БУНЁДКОРИҲО ДАР ШАМСИКӮЛ

Мувофиқи Фармони роҳбари мамлакатамон дар бораи Барномаи давлатии «Деҳаи обод», ки аз 29 марти соли 2018 амалӣ мегардад, дар деҳаҳои дурдасти кишварамон низ бунёдкориҳои васеъмиқёс ба роҳ монда мешаванд. Ҳамаи ин чорабиниҳо барои фаровонии халқамон хидмат мекунад.

Маҳаллаи Шамсикӯли ноҳияи Намангони вилояти Намангон дар ноҳия ягона маҳаллаест, ки қисми асосии аҳолиаш тоҷиконанд. Дар маҳалла Шамсикӯл, Боғкӯча, Сой соҳили, Янги ҳаёт ва Баркамол авлод барин кӯчаҳо мавҷуд буда, баъди дар маҳалла татбиқ шудани Барномаи давлатии «Деҳаи обод» ба кӯчаҳо қубурҳои оби ошомиданӣ оварда шуд. Барои таъминоти барқ  ба кӯчаҳои Шамсикӯл ва Янги ҳаёт 2 трансформатори нав васл гардид. Ба кӯчаҳо шағал хобонида ва онҳо ба мумфарш кардан омода карда мешаванд.
Мувофиқи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» 60 нафар занону духтарони маҳалла бо мошини дӯзандагӣ ва як қисми аҳолӣ бо 470 адад баллони газ таъмин гардиданд. Аз тарафи иттиҳодияи тиббии ноҳия ба 6 нафар ногироҳо аробачаҳо супурда шуд. Соҳибкорон Олимҷон Искандаров, Акмалхон Мамахонов аз ҳисоби маблағашон гармхона ташкил намуданд. Абдумӯъмин Мамаҷонов аз ҳисоби маблағаш маҷмӯи сеошёнаи хидматрасонии савдо ва маиширо бунёд кард. Ҳидоят Холбоева, Фотима Набиева, Баҳодур Ҷӯраев, Муҳаммадҷон Қосимовҳо аз ҳисоби воми имтиёзноки бонк соҳибони чорвои калони шохдор гардиданд.
Дар корҳои сохтмону таъмири мактаб бинокорони гулдасти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бинокор имкон дизайн» бо сарварии Ҳошимҷон Ҷӯраев, ҳисса мегузоранд. Дар ин ҷода Абдухалил Аҳмадҷонов, Тоҳир Ҳикматуллоев, Мухторҷон Ҷӯраев, Мансурҷон Саматовҳо бо меҳнати шоёнашон ба дигарон намунаи ибрат мегарданд.
Дар маҳалла корҳои ободонию бунёдкориҳо давом мекунанд. 

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».    
   
Вилояти НАМАНГОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: