ҶАВОНОНИ ШУҶОЪ ВА ЧОЛОК БОЯД ТАРБИЯ ЁБАНД

Дар чаҳорчӯби «Моҳонаи ватанпарварӣ», ки аз 15 декабр то 15 январ бар асоси қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чорабиниҳо оид ба тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи ҳимоягарони Ватан» мегузарад, дар вилоят чорабиниҳои зиёд роҳандозӣ мешаванд.

Яке аз чунин чорабиниҳо дар варзишгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Фарғона баргузории фестивал таҳти фармондеҳии Округи ҳарбии шарқӣ ва дар ҳамкорӣ бо садорати мудофиаи вилоят, сарбозони Гвардияи миллӣ, ҳамчунин гурӯҳҳои тезкори идораи вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят мебошад. Ба он аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷавонони зиёд даъват карда шуданд. Онҳо ҳунару маҳорати гурӯҳҳои гуногунро бо шавқу шӯр тамошо карданд. Истифода аз техника ва анҷомҳои низомӣ шукӯҳи фестивали мазкурро боз бештар боло бурд.
– Баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар бобати  афзоиши ҳисси ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳамзамон дар ҷавононамон ташаккул додани хислату фазилатҳои ҷасорату мардонагӣ хеле мусоидат хоҳад кард,– гуфт фармондеҳи Округи ҳарбии шарқӣ, полковник Шуҳратҷон Абдуллоев.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи  гурӯҳи тоҷикии факултети 
филологияи ДДФ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: