Владимир НОРОВ: ҲАМКОРИИ БИСЁРҶАНБА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ СҲШ ИМКОНОТИ НАВ БА ВУҶУД МЕОРАД

– Пешниҳодоте, ки зимни вохӯрӣ бо Президент Шавкат Мирзиёев пешкаш гардид, барои фаъолияти ман ба сифати Котиби генералии СҲШ фавқулодда муҳим аст.

Роҳбари давлат махсус таъкид кард, ки ман аввалин намояндаи Ӯзбекистон мебошам, ки ба ин вазифаи масъулиятноки чунин ташкилоти бонуфуз тасдиқ гаштаам. Ба ман ин бовариро сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Синдао зоҳир намуданд. Минбаъд дониш ва таҷрибаи худро сафарбар менамоям то ки муносиби ин боварӣ гардида, манфиати давлатҳои аъзоро ҳимоя кунам.
Дар фаъолияти худ ба сифати Котиби генералӣ бино бар дастури принсипҳои асосӣ, мисли мурооти анъанаҳое, ки зимни фаъолияти СҲШ собит гаштаанд, Хартия ва руҳи ташкилот, ба ҳаёт татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои консептуалие, ки ба рушди ҳамкории бисёрҷанбаи байни давлатҳои аъзо нигаронда шудаасат, кор хоҳам бурд.
Аз соли 2018 Ҳиндустон ва Покистон узви баробарҳуқуқи СҲШ гардиданд. Ҳамдастӣ ба ин мамлакатҳо барои ҳамроҳ гардидан ба ҳуҷҷатҳои қабулгардида ва фаъолияти қариб 30 мақомоти кории СҲШ вазифаи муҳими котибот ба шумор меравад. Аъзои нав дар минбаъд баланд бардоштани нуфузи Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим дорад.
Имрӯз қарор ёфтани сулҳ ва субот дар Афғонистон яке аз омилҳои муҳими таъмини бехатарӣ ва рушди устувор натанҳо дар фазои СҲШ, балки умуман дар Осиёи Марказӣ низ ба ҳисоб меравад. Бино бар ин Президенти мамлакат зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳи мулоқотии «СҲШ – Афғонистон», якҷоя бо давлатҳои аъзо таҳия намудани «харитаи роҳ»-ро дар ин самт таъкид кард.
Ба татбиқи ташаббуси Ӯзбекистон дар бобати Муроҷиати муштараки сарони давлатҳо ба ҷавонон, баргузор намудани чорабиниҳои ҳамоҳанггардида дар ҷиҳати бехатарӣ бо Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ки дар Тошканд қарор дорад, эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Ҳоло дар фазои СҲШ ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ инкишоф меёбад, аммо то ҳанӯз барномаҳои бисёрҷанбаи сармоягузорӣ татбиқ нагаштаанд. Президенти мамлакат дар анҷумани Синдао ба ин масъала ишора намуд. Пешниҳоди мазкур комилан аз ҷониби сарони давлатҳо дастгирӣ гардид. Минбаъд барои татбиқи онҳо ташаккулёбӣ ва истифодаи босамари механизмҳои молиявии ногузир тақозо мегардад.
Зимни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои рушди коммуникатсияи нақлиёт, ба вуҷуд овардани марказҳои логистикӣ, коҳиш додани тарифҳои изофӣ ва содда намудани стандартҳое, ки ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мамониат менамоянд. Фикр мекунам, ки ба амал татбиқ намудани ташаббусҳо дар самти мазкур дар вусъат ёфтани фаъолияти СҲШ барои имконоти нав замина ба вуҷуд меорад.

Мусоҳибаи 
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: