоти маданиву гуманитарӣ, иштироки мунтазами ҷамоаҳои эҷодии ду мамлакатро дар чорабиниҳои мухталифе, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузаронда мешаванд, бо қаноатмандӣ қайд намуданд.
Дар Тошканд ва Душанбе шабҳои дӯстӣ бомуваффақият гузаронда шуданд, ки аз қаробати маданиву маънавии мамлакату халқҳои бародар далолат медиҳанд. Дар Душанбе ва Самарқанд пайкараҳои Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шуданд.
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар бобати минбаъд васеъ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, инчунин шарикии стратегӣ баҳри манфиати халқҳои бародари Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саъю кӯшиши қатъӣ доранд. 
Дар хотима президентҳо бори дигар якдигарро муборакбод намуда, дар Соли нав ба халқҳои бародар беҳбудӣ, фаровонӣ ва шукуфоӣ хостанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: