Сзян Ян: «БОВАР ДОРАМ, КИ СОЛИ 2019-УМ НИЗ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ЧИНИВУ ӮЗБЕКИСТОНӢ СОЛИ КОМЁБИҲОИ НАВ МЕШАВАД»

Соли 2018 дар муносибатҳои ӯзбекистониву чинӣ аз воқеаҳои хурсандибахш ғанӣ буд. Муҳимаш, дар ҷараёни ҳамкориҳо бино бар як қатор соҳаҳо нишондиҳандаҳои рекордӣ қайд гардиданд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мамлакати мо хонум Сзян Ян дар арафаи Соли нав ба хабарнигори мо гузориш дод.

– Хонум сафир, Шумо ба ҳолати кунунии муносибатҳои тарафайни кишварҳоямон чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Соли 2018-ум барои рушди муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ соли муҳим гардид. Чунончи, дар тӯли ин давр мо шоҳиди ҳамкориҳои амалии байни мамлакатҳоямон будем. Дар соҳаи сиёсӣ моҳи июн дар доираи ҳамоиши давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Синдао Шавкат Мирзиёев ва Си Сзинпин гуфтушунидҳои пурмаҳсул гузарониданд. Бо вуҷуди он ки вақт кам буд, масъалаҳои зиёде, ки пешомади ҳамкориҳои дуҷонибаро мушаххас намуданд, баррасӣ шуданд. Пас аз ин мулоқот амалкарди муносибатҳои байнидавлатӣ беш аз пеш пурзӯр шуд.
Ғайр аз ин соли сипаришуда сафари роҳбарони парлумон ва рафтуои байниминтақавӣ амалӣ гардиданд, аз ҷумла зиёда аз 10 сафари ҳайати Чин ба Ӯзбекистон ва мақомоти идораи маҳаллии Ӯзбекистон ба вилоятҳои Чин баргузор гардиданд. Бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф гуфтушунидҳо ба вуқӯъ пайвастанд.
– Шумо Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон ба парлумонро бевосита шунидед. Ба фикри Шумо масъалаҳои дар он зикрёфта ба кадом дараҷа рӯзмарраанд?
– Мехостам ду махсусияти Муроҷиатномаро зикр намоям. Вай бо эътимод ба ислоҳот ва иродаи мардум тафриқа дорад. Ман ин суханрониро бо диққат шунидам. Шумо медонед, дар Муоҷиатнома суханони «халқ» зуд-зуд истифода шуданд. Ин ба ман ҷараёнҳоеро, ки дар Чин рух дода буданд, ба хотир овард. Соли равон мо 40-солагии сиёсати кушоди Чинро таҷлил намудем. Аз соли 1978 дар кишвари мо ислоҳоти куллӣ оғоз гардиданд ва дар натиҷа мо ба комёбиҳои назаррас ноил шудем. Самти асосии онҳо низ ба беҳбуди халқ нигаронида шуда буд. Мо дар кори татбиқ сохтани сиёсати кушод бо олами беруна таҷриба дорем. Ман эҳсос кардам, ки дар Ӯзбекистон низ чун дар Чин замони навсозиҳо, даврони нав фаро мерасад. Аз ин нуқтаи назар суханронӣ ба ман таассуроти хуб гузошт.
– Сармоягузорони чинӣ оё ба муҳити сармоявии Ӯзбекистон бовар доранд?
– Оре, барои сармоягузорони чинӣ бозори Ӯзбекистон бағоят муҳим мебошад. Вале, тавре ки Президент таъкид намуд, барои ҷалб намудани миқдори зиёди сармоягузорон бояд муҳити сармоявӣ нав карда шавад. Аз оғози соли 2019-ум сиёсати нави андоз ҷорӣ мегардад. Фароҳам овардани шароит ва имтиёзҳои  зиёд барои сармоягузорон ҷолибияти сармоявии Ӯзбекистонро беш аз пеш меафзояд. Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ эълон шудани соли 2019-ум ба корҳое, ки дар самти мазкур татбиқ мешаванд, суръат мебахшад.
Доир ба пешрафти кунунии ислоҳот сухан ронда, мехоҳам зикр намоям, ки ин дигаргуниҳо нафақат дар худи мамлакат, балки дар хориҷи он низ мушоҳида мешаванд. Ман ба 6 минтақаи Ӯзбекистон рафта, бо фаъолияти корхонаҳо шинос шудам. Баробари ин бо ҳаёти халқ низ ошно гардидам. Ҳоло мардум ризоманд мебошанд ва ба оянда бовар доранд. Дар мамлакат, тавре ки мегӯянд, ҳаёт «меҷӯшад». Он ба майдони  бузурги сохтмон шабоҳат дорад.
– Бигӯед, ки ҳамкориҳоро дар кадом соҳаҳо Шумо аз ҳама самарабахш меҳисобед?
– Табодули моли байни кишварҳои мо дар моҳҳои январ-ноябри соли гузашта рекорди соли авваларо нав кард. Дар ин даври соли 2017-ум он аз 4 миллиарду 900 миллион доллар зиёд буд, дар соли 2018-ум бошад, ин нишондиҳанда 5 милиарду 677 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин шаҳодати рушди муттасили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мебошад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар Ӯзбекистон беш аз 1100 корхона бо иштироки сармояҳои Чин амал мекунанд. Онҳо соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетитка, хоҷагии қишлоқ, саноати кимиё ва сохтмони инфрасохториро дар бар мегиранд. Дар кишвари шумо ҳамчунин минтақаҳои саноатӣ бомуваффқият кор мебаранд. Дар соҳаи технологияҳои олӣ низ ҳамкориҳои мушаххас пешбинӣ мегарданд.
Соли 2018-ум дар ҷанбаи инсонпарварӣ низ аз натиҷаҳои назаррас ғанӣ буд. Аз ҷумла, дар як қатор донишгоҳҳои Чин курсҳои забони ӯзбекӣ кушода шуданд. Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай фаъолияти маркази оид ба пажӯҳиши Ӯзбекистон кори худро сар кард. Ман ба наздикӣ, пас аз мураххасӣ аз Чин баргаштам. Тамоми шиносҳоям аз ман дар бораи тағйиротҳои муттасил ва ҷараёни ислоҳоти нав дар Ӯзбекистон мепурсиданд. Ин беҳуда нест. Бармеояд, ки дар Чин рағбат ба Ӯзбекистон меафзояд. Дар навбати худ ӯзбекистониён низ ба Чин шавқу рағбати зиёд зоҳир мекунанд. Ҳоли ҳозир дар Самарқанд ва Тошканд институтҳои Конфутсия кор мебаранд. Ҷавонони ӯзбекистонӣ ба марказҳо барои омӯзиши забони чинӣ муроҷиат менамоянд.
Ҳамкориҳои мо дар соҳаи тиб низ натиҷаҳои хуб медиҳанд. Соли 2018-ум дар Тошканд Маркази оид ба тадқиқоти воситаҳои дорувории Осиёи Марказӣ кушода шуд. Шифокорони чинӣ як қатор амалиётҳои ҷарроҳиро нисбат ба бемориҳои низоми дилу рӯда баргузор карданд. Шифокорони ӯзбекистонӣ бошанд, ихтисоси худро дар Чин такмил медиҳанд. Дар соҳаи археология дар шаҳрҳои Тирмиз, Хоразм тадқиқоти муштарак амалӣ мегарданд.
– Дар муносибатҳои байналхалқӣ Чин таклифҳои Ӯзбекистон пешгузоштаро ҷонибдорӣ кард. Дар навбати худ Ӯзбекистон низ ташаббусҳои Чинро дастгирӣ мекунад...
– Шумо ҳастед. Кишварҳои мо дар доираи созмонҳои гуногун, аз ҷумла СММ, СҲШ ҳамкориҳои фаъол доранд. Дар комёбии ҳамоиши СҲШ дар Синдао саҳми роҳбарияти Ӯзбекистон низ ҳаст. Дар пояи санадҳои дақиқ метавонам тасдиқ намоям, соҳае нест, ки аз ҳамкориҳои мо берун бошад. Фикр мекунам, минбаъд низ суръати ҳамкориҳоямон бо Ӯзбекистон беҳтар мешавад.
– Шумо ҳамоиши СҲШ-ро ёдрас кардед. Дар соли 2018-ум созмон бори аввал ҷамъомади  худро бо иштироки 8 аъзояш баргузор кард. Шумо чӣ ақида доред, оё афзоиши миқдори аъзо ба фаъолияти созмон таъсир мерасонад?
– Созмони мазкур, ки соли 2001-ум ташкил шуда буд, ба шарофати саъю кӯшиши давлатҳои аъзо муттасил инкишоф меёбад. Ҷонибҳо ба муоҳидаҳои васеъмиқёс муваффақ шуданд. Соли 2018-ум ба СҲШ Ҳиндустон ва Покистон низ ҳамроҳ гардиданд. 
Ҳоли ҳозир созмон 8 аъзо, 4 давлати мушоҳид ва 6 шарики оид ба мулоқот дорад. Алҳол СҲШ 60 фоизи ҳудуди Авроосиёро фаро мегирад. Дар ин ҷо зиёда аз 3 миллиарду 500 миллион аҳолӣ зисту зиндагӣ мекунанд. Ин 40 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳад. Яъне СҲШ ҳам бино бар ҳудуд ва ҳам мувофиқи миқдори аҳолӣ созмони бузурги минтақавӣ ба шумор меравад. Давлатҳои аъзои СҲШ аз нуқтаи назари иқтисодӣ инкишоф меёбанд. Мардуми шумо мегӯянд, «як сар хуб, ду сар боз беҳтар аст». Ба созмон ҳамроҳ шудани аъзои нав иқтидори онро зиёд мекунад. Тамоми давлатҳои аъзо ҳамроҳ шудани онҳоро дастгирӣ карданд, ки ба вусъатёбии миқёси ҳамкорӣ хидмат хоҳад кард. Ҳоли ҳозир оилаи СҲШ ҳам дар соҳаи сиёсӣ ва ҳам дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ инкишоф меёбад.
Аз 1 январи соли 2019 директори Пажӯҳишҳои тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай гардид. Дар нашрияҳои номдори Чин мақолаҳое дарҷ шуданд, ки нақшаҳои ӯро ифода кардаанд. Мо бо ин нақшаҳо шинос шудем. В.Норов – дипломати таҷрибадор аст, ман фикр мекунам, вай эътимоди давлатҳои аъзоро сафед мекунад ва созмонро ба сатҳи нав мебардорад.
Бидуни шубҳа, дар Соли нав низ ҳамоишҳои СҲШ дар Бишкек ва ҷамъомади сарони ҳукуматҳо, ки дар Тошканд баргузор мешаванд, самарабахш хоҳанд буд.
– Инак, як сол боз Шумо дар Ӯзбекистон фаъолият доред. Фикру ақидаи Шумо дар бораи мамлакати мо то омадан чӣ гуна буд ва ҳоло оё тағйир ёфт?
– То омадан ба Ӯзбекистон ман дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ кор мекардам ва муддати мадид ба шуъбаҳои оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ роҳбарӣ менамудам. Бо кор чандин бор ба Ӯзбекистон омада будам. Китобҳои зиёдеро дар бораи ин мамлакат хондаам. Мушоҳидаҳои худро ман метавонам чунин баён кунам: Ӯзбекистон ин дурдонаи Роҳи бузурги абрешим аст. Халқи он дорои маданияти баланд ва меҳмоннавоз мебошанд. Ин таассуроти ман то боздид аз Ӯзбекистон буд. Пас аз як соли буду бош ақидаам чунин аст: Ӯзбекистон кишварест, ки ба оянда мешитобад ва  дар ин роҳ тағйироти муттасилро татбиқ менамояд. Бешубҳа, ояндаи вай бузург аст.
Ҳоли ҳозир ман забони ӯзбекиро меомӯзам. Файласуфон мегӯянд: агар маданияти мамлакатро донистан хоҳӣ, забони онро биомӯз. Ман аз тариқи омӯзиши забони ӯзбекӣ дарк менамоям, ки дар кишвари шумо намояндагони бузурги фарҳанг зисту зиндагӣ кардаанд, адабиёти зебо доред. Дар бораи эҷодиёти Алишери Навоӣ, Абдулло Қодирӣ, Эркин Воҳидов маълумот пайдо кардам. Ҳоли ҳозир романи Абдулло Қодирӣ «Рӯзҳои гузашта»-ро мутолиа менамоям. Ин китоб маро ба ҳайрат овард.
– Дархостҳои идонаи Шумо ба халқи Ӯзбекистон чӣ гуна аст?
– Аз фурсат истифода бурда, мардуми Ӯзбекистонро бо Соли нав табрику муборакбод менамоям. Бовар дорам, ки соли 2019-ум низ дар муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ соли комёбиҳои бузург мегардад.
Идатон муборак бод!

Мусоҳиб 
Нозима ТОШПУЛОТОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: