ӮЗБЕКИСТОН АЗ ХАРИДОРОНИ АСОСИИ АЛЮМИНИ ТОҶИК

Дар идомаи сафари водии Ҳисор барои журналистони ӯзбекистонӣ боздид аз корхонаи алюмини тоҷик барномарезӣ шуда буд.

– Дар ҷараёни ин боздид бевосита бо фаъолияти «Корхонаи алюмини тоҷик» аз наздик шинос мешавед. Чунин имкони боздид барои журналистони Ӯзбекистон бори нахуст фароҳам оварда шудааст, – гуфт директори Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» Сафо Сафаров.
Се мошин шаҳри Душанберо пас гузошта, ҷониби водии Ҳисор пеш мерафт. Аксбардор ва наворгири варзидаи Тоҷикистон Алишер Примқулов аз шурӯъи роҳ ба самти водии Ҳисор моро бо манзараҳои ду тарафи роҳ ошно мекард. 
Вақте ки лӯлаҳои баланд намудор шуданд, Алишер гуфт, ки он корхонаи «ТАЛКО» аст ва ҳар кас мехоста бошад, намои онро аз шафати роҳи калон аксу навор гирад. Дар як лаҳза садои шарақ–шуруқи дастгоҳҳои аккосӣ ба атроф паҳн гардид. Сонӣ мо вориди корхонаи алюмин шудем. Масоҳати корхона хеле калон будааст. Дар назди бинои маъмурии он моро истиқбол гирифта, ба ҳар кадоми мо либос ва кулоҳи махсус пӯшониданд. 
– Баъди боздид аз корхонаамон, ки сутунмӯҳраи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад, фикри шумо яқин перомуни сару садоҳо дар бораи зараровар будани ин корхона комилан тағйир хоҳад ёфт, – иброз дошт мудири департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи «Ширкати алюмини тоҷик» Игор Сатторов.
Корхонаи мазкур 31 марти соли 1975 арзи вуҷуд кардааст ва айни замон Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюмини тоҷик» ё кӯтоҳ «ТАЛКО» ном дорад. Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона дар баробари истеҳсоли 360 ҳазор тонна аноди пухта, ҳамчунин 517 ҳазор тонна алюмини софро ташкил мекунад. 
Корхона дувоздаҳ сехи электролиз, ду шуъбаи рехтагарӣ, се коргоҳи тавлиди маҳсулоти анодҳои пухта ва якчанд коргоҳи ёрирасон доштааст. Солҳои 2008-2010 ва 2012-2016 як давраи мураккабу буҳрониро паси сар кардааст. 
– Агар шумо таваҷҷӯҳ карда бошед, атрофи корхонаи мо саросар сабзу хуррам мебошад. Ҳатто дар дохили корхона гулҳои тару тоза парвариш меёбанд. Ангур аз меваҳоест, ки ҳар гуна таъсири манфиро хеле зуд қабул мекунад, аммо ноҳияи Турсунзода чӣ дар замони гузашта ва чӣ дар замони ҳозира аз истеҳсолкунандагони асосии ангуру меваҳои дигар дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, – гуфт Игор Сатторов.
– Пас, вайрон шудани вазъи экологӣ дар як қатор ноҳияҳои ин минтақа чандон асоси воқеӣ надоранд? – пурсидем аз Игор Сатторов.
– Биёед, ошкоро суҳбат кунем. Замонеро паси сар намудем, ки ба ҳама чиз ангезаи сиёсӣ медоданд. Корхонаи мо низ аз ин раванд дар канор намонд. Аммо имрӯз вазъият комилан дигар шудааст. Бо ташаббуси сарварони давлатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ду кишвари дӯсту бародар ба шарики стратегӣ табдил ёфтанд. Равуо барқарор гардид ва ҳамкориҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шуданд, ки манфиатҳои ҳар ду кишварро мадди назар доранд, – изҳор дошт Игор Сатторов.
Таъкид бояд кард, ки дар оғози фаъолияти худ корхона дар минтақаҳои сарҳадӣ бо Ӯзбекистон лабораторияҳои худро бунёд намудааст, ки раванди экологиро назорат мекунанд. 
– Яке аз харидорони маҳсулоти корхонаи мо Ӯзбекистон мебошад. Метавонам гӯям, ки дар солҳои сардии вазъият низ мо ба Ӯзбекистон алюмин содир мекардем ва робитаҳои мо тамоман гусаста нашуданд. Дар айни ҳол ҷониби Ӯзбекистон кафолати таъмини молии истеҳсолоти моро бар дӯш гирифтааст ва дар ин бора миёни ҳар ду кишвар Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, – мегӯяд И.Сатторов. 
Дар яке аз сехҳои электролиз ҷараёни истеҳсоли алюминро мушоҳида кардем. Коргарон тавассути техникаи махсус алюмини тайёрро дар шакли гудохтаи моеъ ба қолибҳо мерехтанд ва маҳсулоти сардшудаашро гирифтаву тахт мекарданд.
Барои истеҳсоли алюмин боз дувоздаҳ ҷузъи дигар лозим мешудааст. Барои ҳамин дар атрофи корхонаи мазкур даҳҳо корхонаҳои дигар амал мекунанд, ки қисмҳои эҳтиётии мавриди ниёзи ТАЛКО-ро таъмин менамоянд.  
Нуктаи дигар ин буд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи мазкур имрӯзҳо ба тамоми стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ дониста шудааст. Соҳиби ҷоизаҳои намоён гардидани ширкат дар соли 2008 ин даъворо исбот мекунад. Ба таври мисол, ин ширкат бо ҷоизаи «Корхонаҳои беҳтарини Аврупо» сарфароз гардидааст. Кумитаи Ассамблеяи тиҷорати аврупоӣ (ЕВА, Оксфорд, Британияи Кабир) низ ба ин ширкат барои рушди мунтазам ҷоиза тақдим кардааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТОШКАНД – ДУШАНБЕ – ТУРСУНЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: