АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ БАРҚАРОР ГАРДИД

Борҳо мушоҳида кардаем, чун касеро якбора аз кор дур кунанд, вай як андоза рӯҳафтода мешавад, дар ҷамъият, ҳатто дар оила ҳам худро ноҳинҷор ҳис мекунад.

Ин ҳол бештар дар касоне мушоҳида мегардад, ки солҳои дуру дароз дар як коргоҳ, корхона, муассиса ва ё ташкилот меҳнат карда, ба нафақа баромадаанд. Зеро онҳо касби худро беҳад дӯст медоштанд ва дӯст медоранд. Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба беҳтар кардани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти нафақавии шаҳрвандон» аз 12 декабри соли 2018 бамаврид аст, зеро ин гуна номутаносибиҳоро дар ҷамъият барҳам медиҳад. Дар ин хусус ҳамзамонони мо фикру мулоҳизаҳои худро иброз медоранд.
Бекмурод Холмуродов солҳои зиёд аст, ки дар соҳаи тиб меҳнат мекунад. Ӯ ба шифохонаи марказии ноҳияи Янгиободи Ҷиззах  соли 1969 омада буд. Солҳои 1988-2005 вазифаи пурмасъулияти сардухтуриро дар ӯҳда дошт. Баъдтар, даҳ сол роҳбари «Маркази саломатӣ»-и ноҳияи мазкур низ буд. Дар тӯли ин қадар сол шогирдони зиёд тайёр кард. Гулнора Ҷӯраева, Хайрулло Саъдиев, Нурсулув Норматова, Султонқул Раҳмонқулов беҳтарин шогирдони ӯянд. Аз фарзандонаш Мақсуда ва Лазизбек низ аз пайи ӯ рафта, касби духтуриро интихоб карданд. 
– Бе поликлиника ва бидуни шифохона худро тасаввур карда наметавонам. Синну солам ба 76 расида бошад ҳам, худро дар сари кор ва байни шогирдон дидан бароям хеле хуш аст, – мегӯяд бо хушҳолӣ ӯ. – Ин фармони Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба мо барин пирони кор рӯҳу қувват мебахшад. Он исботи он гуфтаҳои сарвари давлат аст, ки дар маърӯзааш бахшида ба 26-солагии қабул шудани Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон иброз дошта буд. Фармони Президент маро ба боз ҳам беҳтару фидокорона меҳнат кардан ҳидоят менамояд, – мегӯяд ӯ.
– Ҳар як касбу кор мушкилӣ ва ҷиҳатҳои ба худ хос дорад. Ин нозукӣ ва мушкилиҳоро танҳо соҳибони касб амиқтар дарк мекунанд, – гуфт зимни суҳбат собиқадори меҳнат аз ноҳияи Фориш Маҳмуд Неъматов. – Замоне аз сабаби нарасидани маоши муаллимӣ маро лозим омад, ки ин касбро як муддат тарк намоям. Ба дигар корҳо машғул шуда тӯйи фарзандонро гузаронидам. Инак, имрӯзҳо мебинам, ки дар ҷомеа қадру қимати касби омӯзгорӣ баланд мегардад. Аз моҳи январи соли 2019 нафақаи нафақахӯроне, ки кор мекунанд, пурра дода мешавад. Агар инро дар ҷомеа қарор ёфтан ва пойдор гардидани адолати иҷтимоӣ гӯем, асло хато намекунем.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: