ПАРДАИ ҲАЁ ВА ИБО

Беҳуда нагуфтаанд, ки «одаму либос, хонаву палос».

Дид ва завқи эстетикии халқи мо, ки либоси миллиро оинаи маънавият мешуморад, хеле баланд. Бо ифодаи дигар, худшиносии мо дар интихоби либос ва маданияти либоспӯшиамон низ равшан ба зуҳур меояд.
Зимнан, бобати либоспӯшӣ нафақат дар шахси алоҳида, балки дар ҷамоаи васеъ, ки халқ номанд, идеали хос мавҷуд.
Либоси миллӣ, нишонае аз ботин, ахлоқ ва симои маънавии инсон ҳисоб меёбад. Чӣ тарз пӯшидани он низ аз аҳамият холӣ нест.
Ҳар халқ, ки ба худ хос сарулибос дорад, баробари дар кас дидани либоси миллӣ дарҳол пай бурдан мумкин аст, ки вай аз куҷо ва мансуб ба кадом халқу миллат. Тоҷикон низ, ки яке аз қадимтарин халқҳои ҷаҳонанд, бо либоси миллии худ ифтихор доранд. Вақте сухан дар бораи таърихи либосҳои миллии мост, манбаъшиносон ба асри биринҷӣ рӯй оварда ва тахмин мекунанд аз ин чаҳор ҳазор сол пештар низ ниёгони мо либосҳои ба худ хос мепӯшиданд. Дар ин миён, албатта, онҳо тағйир ёфтанд, вале тарзи бурришу дӯхти либос, тавре мутахассисон таъкид менамоянд, қариб дигаргун нашуд.
Чигунагии муносибат ба либосҳои миллӣ ба ҳамаамон маълум – тавре ба назар мерасад асосан аҳли деҳот, хусусан сокинони минтақаҳои дурдаст аз он истифода мекунанд. Дар либоспӯшии мардуми шаҳр бошад, таъсири идеалҳои урупоиро бештар ҳис мекунем. Вале бо ин гуфтанӣ нестем, ки ба завқи аҳолии шаҳр либоси милливу ормонҳои суннатӣ тамоман бегона. Фақат онҳо ба меъёрҳои нав, бинобар дар ташаккули либос низ нақши худро гузоштани тарзи ҳаёти урупоӣ, бештар риоя сохта, мекӯшанд аз мӯд, ки баробари тараққиёт қадам мегузорад, қафо намонанд.
Шаҳрӣ ё деҳотӣ, таҳҷоӣ ё омада будани касро низ аз либосаш пай бурдан мумкин. Либоси миллӣ таҷассумгари болоии завқи одамҳоест, ки аз суннатҳои бобоӣ канда нашудаанд. Бабарсозии он, бад-ин маънӣ, нишонаи ақибмондагӣ нест. Қафомонда номидани деҳотиҳоеро, ки моҳияти ормонҳои волои зебоишиносиро дарк кардаанд, камоли ҷоҳилист.
Чӣ дар шаҳр ва чӣ дар деҳот шахсони калонсол, хусусан пиронсолон ба либосҳои миллӣ зиёдтар таваҷҷӯҳ мекунанд. Вале ҷавонҳое ҳам, ки оиди арзишҳои аҷдодӣ тасаввуроти равшан доранд, ба либосҳои миллӣ эҳтиром доранд.
Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо дар ҳар хонадон, дар маҳалла, дар масканҳои таълимӣ ва тарбиявӣ риоя ба оинҳои суннатӣ, махсусият ва ҷиҳатҳои хуби сарулибоси миллӣ тарғиб ва ташвиқ карда мешавад. Ҳар шахс бобати либос ва тарзи истифодаи он фикри худро дорад. Ҳар чӣ дилаш хост, ҳамонро мепӯшад. Айни замон касе ҳақ надорад ақида ё ормони худро ба каси дигар зӯран гузаронад. Вале ин «соҳибихтиёрӣ» низ меъёр дорад. Баъзан дар таъсири либоспӯшии урупоӣ берун аз эътидол қадаммониҳо ба назар тофта, одамро хиҷолат мекунанд. Дар кӯча ё ҷойҳои ҷамъиятӣ бо тани нимурён сайркунии зумрае аз рӯи одоб аст? Доманҳои аз ҳад кӯтоҳ, тахтапуштҳои урёни «ҷинси латиф», бо шим-шортҳо бемалол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳузур доштани мардҳои синну соли гуногун. Шояд ин дар тасаввури онҳо нишонае аз «демократия», маданиятнокии аврупоист. Ашхоси дидгоҳи маънавияташон баланд асло ин тавр рафтор намекунанд.
Чанд сол муқаддам духтар ё ҷавонзанҳои урупоинажод бо шимҳои ҷинси шикоф ё зӯран дарондашуда, ки дар хориҷ мӯд аст, намоён мешуданд. Фикр мекунед, шояд бо мақсади ҷалб намудани мардҳо занҳои сабукфикр шимҳои даридаро урф сохтаанд. Вале имрӯз мебинем, ки баъзе мардҳо низ бо ин гуна шимҳо дар кӯчаанд. Бадаш боз он ки духтарони маҳаллӣ низ акнун ба ин гуна шимҳо ҳавас мекунанд...
Духтаре, ки ин гуна шим пӯшида, ба таксии кӯча савор шудааст, ба манзил мерасад ва таксиро нигоҳ дошта, роҳкиро дароз мекунад. Ту надеҳ, ман медиҳам, мана ин пулро бигир ва як шим хар, аҳволат бисёр хароб менамояд, – мегӯяд таксирон. Духтар дар ҷои худ шах шудааст. Сухани бадарди таксирон, ки ба маънавияти хароби духтар ишора дошт, ба нишон мерасад.
Дар либос, қабл аз ҳама, ҳаё муҷассам. Яке аз донишмандон навиштааст: «Ҳаё гули тозаест, ки дар гулшани ақлу фаросат, иффат ва назокати инсонӣ рӯида, дар қалб, дар эҳсос, дар намуди зоҳирӣ, яъне либоспӯшӣ намоён мегардад».
Баробари либос мо матоъҳои миллӣ дорем, ки шоҳӣ, атлас ва адрас аз ҳамин қабиланд. Онҳо бисёр нафис ва ба бонувон зебанда. Бинобар ҳамин ҳам аз ин матоъҳо либосҳои занона медӯзанд. Вале гоҳо дар тани баъзе санъаткорон костюм, нимча (нимтана)-и аз адрас дӯхташударо дида, ба ҳайрат меафтем. Замонҳо нав шуда, аз адрас либосдӯзонии мардҳоямонро ниёгони мо ба тасаввур ғунҷонда наметавонистанд. Ба ақл ва  фаросатамон чӣ шуд?
Арӯсу домод ба тӯйхона ворид мешаванд. Китфҳои арӯс, ки либоси тӯёна пӯшидааст, луб-луч. Дарозии фата на камтар аз ду метр, духтаре, ки аз қафо меояд, ба бардоштани домани кашолаи ӯ банд. Вай ба одамоне, ки аз қафои арӯс меоянд, бо димоғи гирифта нигоҳ дӯхта, ҳаракат мекунад куртаи ҳарир ва бо сангрезаҳои гаронбаҳо ороёфтаро эҳтиёт намояд. Иҷораи якрӯзаи он чандсад доллар! Чиркин шавад, ба соҳиби он чӣ ҷавоб медиҳанд? Шояд ин куртаро пагоҳ арӯси дигар пӯшад...
Ҳа, дар бари арӯс на либоси арӯсии миллӣ, балки пироҳану сарандози сафеди урупоӣ, ки бисёр тунук ва нозук аст. Ба сайру саёҳат мебаранд ӯву домодро, ба зиёрати қадамҷойҳои таърихӣ. Ҳаво муътадил бошад чӣ хуб, вале чун тӯй ба тирамоҳу зимистонҳои сард рост омад, вой бар ҳоли арӯс. Вай маҷбур аст дар базмҳои чандсоата, ки дар майдонҳои кушод ташкил мегарданд, ба шамол, боришот ё хунукӣ тоқат намояд. Аз шиддати сармо мешавад ҳар гуна шамолхӯриҳо ба ҷисми нозуки вай таъсир кунанд.
Хуб аст, ки алъон аксарият мардум, ки авлоди насли соҳибфарҳанг мебошанд, пуштбонӣ ва ҷонибдории қатъии худро аз нигоҳдорӣ ва истифодаи либоси миллӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо тарафдорӣ менамоянд. Тавре дар боло таъкид намудем, дар либос ва тарзи либоспӯшӣ ботини инсон, хулқ, ҷаҳони маънавии ӯ баръало намоён мегардад.
Сарулибос фақат ба инсон, ки мӯъҷизаи нодири табиат, бандаи Офаридгор аст, хос мебошад. Ба маъние, пардаи ҳаё ва ибои одамизод низ маҳз пӯшоки он. Арбоби санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Ғафуров чунин қайд мекунад: «Гуфтанам меояд: номусро аз дарахт омӯзед. Нигаред он танаи худро бо чӣ гуна парда пӯшондааст. Ягон ҷои танааш бурида шавад, дарҳол бо баровардани пӯст гӯё ба панаҳ кардани ҷои лучи бадан ҳаракат мекунад. Дар табиат ҳаё ҳукмрон. Зарурати зиндагӣ ҳаминро тақозо мекунад».
Хуб мешуд, тавре арзишҳои фарҳангиро пос медорем, ба нигоҳ доштани хусусиятҳои миллии либоспӯшӣ ҳаракат намоем.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: