ТАҚВИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР МУАЙЯН КАРДАНИ СОЛИ НАВ

Чӣ будани таърих ҳамчун фан ба ҳамаамон маълум.

 Солҳо ва моҳҳое, ки сипарӣ шудаанд, таърихро ташкил менамоянд. Солҳоро бо рақамҳо, моҳҳоро бошад, бо ном ва рақамҳои римӣ ифода кардан аз давраҳои пеш расм шудааст. Бо тақвим, ки онро календар низ гӯянд, ҳар яки мо кордор шудаем. Тақвим, айни замон, таърихи деринро молик аст. Он дар омӯзиши таърих аз нигоҳи хронологӣ аҳамияти махсус касб намудааст. Бо ифодаи дигар, тақвим фаннест, ки воҳиди ченаки вақтро ҷиҳати ба сол ва моҳҳо тақсим шудани таърих ифода менамояд.
Яке аз шахсиятҳои маъруфе, ки ба ташаккули тақвим ҳисса гирифт, императори Рими қадим Юлий Сезар мебошад. Баъдтар бо саъй ва ҳаракати Папа Григорий XIII тақвим шаклеро ба худ гирифт, ки алъон мо истифода менамоем. Тақвим  ба ҳар забони дунё ҳар хел ифода шавад ҳам, нахустин тақвиме, ки ба истифода доир гашт, маънои «қарз гирифтан»-ро дар худ муҷассам намуда буд.
Ба манбаъҳо муроҷиат карда, ба 3 навъ ҷудо гардидани тақвимро фаҳмидан мумкин.
Дар тақвими моҳ як сол аз 354 (355) шабонарӯз иборат буда, моҳ  бо рух намудани моҳи нав (ҳилол) оғоз меёбад. Масоҳат байни бадр (моҳи пурра) ва ҳилол 29 шабонарӯзу 12 соату 44 дақиқаю 3 сонияро ташкил менамудааст. Ин тақвим, назар ба маълумотҳо, дар Бобул ва Мовароуннаҳр дастгирӣ меёфт.
Тақвими моҳу офтоб ба ҳаракатҳои моҳ ва офтоб вобастагӣ дошта, дар Рим, Юнон ва Чин истифода мегашт. Мувофиқи он 1 сол аз 12 моҳ ва ҳар моҳ аз 30 ё худ 29 шабонарӯз иборат.
Тақвими офтоб бошад ба ҳаракатҳои офтоб вобастагӣ дошта, як сол аз 12 моҳ ва 365 рӯз иборат аст. Дар чаҳор сол як бор аз 29 рӯз иборат будани моҳи феврал ва Кабиса ном гирифтани он сол ба аксарият маълум.
Як вақтҳо соли нав дар Рими қадим аз 1 март оғоз меёфт. Тахминҳо мавҷуданд, дар ду сол як дафъа моҳи сенздаҳум низ омада, он аз 22 ё 23 рӯз таркиб меёфт. Ноаниқиҳое, ки дар тақвим мавҷуданд, водор намуданд, ки дар болои он корҳо пеш бурда, тағйиротҳо ворид карда шаванд. Нахустин ислоҳот дар соли 46-уми пеш аз милод аз ҷониби Юлий Сезар гузаронида шуд. Вай мураттаб гардонидани тақвими нав ва мукаммалро ба Созигенги искандариягӣ супурд. Вазифа гузошта шуд, ки ба тамоми ноаниқиҳо дар муайян кардани ченаки вақт барҳам дода шавад. Тақвиме, ки Созиген мураттаб сохт, ба таърих чун тақвими Юлиан ворид гашт. Дар ин тақвим 3 сол аз 365 ва соли чаҳорум аз 366 рӯз таркиб меёбад.
Мувофиқи тақвими Юлиан, аниқтараш, як сол баробар бо 365 шабонарӯзу 6 соат мебошад. Тақвими нав аз 1 январ оғоз ёфт. Ба шарафи илоҳ Янус моҳи нахуст январ (януарис) ном гирифта бошад, ба моҳи дуюм феврал (фебруарис) ном гузошта шуд, ки маънояш покист. Ба шарафи худои ҷанг Март (Мартиус) моҳи сеюм март ном гирифт. Дар моҳи чаҳорум апрел (апрелис) маънои «офтоби гармкунанда» ифода ёфтааст. Ба шарафи маъбуда Маюс моҳи панҷумро май, ба шарафи маъбуда Юнона бошад, моҳи шашумро июн номиданд. Моҳи ҳафтум ба шарафи Юлий Сезар (Юлиус) июл, моҳи ҳаштум ба шарафи император Август (Аугустус) август гузошта шуд. Аз чӣ бошад, ба моҳи дар асл нӯҳум — сентябр (семтембер) яъне моҳи ҳафтум ном ниҳоданд. Октябр (октобер) маънои моҳи ҳаштум, ноябр (новембер) моҳи нӯҳум, декабр (детсембер) моҳи даҳумро ифода менамоянд. Шояд ба хотири он ки пештар соли нав аз 1 март оғоз меёфт ва январу феврал ба соли куҳна дохил мешуданд.
Соли 1582 дар давраи Папа Григорий XIII Калисои католикӣ барои он ки тақвими Юлиан ба талаботи замон ба пуррагӣ ҷавоб намедод, гузаронидани ислоҳотро ҷоиз шумурд ва мураттаб сохтани тақвими навро ба мунаҷҷим Алоизий Луллия супурд. Тақвиме, ки он сохт, «Тақвими григорянӣ» гуфта мешавад. Тақвими григорянӣ аз тақвими тропикии пештара 26 сония дарозтарии солро муқаррар менамояд. Ин тақвим даставвал дар Италия, Фаронса, Испания, Португалия барин мамлакатҳо дастгирӣ ёфт. Алъон дар аксарияти томи кишварҳои олам тақвими григорянӣ истифода шуда, дар мустаҳкамшавии робитаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ нақши равшан мебозад. Вуҷуд доштани солшумориҳои милодӣ (шамсӣ) ва қамарӣ (ҳиҷрӣ) дар баробари ҳамин тақвимҳои мусулмонӣ ба ҳамаамон маълум. Тақвимҳои мусулмонӣ, қабл аз ҳама, дар муайян кардани моҳҳои муборак, рӯзҳои ид ва вақтҳои намоз аҳамиятноканд.

М.ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: