НАШРҲОИ НЕМИС ДАР БОРАИ ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДӢ ВА САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ба қарибӣ дар шумораи навбатии маҷаллаи махсуси NORD LICHT, ки аз ҷониби ширкати нақлиётиву логистикии олмонии BLG LOGISTICS нашр мегардад, бахшида ба рушди коммуникатсияи нақлиётӣ бо Ӯзбекистон ва иқтидори сайёҳии мамлакатамон мақолаи калон чоп шуд.

 Муаллифи мақола – хабарнигори нашр Карстен Аренс ба хонандагон дар бораи ҷамъбасти сафари даҳрӯзааш ба мамлакатамон тобистони соли гузашта нақл менамояд. 
Таърихи гузориши якум аз силсилаи «Роҳи нави абрешим» аз Самарқанд оғоз меёбад. Муаллиф ҷойҳои шоёни диққати шаҳрро тавсиф дода, аз сайёҳи англис Ҷорҷ Керзон иқтибоси: «Ҳашамат ва соддагӣ дар ин ҷо дасти якдигарро мефишуранд»-ро меорад. 
Таъкид карда мешавад, ки Самарқанд яке аз чорроҳаҳои муҳимтарини Роҳи абрешими қадимӣ буд, ки Шарқро бо Ғарб мепайваст. Бо ин роҳ ба Аврупо тилло, нуқра, занҷабил, долчин, заъфарон, нил, бухур ва молҳои зиёди дигар равон карда мешуд. Баробари ин, дониш, комёбиҳои илмиву техникӣ, дин паҳн карда мешуданд. Маҳз ҳамон вақт шаҳр-мавзеъҳои Самарқанд ва Бухоро ба марказҳои муҳими савдо ва маърифат табдил ёфтаанд. 
Чи хеле ки муаллиф қайд менамояд, «Ӯзбекистон имрӯз ба давраи нави рушди иқтисодӣ баромад. Президент Шавкат Мирзиёев ба мамлакат дари дунёи беруниро кушода, онро ба самти ислоҳоти бемайлон мебарад. Дигаргунсозиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо суръати баланд пеш мераванд. Натиҷаҳои аввалини озодгардонии бозори дохилӣ аз ин далолат медиҳанд. Имкониятҳои нави  ҷумҳурӣ ҷозибадории сармоягузории мамлакатро баланд бардошта, шароити пеш бурдани тиҷоратро дар Ӯзбекистон беҳтар мегардонад. 
Бо вуҷуди ин, бинобар суханони журналисти олмонӣ Ӯзбекистон бояд корҳои зиёд, аз ҷумла, бинобар барҳам додани саддҳои бюрократӣ дар фаъолияти соҳибкориро амалӣ намояд. 
Дар ҷараёни ислоҳот инчунин ба масъалаҳои нигоҳ доштани сулҳу субот дар мамлакат эътибори зарурӣ дода мешавад.
Яке аз вазифаҳои устуворе, ки дар назди Ӯзбекистон қарор дорад, васеъ гардондани ҷуғрофияи содироти маҳсулоти миллӣ ба ҳисоб меравад. 
Дар мақола ба саъю кӯшиши мамлакатамон бинобар вусъат додани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҳам бо давлатҳои ҳамсоя, ҳам бо мамлакатҳои хориҷи дур эътибори алоҳида дода шудааст. Аз ҷумла, хонандагон метавонанд бо натиҷаҳои лоиҳаҳои бузурги инфрасохтор, ки Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Чин дар доираи ташаббуси чиноии «Як макон, як роҳ» татбиқ менамояд, шинос шаванд. Дар ҷанбаи мазкур шохаи роҳи оҳани «Ангрен—Поп» бо нақб ба воситаи ағбаи Қамчиқ, инчунин роҳандозии поезди тезгарди Афросиёб байни Тошканд, Самарқанд ва Бухоро зикр карда мешавад. 
Мувофиқи пурсише, ки Шӯрои иқтисодии Олмон гузарондааст, ширкат-резидентҳо ба ислоҳоте, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ мегарданд, шавқу рағбати муҳим зоҳир менамоянд.

АИ «Дунё», 
БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: