РӮҲИ ВАТАНПАРВАРИИ ҲАРБӢ ВА МАЪНАВӢ

Сабақи зиндагӣ

Тибқи қарори Президент  аз 4 августи соли 2018, дар қисму муассисаҳои ҳарбӣ ҳар рӯзи ҷумъаи ҳафта ба сифати «Рӯзи болоравии сатҳи маънавӣ ва ватанпарварӣ» истиқбол гирифта мешавад. Ба анъанаи нав натанҳо хидматчиёни ҳарбӣ, балки ҷавонон низ мароқ зоҳир менамоянд.
Дар яке аз рӯзҳои ҷумъаи моҳи октябри соли сипаригардида моро ба Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд даъват намуданд. Қисми зиёди даъватшудагон хидматчиёни  ҳарбӣ ва афсарони ба истеъфобаромада буданд. Проректори таълимгоҳ моро ба донишҷӯён муаррифӣ намуд.
Дар донишкада 17 забони шарқ таълим дода мешавад, ки 17 калид ба дари хазинаи маънавии аҷдод аст. Донишҷӯён маълумотҳоро доир ба муҳофизони  Ватан ва навгониҳои артиши миллӣ бо мароқ шуниданд. Пас, имкони ба даст даровардани боз як калид пайдо шуд. Яъне дарки он ки  муҳофизати Ватан низ арзиши волоест,  ки аз аҷдод ба мерос мондааст.
Ҳис кардам, ки аудитория ташнаи дониш аст. Доир ба матонати ҳарбиён ду - се мисоли ҳаётӣ овардам. Дар бораи капитан Баҳром Ҷӯраев, ки дар роҳи ҳимояи Ватан мардонавор ҳалок гардидааст, ҳарф задам.«Ман ба ӯ нагуфтаам, ки агар хатаре пеш ояд, аввал худ, сипас Ватанро ҳимоя кун». Модари қаҳрамон тахминан чунин гуфта буд.
Ё Бобур Ғаниев, ки дар Сариосиё алайҳи террористон далерона мубориза бурда, ҳалок гардида буд. Вақте бародари афсари ӯ дар назди модар ба зону истода гуфт: «Модар, маро бубахш, бародарамро аз марг наҷот дода натавонистам», модар ашкашро фурӯ нишонда, изҳор дошт: «Қадатро баланд гир, писарам. Вақте дар роҳи ҳимояи Ватан ба шумоён фотиҳа медодам, ба чунин рӯзҳои гарон низ омода будам». Шояд мафҳуми модар - Ватан ё Ватан - модар дар ин ҷавоби модари қаҳрамон нуҳуфта аст. 

Дар соли сипаригардида

Моро ҳодисаҳое, ки дар дунё ва гирду пешамон рӯй медиҳанд ва дигаргуншавии манзараи  мафкура бефарқ намегузорад. Ба корҳои муҳиме, ки доир ба ислоҳсозии лашкари миллиамон анҷом дода шудаанд, як назар андозем.
– 9 январи соли 2018 аз ҷониби Президент ба Қонун «Дар бораи Доктринаи мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» имзо гузошта шуд;
– 23 феврали соли 2018 қарори Девони Вазирон «Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи дар рӯҳи ҳарбию ватанпарварӣ тарбия кардани ҷавонон» қабул гардид;
– 18 апрели соли 2018 бино ба қонуне, ки аз ҷониби Президент ба имзо расидааст, ба синну соли дар хидмати ҳарбӣ будан ва матни савганди ҳарбӣ тағйирот ворид карда шуд;
– бино ба қароре, ки 14 майи соли 2018 аз ҷониби  Президент ба тасвиб расид, ба фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ ва таълими олии ҳарбӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда шуд;
– 4 августи соли сипаригардида қарори сарвари  мамлакат «Дар бораи куллан такмил додани низоми баланд бардоштани сатҳи маънавию маърифатии хидматчиёни ҳарбии Нируҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба тасвиб расид.
Асноди мазкурро риштаи умумие ба ҳам мепайвандад, ки он маънавияту маърифат мебошад. Лашкари халқи сулҳу осоишхоҳ дар чунин рӯҳ тарбия меёбад.

Қадамҳои устувор

Ташаббусу ҷоннисориҳои ходими масъули корҳои мудофиаи ноҳияи Чилонзори пойтахт Шерзод Ҳикматов шоистаи таҳсин аст. Бо ташаббуси ӯ таҳти шиори «Қадамҳои устувор» байни ҷавонон ҷашнвораи ҳарбию варзишӣ баргузор шуд. Дуруст аст, ки ин мусобиқаро боз ҳам метавон такмил дод. Вале қадами аввал гузошта шуд.

Дили зебою ҷисми солим

Дар асл аз қадим барои ба хидмати ҳарбӣ омода кардани ҷавонон усулҳои  пешқадам мавриди истифода қарор гирифтаанд. Мисолан, дар Эфиопия сохтори эфибия ҷорӣ буд, ки ба тарбияи одамони дилаш зебою танаш солим нигаронида шудааст. Ба давлат чунин сиёсат  чӣ лозим? Шаҳрванди дилаш зебою танаш солим ҷонибдори сулҳу осоиш аст, барои шукуфоии Ватан хидмат мекунад. Дар вақти ҷанг барои озодии давлату миллат ҷоннисориҳо нишон медиҳад.
Дар таърихи дуру наздики мо низ чунин мисолҳо зиёданд. Ҷавонони мо аз 5-7-солагӣ камонандозӣ ва аспсавориро машқ кардаанд, ки аз арзишҳои миллӣ маҳсуб меёфт. Яъне, аҷдоди мо ба маънан ва ҷисмонан нируманд шудани ҷавонон рӯйи эътибор гардондаанд. Бо мурури вақт ҳарчанд шакл тағйир ёфтааст, вале моҳият ҳамон. Мисолан, ҷавонони афинагӣ барои қалбан зебо шудан, осори муаррихону файласуфонро хондаанд, ба театр рафтаанд. Тан агар солим бошад, вақте ба Ватан хатаре таҳдид кард, шаҳрванд ба даст силоҳ мегирад. Агар қалб зебо бошад, дар шуураш фикри ҳимояи Ватан ба силоҳ табдил меёбад.      

Мулоқот бо Президент

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи олии Нируҳои Мусаллаҳ Шавкат  Мирзиёев вақте аз минтақаҳо дидан мекунад, бо хидматчиёни ҳарбӣ низ мулоқот меорояд. Дар тӯли соли сипаригардида мо шоҳиди ин гардидем. Инак, мисоле чанд.

Фарғона. 
Округи ҳарбии шарқӣ.

– Дӯст доштани  Ватан – фазилати олӣ. Ҷавонон бояд дорои чунин фазилат бошанд. Барои ин бояд ҷавононе мисли шумо сарбаланду нируманд намунаи ибрат гарданд. Бояд бо ҷавонон зуд-зуд мулоқот орост, онҳоро дар рӯҳи ифтихори миллӣ ва миҳанпарастӣ тарбия кардан лозим, – гуфт Президент ҳангоми ташриф овардан ба қисми ҳарбии Фарғона. Ба китобхонӣ  ва маънавияту маърифат бори дигар рӯйи эътибор гардонд. Ҳарбиёни мо бояд мисли Амир Темур ва Ҷалолуддин Мангубердӣ ҷисми солим ва маънавияти воло дошта бошанд.

Моҳи июли соли 2018, 
Тошканд. 

Сарвари мамлакат дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ бо сарбозон суҳбат кард. Яке аз онҳо аскари қаторӣ Абдуллоҳхон Сулаймонов мебошад:
– «Боракалло, ба падарат раҳмат!» Ин суханони Президент як умр дар лавҳи ёдам нақш баст. Ҳаракат мекунам, ки сазовори ин ситоиш бошам. Вақте ин лавҳа тавассути телевизион намоиш дода мешуд, модарам нони дар танӯр часпондаашро фаромӯш карда, ба назди телевизор шитофтааст. Шодам, ки падару модарам аз хидмати ман мамнунанд. Ҳоло китоби шеърамро ба нашр омода месозам.
Моҳи ноябри соли 2018, дар майдони таълими саҳроии Чирчиқи вилояти Тошканд.

Хидматчии қарордодӣ, аскари  қаторӣ Улуғбек Нормуродов ва ҳамсафони ӯ бо Президент суҳбат карданд.
– Ҳанӯз дар пеши чашмам, вақте саф кашида истода будем, Президентамон ба назди мо омад. Дар мулоқот роҳбари  давлатамон изҳор дошт: «Ниятам ин аст, ки фарзанду набераҳои ман ҳам мисли шумо саф кашида, Ватанро ҳимоя кунанд». Аз ин суханон баданам виҷиррос зад. Аз дасти Президент, Сарфармондеҳи олии Нируҳои Мусаллаҳ туҳфаҳои гаронбаҳоро гирифтам. Ин барои ман бахт аст, – мегӯяд Улуғбек Нормуродов.
Ба ҷойи охирсухан ин суханони Президентамонро оварданиям: «Бояд як чизро ҳеч гоҳ фаромӯш накунем: лашкарро метавон аз ҷиҳати моддӣ, техникаву таҷҳизот ва силоҳи замонавӣ таъмин кард. Аммо агар таркиби шахсӣ аз ҷиҳати маънавӣ заиф бошад, яъне, дар дили сарбозону афсаронамон нисбат ба Ватан меҳру садоқат набошад, масъулиятро ҳис накунанд, ба тақдири халқу Ватан аз паси панҷа нигаранд,  ин ҳолат ба оқибатҳои нохуш оварданаш аз эҳтимол дур нест». 

Алиҷон САФАРОВ, 
полковник.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: