МАҚСАДИ АСОСӢ – ТАЪМИН КАРДАНИ ҲАЁТИ ОРОМ ВА ОСУДАИ ХАЛҚ

10 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шуъбаи корҳои дохилии №7-уми ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд боздид ба амал овард.

Дар мамлакати мо бобати мустаҳкам кардани сулҳу салоҳ ва оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии бармаҳали ҷинояткорӣ корҳои мунтазам амалӣ мешаванд. Тӯли ду соли охир зиёда аз 100 ҳуҷҷати қонунгузорӣ қабул шуданд, ки ба такмил додани ин соҳа нигаронида шудаанд. 
Мувофиқи қарори Президент аз 14 феврали соли 2018 дар шаҳри Тошканд низоми сифатан нави хифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҷорӣ карда шуд.  Сохтор ва ваколати тамоми зинаҳои мақомоти корҳои дохилӣ таҷдиди назар гардиданд, ба сифати таҷриба дар пойтахт 73 шуъбаи корҳои дохилӣ ташкил карда шуд. Барои ба аҳолӣ наздик кардани мақомоти корҳои дохилӣ 65 фоизи кормандон ба кори зинаҳои поёнӣ гузаронида, барои хидмати самарабахши онҳо бевосита дар маҳалҳо шароитҳои сазовори иҷтимоиву маишӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар натиҷаи ташкили кор бинобар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва саривақт пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо бо иштироки ҷомеаи васеъ дар соли 2018-ум ҷинояткорӣ коҳиш ёфт. Ба шарофати ҷорӣ намудани низоми «Шаҳри бехавф», «Саёҳати бехавф», «Хонаи бехавф», ба роҳ мондани посбонии шабонарӯзӣ дар шуури мардум эътиқод ба адолат ва волоияти қонун мустаҳкам гардид. 
Дар шаҳри Тошканд бисёр навгониҳо санҷида шуданд. Аз ҷумла, бори аввал ба мақсади муқаррар намудани шахсияти вайронкори тартиботи ҷамъиятӣ, шахсони шубҳанок, пешгирӣ намудани вазъиятҳои зиддиятнок бо иштироки онҳо ходимони мақомоти корҳои дохилӣ бо планшетҳое, ки ба пойгоҳи иттилоотӣ паванд карда шудаанду барои зуд ба даст овардани тамоми маълумоти зарурӣ кӯмак мерасонанд, таъмин гардиданд. 
Кори шуъбаи корҳои дохилии №7-уми ноҳияи Юнусобод низ дар пояи низоми нав ташкил карда шуд. Дар ин ҷо қисми навбатдори таъҷилӣ, шуъбаҳои профилактика, тафтишот, ҷустуҷӯйи ҷиноӣ, гурӯҳи муҳоҷирати дохилӣ ва қайди шаҳрвандӣ, хидмати рӯҳшинос, бехатарии сухтор, ёрии таъҷилӣ, вазъиятҳои фавқулодда ва ғайра дар як ҷо амал мекунанд. Барои кор бо занон  фаъолияти занони инспектор ба роҳ монда шудааст. 
Дар қисми навбатдории таъҷилӣ низоми шабонарӯзии назорати видеоии ҳудуди вобаста ҷорӣ гардид. Шуъба барои сокинони маҳаллаҳои ба номи Увайсӣ, «Юртобод», «Шоштепа», «Бободеҳқон», «Меҳнатобод», «Бебор», «Оқтепа»-и ноҳия хидмат мерасонад.
Президент бо лоиҳаи мукаммалсозии сохтори ташкиливу штатии мақомоти корҳои дохилӣ барои беш аз пеш ба аҳолӣ наздик кардани онҳо шинос шуд. Чунончи, пешбинӣ мегардад, ки 86 фоизи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба зинаҳои поёнӣ гузаронида, ҳамкории онҳо бо ҳокимият, прокуратура, инспексияи андоз ва идораҳои дигари ноҳия вусъат дода шавад. 
Роҳбари давлат ин таклифро маъқул донист ва қайд намуд, ки барои пешгирӣ кардани  ҷинояткорӣ кори самарабахш ва ба шаҳрвандон мутобиқи пеш аз ҳама зинаҳои поёнии корҳои дохилӣ зарур мебошад. 
Корҳои профилактикӣ бояд ба таҳлил такя кунанд. Ҳар кадом мақомоти ҳуқуқу тартибот бояд дар бораи вазъи носолим маълумоти васеъ дошта бошад, барои ин бояд тамоми идораҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ мунтазам ҳамкорӣ кунанд. Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Хидмати амнияти давлатӣ, Горди миллӣ, прокуратура – ҳама бояд ба халқ хидмат намоянд. Баробари ин бояд дар ҷомеа корҳои маърифатӣ ҷонноктар карда шаванд. Муҳити тоқатнопазирии умумӣ ба ҷинояткорӣ зарур аст, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Масъалаҳои ҳавасмандгардонии инспекторони оид ба профилактика бо назардошти фаъолияти самарабахши онҳо, баланд бардоштани маҳорати касбиашон баррасӣ шуданд. Президент зарурияти ташкил кардани бахши махсуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд оид ба таълим ва баланд бардоштани ихтисоси инспекторони профилактика ва муовинони онҳоро таъкид намуд. 
Дар ҳамин ҷо дар бораи технологияҳои  инноватсионӣ, ки дар қисми навбатдории таъҷилӣ истифода мешаванд, барномаи «Минор», ки табодули ахбори байни ходимони корҳои дохилиро таъмин менамояд, низоми «UzGPS» барои муайян сохтани даъвати хидмати кормандон ва фиристодани маълумоти ташвишовар маълумот пешниҳод карда шуд. 
Роҳбари давлат бо мутахассисони дар сохтори шуъбаи корҳои дохилии нав – рӯҳшиносон, инспекторони профилактика доир ба кор бо ноболиғон ва занон суҳбат кард.
Ходимоне, ки бо аҳолӣ наздик кор мекунанд, бояд психологияро амиқ донанд, ба одамон кӯмак расонанд ва нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намоянд. Бояд мушкилоти ҷавонон, заноне, ки ба роҳи ҷиноят дохил шудаанд, омухта, ба онҳо аз тариқи ташкилотҳои масъул кӯмак ва дастгирии маънавӣ расонида шавад. Фақат ҳамин тариқ ҷаҳонбинии онҳо тағйир меёбад, натиҷае ба даст меояд, гуфт Президент.
Шавкат Мирзиёев бо кори хидмати шиноснома ва ҷараёни бақайдгирии шиносномаҳои биометрӣ шинос шуд. Бинои амалиёти тафтишотиро, ки мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шудааст, тамошо кард. 
Гурӯҳи муҳоҷирати дохилӣ ва ба қайдгирии шаҳрвандӣ ба сокинони ҳафт маҳалла хидматҳои таъҷилӣ ва босифат мерасонад. Шаҳрвандон дар ин ҷо бобати пуркунии ҳуҷҷатҳо, низоми шиносномавиву раводид, муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ маълумот мегиранд, бақайдгирии шиносномаҳои биометрӣ бо тартиби навбати электронӣ амалӣ мешаванд.  
Фаъолияти низоми ягонаи идораи таъҷилии вазъиятҳои фавқулодда, ки дар пойгоҳи шуъбаи корҳои дохилӣ кор мебарад, дар амал намоиш дода шуд. Техника ва лавозимоти таъминоти наҷот «1050», бехатарии сӯхтор «101», ёрии таъҷилии тиббӣ «103», муҳофизат «102» муаррифӣ гардиданд. Ин низом ба таъҷилан аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулодда мусоидат менамояд. 
Президент супориш дод, ки пойгоҳи моддиву техникии таъминоти амнияти ҷамъиятӣ беш аз пеш беҳтар карда шавад, аз ҷумла, барои Сарраёсати корҳои дохилии Тошканд чархболҳои замонавӣ ҷудо карда шаванд.
***
Худи ҳамин рӯз таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба вазифаҳои минбаъдаи таъмин кардани сулҳу салоҳ ва амнияти ҷамъиятӣ дар кишвар, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ хурӯҷ ва таҳдидҳои нав ба нав ба миён меоянд, шакл, усул ва воситаҳои содир кардани ҷиноят тағйир меёбанд. Бо назардошти ин тӯли ду соли охир дар мамлакати мо беш аз 100 ҳуҷҷати қонунгузорӣ қабул гардид. 
Аз ҷумла сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ислоҳ шуд. Низомҳои «Шаҳри бехавф», «Саёҳати бехавф», «Хонаи бехавф» ҷорӣ гардиданд, хидмати посбонии шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа соли гузашта ҷинояткорӣ 33 фоиз коҳиш ёфт.
Бинобар чораҳои андешидашуда дар қалби мардум ба адолат ва волоияти қонун эътимод пайдо мегардад. Вале ҳеҷ кас ҳақ надорад ба лоқайдӣ роҳ диҳад, зеро ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд ба сомон расонд, гуфт роҳбари давлат. 
Дар машварат зарурияти ба дараҷаи сифатан нав ба роҳ мондани кори решакан кардани ҷинояткорӣ таъкид шуд.
Чунончи, тақрибан дар тамоми ноҳияҳои вилояти Андиҷон миқдори ҷиноятҳои вазнин афзудааст. Саҳми ҷинояткории занон баланд буда, 8,5 фоизи нишондиҳандаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар Қароқалпоқистон ҷинояткорӣ 31 фоиз коҳиш ёфта, миқдори куштор зиёд шудааст. Вазъият дар вилояти Намангон низ ғайриқаноатбахш мебошад.
Ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шуд, ки вазъияти мазкурро куллан беҳтар кунад, «харитаи амалиёт»-ро барои аз байн бардоштани камбудиҳои мавҷуда дар пояи таҳлили амиқ кор карда барояд.
Тавре ки ба шумо маълум аст, соли гузашта мо низоми рағбатноксозӣ барои кори босифат ва ҷазо фаъолияти камсамарро ҷорӣ намудем. Алҳол вақти ҷамъбасткунии он расидааст, гуфт Президент.
Бобати ҳавасмандгардонии моддии сардорони даҳ шуъбаи корҳои дохилии шаҳрҳои Ширин ва Гулистон, ноҳияҳои Шаҳрисабз, Янгийӯл, Кегейлӣ, Қонлиқӯл, Хавос, Сардоба, Миробод, Чирчиқи миёна, ки дар роҳи решакан кардани ҷиноят ба натиҷаҳои баланд муваффақ шудаанд, ҳамчунин андешидани чораҳои ҷазо дар шакли ҷарима нисбат ба роҳбарони даҳ шуъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои Нурато, Нишон, Элликқалъа, Пахтаобод, Дӯстлик, Пахтакор, Избоскан, Бӯстонлиқ, Бувайда, Чирчиқи поён, ки дар самти мазкур ба натиҷаҳои паст роҳ додаанд, супоришҳо дода шуданд. 
Таъкид шуд, ки минбаъд ҳокимон бояд ҳар рӯз дар муҳокимаи вазъиятҳои вобаста ба ҷинояткорӣ шахсан иштирок кунанд, Шӯроҳои депутатҳои халқӣ дар маҳалҳо бошанд, онро таҳлил намуда, бобати аз байн бардоштани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҷинояткорӣ мусоидат мекунанд, саҳмгузор шаванд. 
Дар машварат ба масъалаҳои такмил додани низоми пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо эътибори махсус дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳоли ҳозир ба ҷойи вазифаи роҳбари сохтори «Маҳалла посбони» вазифаи ёвари инспектори профилактика оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷорӣ шуд. Ба зиммаи ӯ ҷавобгарии шахсӣ дар соҳаи пешгирии қонунвайронкунӣ гузошта шудааст. Минбаъд ба ёвароне, ки бобати таъмин кардани амнияти ҷамъиятӣ саҳми шоиста мегузоранд, барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олии мақомоти корҳои дохилӣ бинобар квотаҳо ҳуқуқ дода мешавад.
Зарурияти ҷорӣ намудани таҷрибаи минтақавии пешгирӣ ва аксуламали самарабахш нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳо таъкид гардид. Чунончи, бо назардошти зуд-зуд содир гардидани муноқишаҳо дар шаҳри Тошканд, тамаъгарӣ дар вилояти Фарғона, ғоратгарӣ дар вилояти Тошканд бобати пешгирии онҳо ташаккул додани таҷрибаи минтақавӣ тақозо мегардад. 
Дар назди академияҳои Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбиву техникии Горди миллӣ бобати баргузор намудани тадқиқоти муштараки илмӣ дар минтақаҳои вазъияти ҷинояткориашон вазнин ва кор карда баромадани дастури услубӣ бинобар пешбинӣ кардани тағйироти вазъи ҷинояткорӣ вазифаҳо гузошта шуданд.
Зарурияти созмон додани мактабҳои омӯзгорони рӯҳшинос, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон кор кунанд, куллан таҷдиди назар намудани низоми тайёркунии рӯҳшиносон дар мактабҳои олӣ таъкид гардид.
Дар ҷараёни баррасӣ таъминоти бехатарии сӯхтор, ки вақтҳои охир дар соҳа ҳодисаҳои заҳролудшавӣ бо гази карбон зуд-зуд рух медиҳанд, қатъиян танқид карда шуд. 
Сабаби асосии ин мавҷуд набудани назорати зарурии ҳолати техникӣ ва таъмири асбобу ускунаҳои гармидиҳӣ мебошад. Бо ин кор созмони ғайридавлатии Ҷамъияти зидди сӯхтори Ӯзбекистон машғул мегардад.
Ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлия супурда шуд, ки фаъолияти ҷамъияти мазкурро куллан санҷида бароянд ва дар бораи такмил додани он таклиф пешниҳод кунанд. Ба муовини аввали Сарвазир, вазирони вазъиятҳои фавқулодда, корҳои дохилӣ ва сохтмон супориш дода шуд, ки идораи давлатии барои ҳолати техникӣ масъули асбобу ускунаҳои гармидиҳӣ, дудбароҳо ва воситаҳои дигарро муайян кунанд, ҳамчунин регламенти техникии бо ҳисобкунакҳои гази карбон муҷаҳҳаз сохтани бинову иншоотро, ки бо газ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд, кор карда бароянд.   
Дар машварат ҳамчунин вазифаҳои таъмин кардани дахлнопазирии моликияти аҳолӣ муҳокима гардиданд. Таъкид шуд, ки минбаъд баробари Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмин сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва дахлнопазирии моликияти шахсӣ Горди миллӣ низ масъулиятро ба зимма мегирад. 
Бобати бо шуғл таъмин кардани шахсони қодири меҳнат дар муассисаҳои иҷрои ҷазо, дар онҳо ба роҳ мондани истеҳсолоти нав бинобар раванди шарикии давлативу хусусӣ супоришҳо дода шуданд. Таълими касбу ҳунар ба ин гуна шахсон ба пешгирии такроран содиршавии ҷиноят мусоидат хоҳад кард.
Дар машварати видеоселекторӣ ба масъалаҳои таълими кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот, мунтазам боло бардоштани маҳорат ва маданияти касбии онҳо эътибори махсус дода шуд.
Низоми тайёркунии кадрҳо барои соҳаи ҳуқуқу тартибот бояд ба муносибатҳои навтарин такя кунад, ба талабот ва шароитҳои зудтағирёбанда  мувофиқат намояд. Бояд дар кадрҳои ҷавон иқтидорҳои таҳлили танқидӣ, тартибу интизом, бовиҷдонӣ, ватандӯстӣ, ташаббускорӣ, ҷавобгарии шахсӣ ташаккул дода шавад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Супориш дода шуд, ки механизми куллан нави таъин кардани роҳбарони мақомоти ҳуқуқу тартибот ҷорӣ гардад. Чунончи, номзадҳо бояд ба вазифа бо шарти дар муҳлати ҷудокардашуда муваффақ шуданашон ба индикаторҳои мақсаднок таъин карда шаванд, дар мавриди  иҷро нашудани шартҳо муоҳидаҳо дароз карда нашавад. 
Баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон, дар тамоми табақаҳои аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, ташаккул додани муносибати тоқатнопазир ба ҳуқуқвайронкунандагон омили муҳими пешгирии ҷиноят ба шумор меравад. Вале тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ бинобар он ки вай бо усулҳои кӯҳна, бо ҷамъомад ва нутқҳои қолабӣ баргузор мегарданд, натиҷаи зарурӣ намедиҳанд. Вобаста ба ин ба қарибӣ бо фармони Президент Консепсияи баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ дар ҷомеа тасдиқ гардид. 
Дар машварате, ки дар рӯҳи танқидӣ гузашт, масъалаҳои кадрӣ низ муҳокима шуданд. Бисёр роҳбароне, ки дар иҷрои ӯҳдадориҳои хидматии худ ба нуқсонҳо роҳ додаанд, қатъиян огоҳ карда шуданд, баъзеашон аз вазифа сабукдӯш гардиданд.
Ҳисобот ва таклифоти роҳбарони мақомоти давлатӣ, ки ба таъмин сохтани амнияти ҷамъиятӣ масъул мебошанд, шунида шуданд.

Матназар ЭЛМУРОДОВ, 
Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ, 
хабарнигорони ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: