ТАШВИШУ ТАРАДДУДИ ОМӮЗГОР

Баландчақир – маркази маъмуриву мадании ноҳияи Янгиобод буда, аз шаҳри Ҷиззах беш аз сад километр дур аст.

Ноҳия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Як сӯ, наздики кӯҳҳои Шаҳристон – Шаҳристон, баъд Истаравшан ва поёнтар Зафаробод – ноҳияҳои давлати ҳамсоя мебошанд, ки ба Янгиобод наздиканд. Гузаргоҳҳои сарҳадии «Қушканд» ва «Учтургон» ҳам дар ҳамин ҷост.
Ба наздикӣ ба ин ноҳия сафари корӣ доштам. Нахуст бо муовини ҳокими ноҳия Азизбек Нишонов вохӯрда, матлаби худро  баён намудам. Ӯ ба раиси ҷамоати маҳаллаи «Дӯстлик» занг зад. Баъде, ки дар тамос шуда натавонист, қарор кард, ки то мактаби рақами 6-уми деҳаи Чаканд маро ҳамроҳӣ кунад.
Мактаби Чаканд зиёда аз сад нафар хонанда дорад. Азбаски директори мактаб ба бозомӯзӣ фиристонида шудааст, қариб ҳамаи коргузориҳо бар зиммаи ҷонишини директор оид ба корҳои маънавиву маърифатӣ Мавҷуда Турдиева вогузор шудааст.
То танаффус ба синфҳо даромада ҷараёни дарсро мушоҳида кардем. Хонандагони синфи 9 ба рӯзи ид тайёрӣ медиданд.
Дар синфи 8-ум омӯзгор Олимҷон Қурбонбоев дарси адабиёт мегузашт. Хонандагон Гулноза Бекназарова, Гулзода Аҳрорқулова шеъру ғазалҳои азёд намудаашонро қироат карданд.
Девори ин синф ва долони мактабро плакатҳои зиёди аёнӣ доир ба фанни адабиёт зеб медод. Маълум гардид, ки чанд сол қабл аз ин онро аз ҷумҳурии ҳамсоя овардаанд. Дар ашёҳои аёнӣ бештар ҳасби ҳоли шоирони классик ҷо дошт.
– Вақти он расида, ки намунаҳои осори бузургони адабиёт ба шакли китобҳои алоҳида дар ҷумҳуриамон ба чоп расанд, – мегуфтанд омӯзгорони мактаб. – Аз норасоии китобҳои бадеӣ, хусусан, осори намояндагони адабиёти классикӣ ташвиш мекашем. 
– Синфи якум ҳамагӣ нӯҳ нафар хонанда дорад, – гуфт муаллимаи синфи ибтидоӣ Шоира Мирмуҳаммедова. – Хонандагон бо асбобҳои зарурии хониш муҷаҳҳазанд. Онҳо даҳҳо шеър дар васфи Ватан, парчами давлатӣ, истиқлол медонанд.
Назар ба гуфти китобдори мактаб Гулбаҳор Шамсиддинова оид ба баланд бардоштани дараҷаи китобхонии хонандагони мактаб тадбирҳои гуногун гузаронида мешаванд. «Ба як фарзанд се китоб», «Беҳтарин китобхон», «Оилаи китобхон» аз ҳамин қабиланд. 
Мутаассифона, адабиёти бадеӣ ба забони тоҷикӣ дар китобхона ниҳоят кам аст. Фақат ду нусха «Афсонаҳои халқи тоҷик» ва «Рӯзгори мозӣ»-и Абдулло Қодирӣ, ки ба тозагӣ ба тоҷикӣ  баргардонида шудааст, ба назар мерасад.
Дар вақти танаффуси калон дар хонаи омӯзгорон бо онҳо суҳбат оростем. 
Омӯзгорон аз муаммоҳо ва мушкилиҳои мавҷуда дарди дил карданд. 
Аз ҷумла, Хуршеда Гулмуродова иброз дошт, ки ба мо ба ҷои «Булбулча доно» рӯзномаи «Булбулча» омад. Хуб мешуд, ки ҳайати таҳририяти рӯзномаи мазкур инро ба назорат гирад. Эй кош, дар оянда маҷаллаи тоҷикӣ низ ташкил карда шавад. 
Собиқ директори мактаб Боймурод Ҷабборов доир ба аҳамияти рӯзнома ҳарф зада ибрози ақида намуд, ки худам рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро муттасил мехонам. Бисёр мақолаҳои таҳлилӣ мебарояд. Мо бояд онро дастгирӣ кунем.
Бинобар суҳбати омӯзгорон маълум шуд, ки аз сабаби бетонӣ будани девори мактаб бо ёрии гази табиӣ гарм кунонидани синфхонаҳо мушкил аст. Сметаи таъмири бино тасдиқ шудааст, аммо то ҳол бо баҳонаи он ки пул ҷудо нагардидааст, коргарон ба кор намепардозанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: