МАРДОНИ РОҲСОЗ

монда набошед!

Салим Равшанов... Ин ном ба сокинони ноҳияи Бойсун, ҳатто вилоят  шинос аст. Ӯ солҳои зиёд боз сарвари корхонаи роҳсозони ноҳия мебошад, вале ман раҳбар, – гӯён худро аз зердастонаш боло намегирад. Лозим ояд, ҳамроҳи онҳо кор мекунад, аз як дастурхон тановул менамояд. Бо чунин хислату хӯйи камтаронааш ба дили ҳамагон, бахусус ҳамкорон роҳ ёфтааст. 
Он рӯзҳо ҷамоаи Салим Равшанов дар кӯтали ноҳамвори Ҳандал заҳмат мекашид. Зарур буд, ки ин роҳро то охири моҳ ба истифода супоранд. Айни хӯроки чошт... Яку якбора ду мошин асфалт овард. Коргарон бошанд ба тановул кардан омодагӣ мегирифтанд. Асфалт интизор намешавад, онро бояд зуд дар роҳ пахш кард. Дар сурати таъхир маҳсулот чун санг шах шуда корношоям мегардад. Чӣ бояд кард? Салим Равшанов илоҷи корро ёфт, ӯ коргаронро ба ду қисм ҷудо намуд. Гурӯҳи аввал бояд нонушта мекарданду гурӯҳи дигар кор. Ҳамин тариқ роҳсозон ду мошин асфалтро ба роҳ хобониданд. Чунин лаҳзаҳо дар ҳаёти ҷамоаи Салим Равшанов бисёр аст. 
Ӯ замоне, ки корро сар кард, ҷавонмарди навхате буд. 
Зимистони қаҳратун ҳукм меронд. Нақлиёт дар роҳҳои хамгашт ва кӯталҳо бемалол гашта наметавонист. Роҳбари идора гурӯҳи онҳоро барои тоза кардани барфҳои кӯтали Зоғхона фиристод. Нақлиёти бисёре дар ин кӯтал монда буд. Он рӯз гурӯҳи таъмиргарон бо сарварии Салим Равшанов аз пагоҳӣ то шом дар ин мавзеъ ба мошинҳои дар роҳ бандшуда кӯмак расониданд. Торикӣ фаро расида буд. Имкони ба маркази ноҳия рафтан набуд. Ба таъбире чорасозон дар кори худ бечора монда буданд. Дар хонаи посбони пули рӯди Шӯроб амаки Қандак шабро саҳар карданд. Пагоҳии дигар дар ин мавзеъ боз поксозии роҳро идома доданд. 
Салим Равшанов ҳамин тариқ умри хешро дар таъмири роҳу роҳсозҳо гузаронидааст. Ӯ бо чунин ташвишу тараддудҳо пай набурд, ки синнаш ба шаст расид. Вай аз он ки дар ӯ ба бунёдкориҳои зиёде ҳисса гузоштааст, меболаду ифтихор мекунад. Ҳоло ҳам дар сафи роҳсозон заҳмат мекашад. Хусусан ин рӯзҳои ҷашни солинавӣ, ки барфи зиёд борида, барои мусофирон мамониати зиёд ба вуҷуд овардааст. Дар ин рӯзҳо роҳҳоро боз кардану дури мардумро наздик намудан савоби дучанд дорад.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: