БОБОИ БАРФӢ ДАР КӮҲСОР

Табобатхонаи «Шифо»-и бачагонаи махсуси вилоятӣ барои пешгирии хастагии шуш дар деҳаи хушҳавои Оҳалик ҷойгир аст.

Ҳоло дар сиҳатгоҳ қариб сад нафар писаракону духтаракони синни мактабхон ғайр аз барқарор кардани саломатӣ ҳам таълиму ҳам тарбия мегиранд.
Ҳокимияти ноҳияи Самарқанд барои онҳо базми иди Соли навро ташкил кард. Ба ҳамин муносибат базми бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Сипас бо таклифи баранда ҳозирон нидо дода, Бобои барфиро даъват намуданд, ки вай бо Барфак ва халтаи тӯҳфаҳо дар китф пайдо шуд.
Вай гуфт, роҳи дарозро тай намуда, аз кӯҳсор гузашта омадааст, ки ба бачаҳо хурсандӣ бахшад. Ана баъд рақсу бозӣ оғоз ёфт. Иштирокчиёни базм соҳиби халтачаҳои пури ширинӣ шуданд. Ҳомиён дастархони пурнозу неъмат густурда, бо таомҳои пурғизо зиёфат доданд.
Ҳокими ноҳия Шуҳрат Ҷамолов ҳозиронро табрик гуфт.
– Табобатхонаи мо таърихи 90-сола дорад, – иброз дошт мудири шуъба Шаҳриёр Бӯстонов, – аксарияти биноҳо  таъмирталабанд. Ҳоким ваъда дод, ки соли оянда бинои нав барои 200 нафар бачагони саломатиашон муҳтоҷи табобат бунёд мегардад.
Раиси шӯрои занону духтарони ноҳия Зулфия Рофеева низ ба фарзандони камбизоати Оҳалик туҳфаҳои солинавӣ супурд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: