ОЛАМИ НАБОТОТ – МАВРИДИ МУҲОФИЗАТ

Дар «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур оиди табиати нотакрор, манзараҳои дилангез, акс ва кандакориҳои пурасрори танаи шахҳо ва олами бойи набототи кӯҳистони Сӯх низ маълумотҳои дақиқ мавҷуданд.

Сайёҳ ва муҳаққиқи рус А. П. Федченко солҳои ҳафтодуми асри XIX чанд муддат дар Сӯх истиқомат намуд ва корҳои тадқиқотӣ пеш бурд. Баъди бозгашт ба диёри худ хотираҳо навишт ва, аз ҷумла, қайд намуд майдони аҳолинишини Сӯх, ки воқеъ дар соҳили рости дарёст, бо долу дарахт, ҷангалистон ва умуман гулу гиёҳҳояш диққатҷалбкунанда мебошад.
Ҳафриёт ва тадқиқотҳое, ки хоссатан дар солҳои 1950-1960 аз ҷониби Фарҳангистони улуми таърих ва бостоншиносии собиқ ҶСС Ӯзбекистон рӯи кор омаданд, бо саъйи Яҳё Ғуломов, Аҳмадалӣ Асқаров, Ӯткир Исломов барин муаррих ва қадимшиносони номвари ӯзбек самараи дилхоҳ бахшида ва ба бисёр саҳифаҳои торики гузаштаи Сӯхи бостон равшаниҳо андохтанд.
Мегӯянд, аввалин маълумот дар бораи Сӯхи қадима аз ҷониби мутафаккири дунёи қадим Плиний дода шудааст. Вай навиштааст: «Аз Сӯх ба шарқ... то Бохтар роҳи сабук (осон) мавҷуд мебошад».
Дар осори мунтахаби академик В. В. Бартолд, ҳамчунин, дар асри дуюми солшумории пеш аз милод чун яке аз шаҳрҳои қадимтарин вуҷуд доштани Сӯх алоҳида қайд шудааст.
Олимон – муҳаққиқоне, ки аз Сӯх баромадаанд, дар навбати худ, дар асоси такя ба сарчашмаҳои муътамад корҳои зиёди тадқиқотӣ пеш бурданд. Номзади илмҳои таърих Усто Ҷаҳонов дар китоби худ «Земледеление таджиков долины Соха в конце XIX – начало XX в-в», (Душанбе, 1989), номзади илмҳои  таърих Ӯринбой Сӯфиев дар асараш «Деҳвайрон андар Сӯхи бостон» (Тошканд, 2011) махсусиятҳои олами набототи Сӯхро сарфи назар накарданд. 
Дар илми табобат ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш таҷрибаи бой доштани дорушиносҳои маҳаллии Сӯхро номзади илмҳои таърих Абдувоҳид Йӯлдошев, муҳаққиқ Фарҳод Ҷӯраев дар қайдномаҳои худ таъкид карда гузаштаанд.
Соли 2015  Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Чӯлпон (ш. Тошканд) китоби омӯзгори фанҳои химия-биология (шодравон) Собитҷон Асқаровро бо унвони «Рустаниҳои шифобахши Сӯх» аз чоп баровард, ки онро Академияи фанҳои табобатии Ӯзбекистон ба нашр тавсия намудааст. Муқарризони  китоб профессор Иброҳимҷон Асқаров ва олими набототшинос Холназар Ӯролзода. Муаллиф С. Асқаров ҳамчун биолог ва рустанишинос солҳои зиёд ба тадқиқи хосиятҳои шифобахши наботот машғул гардид, дар вазъи истифода кардан аз адабиётҳои илмии соҳа дар бораи таркиб, хусусият ва ҳатто дар кадом ҷой ва маҳалҳои Сӯх вохӯрдани рустаниҳое, ки хусусиятҳои давоӣ доранд, бобати омодасозии дорувор дар шароити хона маълумотҳои дақиқ ва муфассал пешниҳод намуд.
Бармеояд, воҳа бо олами рустаниҳои худ аз қадим таваҷҷӯҳи умумро ба худ кашида ва имрӯз, айни замон, зиёда аз 300 навъ гиёҳҳои шифобахшаш чун воситаҳои давоӣ дар фитотерапеяи замонавӣ мавриди истифода аст.
Рустаниҳое, ки дар ҳаёти инсон бо хусусиятҳои нотакрорашон мавқеи муҳим доранд ва шифобахш мебошанд, дар навбати худ, ба парваришу нигоҳубин муҳтоҷанд.
Қарори Президент Шавкат Мирзиёев таҳти рақами ПҚ-3626 аз 28 марти соли 2018 ва қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 734/1883 аз 18 сентябри соли 2018 дар бораи беҳтар гардонидани ҳолати фитосанитарии маҳсулот, аз касаливу зараркунандаҳо эҳтиёт намудани олами наботот, баланд бардоштани сифати маҳсулоте, ки аз рустаниҳо омода карда  шудаанд, омодасозии кадрҳои рустанишинос ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, дар тамоми ноҳияҳои мамлакат ташкил намудани клиникаи рустаниҳо дастуруламал ва ҳуҷҷати муҳими қонунианд. 
Фикр мекунем, татбиқи амалии худ ёфтани нуктаҳои қарорҳои мазкур дар ноҳияи Сӯх, ки олами ғании набототро молик аст, аҳамияти алоҳида касб менамояд. Ба наздикӣ дар ноҳия клиникаи рустаниҳо созмон ёфт, ки ба он соҳибкор Беҳрӯз Имомназаров сарпарастӣ менамояд.
Мо бовар дорем, клиникаи навташкил бобати пешгирӣ намудани беморӣ байни рустаниҳо, ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ дар мубориза алайҳи зараркунандагони зироатҳои кишоварзӣ, ташкили сифатноки содирот ва воридоти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, пеш бурдани корҳои тадқиқотию пажӯҳишӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа, ба кор таъмин намудани кадрҳои ҷавон, ки тахассуси ботаникиро фаро гирифтаанд, хидмати сазовор мекунад. 

Бурҳоналӣ ҒОИБОВ, 
нозири муҳофизати рустанӣ ва карантини 
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: