МАҚСАДИ АСОСӢ — НЕКӮҲОЛИИ ХАЛҚ ВА ШУКУФОНИ ВАТАН

Боз Соли нав омад.

Мардум сертараддуду серкор бошанд ҳам, чеҳраашон хандон аст. Зеро ҳаётамон осуда, дастархонамон фаровон ва мақсади асосии сарвари давлат беш аз пеш беҳсозии сифати дараҷаи зиндагонии мардум ва шукуфоии бештари Ватан мебошад. Боз як гап, ҳама фаҳмиданд, ки барои ҳаёти хушбахтона, хуб меҳнат кардан лозим аст.
Ин ҳикматро ҳамаи мо аз маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаҳмидем ва дарк намудем. Роҳбари кишвар дар суханронии худ қайд кард, ки роҳи мураккаб ва дар як вақт мунаввари тӯли солҳои истиқлолият тайнамудаи халқи Ӯзбекистон қувваи эҳёгарона ва зарфияти баланди Қонуни Асосии моро собит менамояд.
Воқеан, соли гузашта чун давраи чорабиниҳои амалӣ бобати таъмин кардани манфиатҳои халқ ва боз ҳам ободу зебо гардидани ҳар як гӯшаву канори мамлакатамон дар саҳифаи таърих бо хатҳои зарҳалӣ сабт хоҳад шуд. Зеро мақсаду мароми Президент «Халқи мо на фардо, на дар ояндаи дур, балки имрӯз бояд хуб зиндагӣ кунад» аст. Мақсади ислоҳоти доманфарох, ки дар мамлакат тадбиқ мегардад, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва ба вуҷуд овардани шароити муносиби ҳаёти мардум мебошад. 
Бо салоҳдиди роҳбари давлат барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» қабул гардиданд, ки сарчашмаи корҳои бунёдкорӣ ва куллан беҳсозии ҳаёти осудаи аҳолӣ мебошанд. Боз як ҷиҳати муҳими ду соли охир он аст, ки муносибатҳои дӯстона ва муфиди тарафайн бо мамлакатҳои ҳамсоя беҳтар шуд, пулҳои дӯстии байни халқамон барқарор гардиданд.
Алалхусус, соли 2018 дар таърихи муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон давраи муҳимтарин гардид. Мо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар кушода шудани гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм иштирок кардем. Он айём хурсандии мардуми ду кишвар интиҳо надошт. Ин навгонии таърихӣ натиҷаи ташаббус ва ҷасорати ду абармарди майдони сиёсат – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар тамоми имкониятҳо  фароҳам оварда шудаанд. Ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар мамлакатҳо таҳкиму густариш пайдо карда, муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо мустаҳкамтар мешаванд.
Дар арафаи Соли нав барои ҳамаи мо – мардуми Ӯзбекистон хушхабар паҳн шуд, ки онро бо ҳисси шодмонӣ қабул кардем. Ассотсиатсияи журналистони Осиё (AJA) Президент Шавкат Мирзиёевро «Одами соли 2018» эълон кард. Роҳбари мамлакати мо дар номинатсияи «сиёсат» пирӯз гардид. 
Чанде пеш як гурӯҳ меҳмонон аз Тоҷикистони бародарӣ ба Самарқанд ташриф фармуданд, ки дар байни онҳо сармуҳаррири рӯзномаи «Зарафшон» (Панҷакент) Луқмон Қурбон ҳам буд. Вай пас аз табрику муборакбодиҳо бо Соли нав иброз дошт, ки халқи Ӯзбекистони офтобрӯя, бигузор дар соли 2019 низ ба комёбиҳои калон ноил шавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон.

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: