ВАЗИФАҲОИ ПАРЛУМОН ЗИЁД ХОҲАНД ШУД

Муроҷиатномаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ба маънои том дорои аҳамияти таърихиро касб мекунад.

Зеро суханронии навбатии сарвари давлатамон бо иқтибос аз асари 
«Ал-Ҷомеъ-ас-Саҳеҳ»-и муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ шурӯъ шуд, ки гуфтааст: «Ҳамаи амалҳои нек ба ният вобастаанд, ба ҳар фард ҳар чиз  мувофиқи нияташ дода мешавад».
Дар муроҷиатнома Президент натиҷаҳои ривоҷи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соле, ки гузашт, амиқ таҳлил гардида, ислоҳоти васеъмиқёси назираш диданашаванда мавриди баррасӣ қарор гирифт ва, дар баробари он, вазифаҳои устуворе, ки иҷрояшон дар соли нав барои тараққиёти Ӯзбекистони соҳибистиқлол ва ривоҷу равнақи он хеле муҳим дониста мешаванд,  равшану возеҳ муайян гардиданд. Албатта, табиист, ки чунин вазифагузории сарвари давлат ягон фарди ҷомеаи моро бетараф нахоҳад гузошт.
Соли 2019 «Соли сармояҳои фаъол ва ривоҷи иҷтимоӣ» эълон карда шуд. Ин иқдом бозгӯӣ менамояд, ки ҳамаи соҳаҳо  бояд ривоҷ ёбанд. Президент дар бораи пиёда намудани ислоҳоти иқтисодии доманфарох даҳто, ривоҷ додани соҳаи иҷтимоӣ нӯҳто, ба мақсади оқилона  ва тибқи замон ҷорӣ намудани сохторҳои идорӣ панҷто, таъмини ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ, расидан ба суди адолатнок, такомул додани фаъолияти ниҳодҳои ҳифзи ҳимояи ҳуқуқ сето, аз таҳдидҳои гуногун ҳимоя кардани сохти конститутсионии мамлакат, истиқлолият ва якпорчагии он, мустаҳкам нигоҳ доштани барқарорӣ ва амну субот як қатор вазифаҳои аввалдараҷа ва дорои аҳамиятро муайян намуд.
Шавкат Мирзиёев хоссатан таъкид намуд, ки парламент қарорҳои муҳим бояд қабул кунад, фаъолияташро ҷиҳати назорат кардани иҷрои қонунҳо таҳким бахшад. Бечуну чаро ин вазифаҳоро мо бояд сарчашмаи кору фаъолияти рӯзмараамон донем, зеро он ба ҳайси вакилони органи олии давлат дар давраи нав барои баланд бардоштани сифати иштирокамон дар идораҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад. 
Ба ин муносибат пешниҳодот перомуни он ки тасдиқ намудани аъзои Девони Вазирон бар дӯши намояндагони мардумӣ хоҳад буд ва аъзои ҳукумат дар назди вакилон ва мардум масъулияти бештарро эҳсос хоҳанд кард, барои хизмати содиқонаи онҳо баҳри ривоҷи давлат заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ин тарзи корбаст ба ин сабаб сурат гирифт, ки аъзоёни ҳукумат дар назди Олий Маҷлис эҳсоси масъулият намекунанд ва минбаъд эҳсоси масъулияти онҳо дар назди парламент ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад ёфт.
Номзадии Нахуствазир чӣ гуна пешбарӣ мешавад, маълум аст. Аммо   номзадии  вазирон чӣ гуна пешбарӣ мешаванд? Агар вазирон бо барномаҳои худ ширкат мекарда бошанд, оё онҳо мансубияти ҳизбӣ хоҳанд дошт ё на ва оё номзадҳо бар асоси муқобилӣ пешбарӣ хоҳанд шуд? Оё мисли мамлакатҳои ғарб дар байни номзадҳо намояндагони мухолифин низ ҳузур дошта метавонанд ё хайр? Агар номзад раъйи лозимиро нагирад, механизми тасдиқи вай чӣ гуна сурат хоҳад гирифт? Чанд бор парламент метавонад номзади пешбаришударо рад намояд?
Инҳо саволҳоеанд, ки бояд ҷавоб пайдо кунанд. Дар он сурат парламент аз болои ҳокимияти иҷроия назорати қатъӣ бурда метавонад ва дар рушди ҳаматарафаи мамлакат саҳми калони худро мегузорад. Акнун вақти он расидааст, ки ноибони халқ зимни мулоқот бо электорат фикру таклифҳои онҳоро омӯхта, ҷиҳати корбаст намудани он ҷиддан иқдом намоянд.
Ногуфта намонад, ки аз нав дида баромадани ваколати ниҳодҳои ҳокимияти маҳаллӣ, барои афзун гардонидани мустақилии ин ниҳодҳо бекор шудани тартиб дар бораи фаъолияти ҳоким дар як вақт ҳамчун раиси Кенгаши депутатҳо ба зимаи аъзои парламент боз як вазифаи муҳимро гузошт. Зеро ин масъалаҳо маҳз дар парламент мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз ин лиҳоз аз мо ҷиҳати қабули барномаи чораҳои амалӣ ташаббускорӣ тақозо мегардад. Аз ин боис ҳалли ин вазифа пеш аз ҳама вакилони мардумиро водор месозад, ки ҳуҷҷатҳои қонуни мавҷудаи ин соҳаро  аз ҳар нигоҳ аз инвентаризатсия гузаронанд ва таҳлил кунанд; лоиҳаҳои барномаи чорабиниҳои амалӣ перомуни дар байни сенаторҳо ва депутатҳо, ҳамчунин ниҳодҳои вакилони  маҳаллӣ муҳокима намудани масъалаи мазкурро таҳия намоянд ва тасдиқ кунанд; гузашта аз инҳо бо дарназардошти натиҷаи корҳои дар ин маврид иҷрошуда аз нав кор карда баромадан ва дар таҳрири нав таҳия кардани лоиҳаи Қонунҳо «Дар бораи кенгаши депутатҳои халқи вилоят, ноҳия ва шаҳр» ва «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ» ва дохил кардани он ба Палатаи қонунгузорӣ; ҳамчунин ташкил намудани муҳокимаҳои лоиҳаҳо бо ширкати аҳли ҷомеа ва мутахассисон ва дида баромадани чораҷӯиҳо ҷиҳати инъикос дар васоити ахбори умум низ тақозо мегардад.
 
Акмал УМУРЗОҚОВ,
депутати Палатаи қонунгузори
Олий Маҷлиси 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: