БА ОРЗУЯМ РАСИДАМ,

– мегӯяд боғдори тоҷикистонӣ Неъмат Усмонов

Дар чаҳорчӯби давраи омӯзишию амалии «Ҳамкории чандрасонаии журналистони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» мо — журналистони ӯзбекистонӣ сафарамонро дар деҳаи Янгибоғи ноҳияи Турсунзода идома додем. Деҳаро пас гузошта, ба ангурзори доманфарох расидем, ки дар масофаи 7 километр аз ТАЛКО ҷойгир аст. Моро Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ва писараш истиқбол гирифтанд. 
– Бобову падарам низ бо токпарварӣ машғул буданд. Дар солҳои сиюми қарни гузашта бобоям аз сарватмандони Олтиариқ маҳсуб меёфтаанд ва ба камбағалону нодорон низ дасти кӯмак дароз мекардаанд. Вале баъди молу сарваташонро давлатӣ кардан маҷбур шудаанд, ки ба ин тараф муҳоҷир шаванд, – гуфт Неъмат Усмонов. 
Вай афзуд, ки солҳои пеш дар ин минтақа чанд хонаводаи муҳоҷирони ӯзбектабор бо ангурпарварӣ машғул мешуданд. Баъд теъдоди зиёди одамон токпарвариро хеле хуб ёд гирифтанд ва акнун бо аъзои хонаводаашон ба ин кор машғуланд. Худи ӯ директори генералии хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» мебошад, вале корҳои асосиро писараш пеш мебарад. 
Хоҷагии деҳқонии онҳо соли 2011 ташкил шудааст ва дар муддати ҳафт сол ба комёбиҳои бузург ноил шудааст. Хоҷагӣ дар масоҳати 105 гектар доман густурдааст, ки 95 гектари онро ангурзор ташкил мекунад. 
Баъзе қитъаҳои ангурзорро давр задем. Як қисми майдонҳоро ба коргарон тақсим карда додаанд ва ҳар як оила тибқи тавони худ аз даҳ сотих то се гектар ангурзор парвариш мекардаанд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Неъмат, ҷамъи коргарони хоҷагӣ 160 нафар мебошанд. Ин тарзи хоҷагидорӣ мусоидат мекунад, ки мардуми атроф маишати оилавиашонро аз ҳисоби кор дар он таъмин намоянд. Аз ҳар гектари ангурзор ба ҳисоби миёна 35 тоннагӣ ҳосил ба даст меоваранд.
– Барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои дуру наздик мардҳои мо чандон эҳтиёҷ надоранд. Шояд дар кӯчаҳои деҳ мушоҳида карда бошед, ки мардум иморатҳои зебо сохтаанд. Панҷ километр роҳро худамон мумфарш кардем. Шабона кӯчаҳоямон мисли рӯз чароғон мебошанд. Аз ҳисоби даромадамон нисбат ба оилаҳои камбизоати деҳ ҳамеша ғамхорӣ мекунем, – гуфт Усмонов.
Ӯ таъкид кард, ки ба ҳар ду кишвар Худованд одамони боинсофу бодиёнатро Президент карда фиристодааст ва ин бахти шаҳрвандони ду кишвар мебошад. 
– Аз ҳамин ҷо то марзи Ӯзбекистон масофа 15 километр. Лекин рӯзҳои сахтеро сипарӣ кардем, ки хешону пайвандон имкони иштирок дар ҷанозаи якдигарро надоштанд, – мегӯяд токпарвари номӣ.
Тибқи гуфтаҳояш, ҳамсуҳбати мо орзу мекард, ки бо роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вохӯрда, дасти вайро фишорад ва ба вай барои чунин иқдоми некаш изҳори сипос намояд. Ниҳоят, ба ин орзуи худ расид. Зимни сафар ба Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев аз хоҷагии онҳо боздид намуд ва бо вай самимона суҳбат кард. 
– Дар ҷараёни суҳбат ба Шавкат Мирамонович гуфтам, ки ба ниятам расидам. Хушҳол шуданд ва ташаккур баён карданд. Баъд дастонамро фишурда, бароям дастовардҳои бештарро таманно намуданд. Гуфтанд, ки зимни сафар ба вилояти Сурхондарё маро низ даъват мекунанд ва таҷрибаи токпарвариамро дар ин вилоят низ оммавӣ мегардонанд. Сонӣ мошин тӯҳфа карданд. Ман онро ҳамчун савғои беҳтарин дар ҳавлиам нигоҳ медорам, – бо ифтихор мегӯяд Неъмат Усмонов. 
Тавре маълум шуд, ҳамсуҳбати мо соли 1965 ба факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шудааст. Баъд аз анҷоми курси сеюм хидмати сарбозиро сипарӣ карда, таҳсилро давом додааст. Аммо танҳо як сол ба омӯзгорӣ пардохтааст. 
– Як сол дар мактаб забони англисиро дарс додам ва ба чунин қарор омадам, ки омӯзгорӣ пешаи ман набудааст. Сонӣ ба токпарварӣ рӯй овардам.
Вақте пурсидем, ки ангурҳоро дар куҷо нигоҳ медоранд, моро ба сӯйи анборхонаҳои қатор раҳнамоӣ кард. Дар чунин анбор, ки яхдонро мемонд, ангурҳои дар қуттиҳои картонӣ ва бо плостик печонидашуда нигоҳдорӣ мешуданд. Хӯшаҳои ангур гӯё навакак аз ток канда шудаанд. 
– Нигоҳ доштани ангур сирри махсус надорад. Мо наметавонем, ки баъд аз ғунучини ҳосил ҳамаи онро дар бозор фурӯшем. Барои ҳамин як қисмашро дар ин анборҳо нигоҳ медорем. Ин ҷо ҳоло тақрибан 600 тонна ангури навъҳои гуногун нигоҳ дошта мешаванд, – ҳайрати моро боз афзуд Неъмат Усмонов.
Интизор меравад, ки дар 500 гектар майдони марбут ба ноҳияҳои ҳамсарҳади вилояти Сурхондарё таҳти роҳбарии Неъмат Усмонов хоҷагиҳои ангурпарварӣ таъсис дода шаванд. Вай гуфт, ки ба ин васила доираи ҳамкории байни кишоварзони Тоҷикистону Ӯзбекистон мустаҳкам гардида, табодули таҷриба роҳандозӣ мешавад.
Вақти хайрухуш Ҳоҷӣ Неъмати ҳафтодусесола дасти дуо бардошта: 
– Илоҳо ду сарвари давлатро ҳамеша дар паноҳаш нигаҳ дорад! Ба дӯстиву рафоқати мардуми ду кишвар ҳаргиз чашми бад нарасад! 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТУРСУНЗОДА – ДУШАНБЕ – ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: