Абдулло СУБҲОН

ИЛҲОМИ СОЛИНАВӢ

Саг мераваду навбати хук меояд,
Фарбеҳтани ҷоматунук меояд.
Оҳиста равад саги  гаронбор зи мо,
Ин ғафси сабукбор сабук меояд.
***
Аз арчаи аҳди шӯравӣ ёд кунам,
Дилро ба ҷамоли кӯдаке шод кунам.
Бобои азизи барфиро бо бачаҳо,
Овоз баровардаву фарёд кунам.
***
Сабзарчаи соли бачагӣ зебо буд,
Дар фарқи сараш ситораи тилло буд.
Мо шеър ба ҳаққи Соли нав мехондем,
Овози Шарифа аз ҳама боло буд.
***
Бобои таги арча лаби хандон дошт,
Дар даст асову рӯйи китф анбон дошт.
Дар халтачаҳои рангини солинавеш,
Себу шакалоду чақчақи дандон дошт.
***
Дар фасли баҳор Соли нав меояд,
Дай шуд чу ба кор Соли нав меояд.
Бар кишвари мо, ки солинавдӯст бувад,
Ҳар сол ду бор Соли нав меояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: