ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ТИҶОРАТ КУШОДА МЕШАВАД

Чунин мепиндорад Стефан Вейлер, директори идоракунандаи бонки сармоягузории амрикоии JP Morgan, роҳбари шуъба оид ба мамлакатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Шарқи Наздик ва Африқо.

– Чи хеле ки дар Муроҷиатномаи ҳарсолаи Президент Шавкат Мирзиёев ба парлумони мамлакат қайд мегардад, рейтинги мустақили вомиро ба даст овардани Ӯзбекистон дар шаффофияти иқтисодии он марҳалаи муҳим ба ҳисоб меравад, – мегӯяд соҳиби бонк. – Роҳбарияти мамлакат мушоҳидони хориҷиро барои омӯхтан ва ба таври оммавӣ шарҳ додани тарафҳои пурзӯру заифи иқтисодиёти Ӯзбекистон даъват намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси барои тиҷорат кушода будани Ӯзбекистон ишорати ошкоро медиҳад. 
Рейтинги мустақили вомӣ дар илова ба ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, инчунин имконияти ба даст овардани аломати дарозмуҳлатро барои арзёбии пешрафт дар пеш бурдани ислоҳот ва навсозии иқтисодиёт фароҳам меорад. Ба ғайр аз ин, рейтинги мустақил ба рушди бозори сармояи маҳаллӣ, инчунин сабуктар кардани роҳёбии ширкат ва муассисаҳои молиявии Ӯзбекистон ба бозорҳои байналхалқии облигатсияҳо мусоидат менамояд, ки дар ҷалб намудани сармоя ба мамлакат ва таъмин намудани афзоиши иқтисодӣ омили муҳим мегардад.

АИ «Дунё».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: