ТАРБИЯИ КӮДАК ДАР ОИЛА

Педагоги барҷастаи рус А. С. Макаренко гуфта буд, ки хушбахт буданро ба инсон ёд додан мумкин нест, вале ба воситаи тарбия хушбахт кардани ӯ имконпазир аст.

Оре, ин сухани ҳақ асту рост. Хушбахт шудани инсон ба тарбия вобаста аст.
Дар  оилаи меҳмондӯст, бовиҷдон, боирода ҳеҷ гоҳ кӯдаки бевиҷдон тарбия намеёбад, вале баъзан воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ақли кас бовар намекунад. Масалан, фарзанди як шахси бузург ва обрӯманд  рафтори ношоиста мекунад, ки худи падару модар низ дар ҳайрат мемонанд. Ба ин ҳолат ҳайрати худро бо ибораҳои «ин кас аз паси кӣ рафта бошад?», «Мо дар ҷавонӣ ин  тавр набудем», ифода мекунанд. 
Дар аксари оилаҳои мо барои тарбияи муътадили кӯдак тамоми шароит муҳайёст. Хуб мехӯронанд, рӯзе чанд хел либоси гуногун мепӯшонанд, ба онҳо бозичаҳои рангубаранг мехаранд. Кӯдак аз ягон ҷиҳат камбудӣ ҳис намекунад.
Ҳангоме ки ба мактаб рафт, баъзе нуқсонҳои тарбия маълум мегардад.
Сад афсӯс, ки мо калонсолон баъзан дар тӯю маърака, дар ҷойҳои ҷамоатӣ дар назди фарзандон бо рафтори ношоистаи худ «намунаи ибрат» мегардем.
Пас аз меъёр зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ аз тарафи баъзе калонсолон ҳаракатҳои ношоистае содир мегардад, ки фарзандон гувоҳи он мегарданд. Албатта, ин ба тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Боре як шогирдамро (хонандаи синфи 3), ки дар тӯйе, дар мобайни давра аз зери пойи раққосаю ҳофизон пулҳои ба замин ғалтидаро чида мегирифт, сарзаниш кардам, ки ин кораш аз рӯи одоб нест.
Вай дар ҷавоб: 
– Магар пулро ба замин пош додани калонсолон аз рӯйи одоб аст? – гуфт.
Дуруст аст, ки бачагони имрӯза аз бачагони солҳои 70-80-уми асри гузашта аз бисёр ҷиҳатҳо фарқ доранд. Онҳо телевизор мебинанд, аз  интернет маълумотҳои зиёд мегиранд.  Аммо маълумоти умумӣ гирифтан ҳанӯз фаҳмидан ва ҳис кардан нест. Аз  ин ё он воқеа ё санад бохабар будан танҳо зинаи аввали тасаввуроти кӯдак аст. Вазифаи мо – падару модарон аз он иборат аст, ки барои фаҳмиши воқеа ва моҳияти санадҳо ба бачагон ёрӣ диҳем. Ба онҳо фикр кардан ва эҳсос намуданро омӯзонем. Ин кор хеле душвор аст ва қувваю дониши бисёр талаб мекунад. 
Мағзи сари инсон ҳамеша  ташнаи илму дониш аст, вале ҳама  кор ҳадди худро дорад.
Баъзе бачагон ба телевизор ва бозиҳои компутерӣ, телефон хеле андармонанд, ки ин нодуруст аст ва ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад. 
Дар ин гуна ҳолатҳо кӯдак аз таассуроти бисёр, ки аксаран нолозиманд, монда мешавад, дар бораи чизи дида ва шунидааш фикр намекунад, ба ҳама чиз бетараф, бефарқ менигарад.
Бачаро дар назди калонсолон беҳад таъриф кардан, аз вай олим сохтан ҳеҷ гоҳ ҷаҳони ботинии кӯдакро ғанӣ намегардонад. Ба ҷойи ин корҳо, бигзор, бачагон шӯхиву бозӣ кунанд, ҳикояву афсона шунаванд, бо ҳайвоноту паррандаҳо дӯстӣ намоянд.
Бачагонро аз шӯхиву бозӣ, фантазияҳои рангин, шавқу ҳавас ва суҳбатҳои аҷоиб маҳрум кардан хуб нест. Ҳамаи ин ба бачаҳо орзу кардан, хаёл ва ҷустуҷӯ намуданро ёд медиҳанд. Ба ғайр аз хӯрондану пӯшондан дар вақт-вақташ ба сайру саёҳат баровардани кӯдакон лозим аст. 
Ба бача, пеш аз ҳама, меҳру муҳаббат ва эҳтироми инсонӣ зарур. Бачагон дар ин синну сол оламро ба таври худ зебо ва рангоранг мебинанд. Онҳо ё дӯст медоранд ё бад мебинанд.
Ҳамин ҳиссиёти  наҷибро наҳама як умр нигоҳ дошта метавонад. Бачаҳо бозиву шӯхикунон ба воя мерасанд, орзуи касбу ҳунарҳои гуногун (ба монанди ҳавопаймо, ходими ҳарбӣ, духтур, ронанда)-ро дар дил мепарваранд. Аз ҳамин сабаб бозиҳое, ки дар доираи одобанд ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба кӯдак зараровар нестанд, аҳамияти калон доранд.
Вазифаи мо, падару модарон ва омӯзгорон аз он иборат аст, ки дар дили фарзандони худ барои  амалӣ гардидани мақсадҳои бузург хоҳиши зиёдеро тарбия намоем, чунки бе хоҳишу ғайрат ягон орзу амалӣ намегардад.
Бачаҳои имрӯза шаҳрвандони ояндаанд, чунонки падарон ва модарони мо дар вақташ тақдири мамлакат ва халқро ба мо супурда буданд, мо дар оянда ин эстафетаро ба фарзандони худ хоҳем супурд.
Хислатҳои аввалини шаҳрванди оянда дар оила пайдо шуда, бо таъсири падару модар ташаккул меёбад.
Мо падару модарон набояд фаромӯш кунем, ки фарзандонамон аъзоёни ҷамъиятанд ва рушду камол ёфта дар тамоми соҳаҳои ҳаёти халқу мамлакат иштирок мекунанд, дар симои онҳо симои ҷамъияти худро хоҳем дид. Бинобар он, вазифадор ҳастем, ки барои фарзандони хуб, бомаърифат ва оқилу доно тарбия кардан аз замони таваллуд сар карда то ба зинаҳои ояндаи камолоти онҳо тамоми тадбирҳоро андешем.

Ӯктам ЭЛМУРОДОВ,
муаллими мактаби 
рақами 4-уми 
ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: