ИСЛОҲОТ НА ТАНҲО ҚИЁФАИ ӮЗБЕКИСТОН, БАЛКИ ТАМОМИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО ТАҒЙИР ДОДАНД

Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маркази эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

Баҳои арбобони ҷамъиятиву сиёсӣ, корбастҳо ва корчаллонҳо аз он далолат медиҳанд, ки ҷараёне, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ рух медиҳанд, дар ҳақиқат хусусияти таърихӣ ва аҳамияти байналхалқӣ доранд.
Директори ширкати Askin&Co Гереберт Люгбауэр (Австрия):
– Соли дуввум аст, ки рушди Ӯзбекистон ва муроҷиати ӯ ба парлумонро бо эътибори бузург мушоҳида менамоям. Мехостам хусусияти барномавӣ ва стратегӣ доштани онро таъкид намоям.
Ислоҳоти дар доираи Стратегияи амалиёт оғозёфта бинобар тамоми самтҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар зинаи замонавӣ ба фаъолгардии корҳо такони бузург бахшид.
Алоҳида қайд кардан мехостам, ки бо ташаббуси Президент коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт, афзун гардондани миқдори ҷойҳои корӣ ба воситаи рушди устувори сектори хусусӣ, муваффақ гардидан ба суръати баланди афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби диверсификатсияи иқтисодиёт ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ба нақша гирифта шудааст. Ин барои дастгирии тиҷорати хурд ва миёна шароити мусоид фароҳам меорад  ва дар натиҷа дараҷаи некӯҳолии тамоми қишрҳои аҳолӣ бемайлон баланд хоҳад гашт.
Сармуҳаррири маҷаллаи Society Гертруд Таухаммер (Австрия):
– Сарвари Ӯзбекистон дар маърӯзаи худ доир ба чораҳои зарурии такмил додани сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ислоҳсозии соҳаи суду ҳуқуқ, озодгардонии иқтисодиёт, рушди соҳаи иҷтимоӣ истода гузашт. Ин, дар навбати аввал, аз он далолат медиҳад, ки ислоҳоти ду сол пеш оғознамуда, ки онҳо на танҳо қиёфаи ҷумҳуриро тағйир доданд, балки ба ҷозибадории тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ афзуданд,  идома дода мешаванд. 
Ба иҷтимоиёт нигаронда шудани муроҷиатнома боиси шавқу завқ мебошад, ки онро ман мехостам бо се калима «ҳамааш барои халқ» тавсиф диҳам. Суханони мазкури «рушди мамлакат ва некӯҳолии одамон бевосита аз самарабахшии ислоҳот дар соҳаи иҷтимоӣ вобаста мебошад»-и роҳбари Ӯзбекистонро дастгирӣ менамоям. 
Ба ин муносибат дар Ӯзбекистон «Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ» эълон шудани соли 2019-ум ташаббуси муҳим ва саривақтӣ мебошад, ки ба минбаъд таъмин кардани дараҷаи баланди зиндагӣ ва беҳбудии халқи Ӯзбекистон нигаронда шудааст. 
Бо боварии тамом қайд карда метавонам, ки маърӯзаи мазкур дар бобати ба сифати давлати демократӣ ва ба иҷтимоиёт нигарондашудаи иқтисодиёташ пешрафта ва пурзӯр минбаъд ривоҷу равнақ додани ҷумҳурӣ хусусияти воқеан таърихӣ дорад.
Раиси Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Ӯзбекистон Анил Шастрӣ (Ҳиндустон):
– Ман факти ба амиқсозии минбаъдаи ислоҳоти демократӣ ва бозаргонӣ дар мамлакат қатъӣ пайравӣ намудани Президент Шавкат Мирзиёевро маъқул мешуморам. Мустаҳкам кардани тамоюлҳои парламентаризм ва ба парлумон додани як қатор ваколатҳо, аз ҷумла бинобар тасдиқ намудани аъзои ҳукумат, бешубҳа, ба демократиконии минбаъдаи идоракунии давлатӣ хидмат мекунад.
Президенти Шӯрои байналхалқии ҳуқуқшиносон, раиси Ассотсиатсияи адвокатҳои тамомиҳиндустонӣ Адиш Агарвал (Ҳиндустон):
– Даъвати Президенти Ӯзбекистон ба шаҳрвандон бобати фаъол иштирок намудан дар ҷараёни ислоҳсозии давлат сазовори баҳои баланд аст. Ба ғайр аз ин, васеъ гардондани ваколати мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, яъне ғайримарказӣ кардани идоракунии давлатӣ, фаъол ҷорӣ намудани элементҳои «шарикии давлатию хусусӣ» низ бояд дар баланд бардоштани самарабахшии ислоҳот омилҳои муҳим гарданд. 
Ба Шӯрои олии судяҳо дода шудани ваколати Президент оиди таъин кардани судяҳо бинобар таъмин кардани мустақилии судяҳо қадами муҳим мебошад. 
Ба фикрам, мазмуни муроҷиатнома аз пайравии қатъии роҳбарияти Ӯзбекистон ба тамоюлҳои демократия, волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ далолат медиҳад.
Раиси Форуми оид ба рушди тиҷорати хурд ва миёнаи Ҳиндустон Раҷниш Гоенка (Ҳиндустон):
– Ман тағйиротҳои мусбате, ки дар Ӯзбекистон ба амал меоянд, хусусан чораҳоеро, ки бинобар фароҳам овардани шароит барои сармоягузорони хориҷӣ андешида мешаванд, бо хушнудӣ мушоҳида менамоям. Дар ин ҷанба мехостам халқу ҳукумати ҷумҳуриро бо комёбиҳояшон дар соли 2018-ум, ки оиди онҳо Президент Шавкат Мирзиёев дар муроҷиатномаи худ ба парлумони мамлакат изҳор кард, муборакбод намоям. 
Он чиз сазовори эътибори бузург аст, ки дар Ӯзбекистон маданияти нави ҳамкории мақомоти давлатӣ бо халқ, соҳибкорон ва тоҷирон ташаккул ёфтааст. 
Боварӣ дорам, ки мамлакат таҳти ташаббуси сарвари серҳаракат ва оқил дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба комёбиҳои бузург муваффақ мегардад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: