БАВУҶУД ОВАРДАНИ ТАМОМИ ШАРОИТ БАРОИ ФАРАҲМАНДИИ АҲОЛӢ – МАҚСАДИ АСОСИИ МО

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шиносоӣ бо ҷараёни ислоҳот дар бобати рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, корҳои бунёдгаронаи ҷорӣ ва лоиҳаҳои бузург 11 январ аз вилояти Самарқанд боздид намуд.

Роҳбари давлат ҳангоми сафар ба вилоят 17-18 марти соли 2018 бо бисёр лоиҳаҳои истиқболнок шинос гардида, вазифаҳоро дар бобати вусъат додани миқёси корҳои бунёдкорӣ дар ноҳия ва шаҳрҳо, рушди муттасили саноат, сайёҳӣ, хоҷагии қишлоқ, соҳаи хидматрасонӣ ва сервис, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои ҳаёти аҳолӣ муайян намуда буд.
Дар давраи гузашта барои иҷрои супоришоти мазкур кори мушаххас ба амал оварда шудааст. Дар соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ, хидматрасонӣ 1142 лоиҳа ба амал татбиқ гардида, беш аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар доираи барномаи рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии вилоят 88 лоиҳа дар ҷанбаи саноат ба амал татбиқ гардида, беш аз 1,3 триллион сӯм сармоя азхуд карда шудааст. Ҳаҷми сармояҳои бевосита беш аз 58 миллион долларро ташкил намуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ташрифро ба вилоят аз зиёрати мақбараи Имом Бухорӣ сар кард. Ояте аз Қуръон тиловат гардид.
Чи хеле ки маълум аст, Шавкат Мирзиёев бо таклифи дар назди маҷмӯи ёдгорӣ созмон додани маркази илмиву тадқиқотӣ соли 2016-ум дар сессияи 43-юми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар Тошканд баромад карда буд. Баъдтар Президенти мамлакат бо лоиҳа ва рафти сохтмон якчанд маротиба шинос шуда, тавсияҳои пурарзиши худро дода буд. Имрӯз корҳои сохтмону пардоздиҳӣ ба анҷом расонда шуданд.
Сарвари давлатамон бо шароитҳое, ки дар марказ фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид.
Марказ бо омӯзиши мероси илмиву маънавии Имом Бухорӣ ва олимону мутафаккирони дигар, нашри тарҷумаҳои илмӣ ва матнҳои қиёсии асарҳои аз ҷониби онҳо офаридашуда, ҷамъ овардани нусхаҳои электронии дастхатҳо, ки дар китобхонаҳо, фондҳои архивии мамлакат ва хориҷ нигоҳдорӣ мешаванд, то ба халқ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расондани онҳо шуғл меварзад. Дар ин ҷо барои омӯзиши мероси ғании гузаштагонамон, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар ошёнаи якуми марказ музей фаъолият дорад. Он дар бораи ҳаёт, сафарҳои илмии Имом Бухорӣ нақл менамояд. Дар маркази музей нусхаи қадимии дастхати китоби «Саҳеҳи Бухорӣ» гузошта шудааст.
Дар рафти шиносоӣ бо музей Президент таъкид намуд, ки ин маскан дар зиёратчиён оиди на танҳо Имом Бухорӣ, балки умуман дини ислом тасаввурот пайдо мекунонад.
Дар харитаи ҷаҳон боз як маркази илм пайдо шуд. Он ба рушди минбаъдаи илм дар мамлакатамон мусоидат намуда, нафъи бузург меорад. Ба ҷавонон донишу иқтидор мебахшад. Дар ин ҷо хонандагон ва зиёраткунандагон ғизои бузурги маънавӣ гирифта, дарси маърифат меомӯзанд,  гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аз ҷониби марказ бинобар омӯзиш, васеъ тарғиб намудани мероси гузаштагони бузургамон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо марказҳои бонуфузи байналхалқӣ корҳои муайян амалӣ гардонда шудаанд. Бо мамлакатҳои Аврупо ва Шарқ, марказҳои бонуфузи тадқиқотҳои исломӣ ва донишгоҳҳои ҷаҳон робита ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷумла, бо маркази тадқиқотҳои исломии Оксфорд, Донишгоҳи Кембриҷ,  фонди «Ал-Фурқон»-и Британияи Кабир, музейи Британия, Донишкадаи дунёи араб, Китобхонаи миллии Фаронса ва масканҳои дигари илму фан ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби кормандони илмии марказ «Имом Бухорӣ», «Ҳаёт ва мероси илмии Алоуддин Усмандий Самарқандий», «Лубоб ҳадис» барин 17 китоб ба нашр тайёр карда шудааст.
Нусхаи электронии 535 дастнавис ва асарҳои литографӣ, ки дар фондҳои китобхонаи мамлакатҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд, тайёр карда шуданд. Каталоги 1 168 асар, ки дар марказ нигоҳдорӣ шудаанд, тайёр гардид.
Сарвари давлатамон бино бар эҳтиёткорона нигоҳ доштани дастхатҳо, тарҷума кардан ва ба халқ расондани онҳо супориш дод.
Якҷоя бо маркази илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ боз як муассисаи таълими олии динӣ – Мактаби илми ҳадис бунёд ёфтааст. Шавкат Мирзиёев ин мактабро низ аз назар гузаронд.
Муддати таҳсил дар Мактаби илми ҳадис панҷ солро ташкил медиҳад. Ба мактаб 10 нафар хатмкунандагони қобилиятноки муассисаҳои миёнаи махсуси таълими динӣ хоста гирифта шуданд, ки онҳо забони арабиро мукаммал азхуд намудаанд.
Дар мактаб баробари фанҳои ҳадисшиносӣ Қуръони карим, фиқҳ, ақида, тафсир, таърихи ислом барин фанҳо инчунин забони хориҷӣ амиқ омӯзонда мешаванд.
Ташкил кардани фаъолияти мактаб дар соҳаи илми ҳадис, ки гузаштагони бузурги мо асос гузоштаанд, дар зинаи ҳозираи пешрафти маънавии мамлакат аҳамияти муҳим дорад. Дар назди онҳо чунин вазифаҳои бузург, мисли амиқ омӯзондани асосҳои илмиву назарии фанни ҳадис, забонҳои хориҷӣ, ташкил кардани машғулот дар асоси анъанаҳои «Устоду шогирд», эҳтиёткорона нигоҳ доштани арзишҳои динӣ дар давлати дунёвӣ, тайёр кардани тарҷумаҳои илмиву эзоҳӣ ва матнҳои қиёсии асарҳои олимони илми ҳадис, ба забонҳои ӯзбекӣ ва хориҷӣ нашр кардани онҳо, ташкил намудани семинару конфронсҳои илмӣ, аз ҳама муҳимаш дар асоси тамоюли «Бар зидди ҷаҳолат бо маърифат» бо роҳи илм ва маърифат, одобу ахлоқи баланд мубориза бурдан бар зидди ҳар гуна бетаҳаммулӣ, экстремизм ва терроризм гузошта шудаанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда хатмкунандагони Мактаби илми ҳадис метавонанд аз фанҳои динӣ, аз ҷумла илми ҳадис сабақ дода, дар созмонҳои динӣ вазифаҳои имом-хатиб, корманди илмӣ, инчунин ба сифати корманди илмии марказҳои илмиву тадқиқотӣ кор кунанд. Хатмкунандагон метавонанд таълимро бино бар ихтисосашон дар магистратура, докторантураи такягоҳӣ ва докторантураи Академияи исломии Ӯзбекистон идома диҳанд.
Президенти мамлакат зарурати такмил додани усулҳои таълим дар мактаб, рушди ҳамкорӣ бо марказҳои байналхалқии илмиро таъкид намуд.
Шавкат Мирзиёев ба маҷмӯи замонавии истиқоматӣ, ки дар мавзеи Қорасуви шаҳри Самарқанд қад меафрозад, ташриф овард.
Президентамон дар рафти сафар ба ҳудудҳои мамлакатамон баробари масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ба масоили шароити мусоиди зист фароҳам овардан ба аҳолӣ эътибори алоҳида медиҳад. Дар вилояти Самарқанд низ тӯли солҳои охир дар ин бобат корҳои назаррас амалӣ мегарданд. 
Аз ҷумла, баланд будани эҳтиёҷи аҳолии шаҳри Самарқанд ба хонаву ҷой ба барномаи соли 2018-ум ба таври илова бунёд намудани манзилҳои арзони бисёрошёна дароварда шуда буд. Мувофиқи он аз мавзеи Қорасуви ноҳияи Самарқанд барои шаҳри Самарқанд қариб 50 гектар замин ҷудо гардида, корҳои васеъмиқёси бунёдкориву ободонӣ амалӣ гардиданд.
Танҳо дар соли 2018 дар асоси фармоиши ширкати инжинирингии «Ӯзшаҳарқурилишинвест» иборат аз 1 344 ҳуҷра ҷамъ 32 манзили ҳафтошёнаи арзон барпо карда шуд. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби ширкати инжинирингии «Қишлоқ қурилиш инвест» барои хидматчиён ва оилаҳои ҷавони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, вазъиятҳои фавқулодда, Гвардияи миллӣ 12 манзили панҷошёна сохта, ба истифода супурда шуд.
Баробари ин дар ҳудуд боғчаи хусусӣ, шуъбаи корҳои дохилии шаҳр, маҷмӯи савдо ва хидмати маишӣ, супермаркети «Регистон» сохта шуданд. Сохтмони мактаби таълими умумии дорои 540 ҷой дар арафаи анҷомёбист.
Ҳамин тариқ дар ин ҷо дар фурсати кӯтоҳ мавзеи замонавии аҳолӣ қад рост намуд. Дар хонаҳои нав барои аз ҳаёт розӣ шуда зистани аҳолӣ тамоми қулаиҳо ба эътибор гирифта шудааст. Ҳар як хонадон бо дегҳои алоҳидаи гармкунӣ таъмин гардидааст. Дар назди хонаҳо барои бачаҳо майдончаҳои бозӣ барпо карда шудаанд.
Роҳбари давлатамон ба хонадони оилаи Ҷасур Турсунқулов ва Ҷамшид Каттақулов, ки нав  кӯчида гузаштаанд, ташриф оварда, бо соҳибони хона суҳбат орост. 
Дар ин ҷо маросими тақдимоти лоиҳаҳои сохтмони манзил дар мавзеи Қорасув дар соли 2019, аз ҷумла манзилҳои бисёрҳуҷра, ки аз ҷониби ширкати «Агромир билдингс» дар асоси технологияи замонавии Туркия  барпо карда мешаванд, инчунин объектҳои инфрасохтори коммуналӣ ба амал омад. 
Дар мавзеи нав бинобар фармоиши ширкати инжинирингии «Ӯзшаҳарқурилишинвест» бунёд намудани 12 манзили ҳафтошёна, мувофиқи фармоиши ширкати инжинирингии «Қишлоқ қурилиш инвест» 7 манзил бо суръат идома дорад.
Президент таъкид кард, ки манзилҳо дар муҳлати кӯтоҳ сохта шаванд.
Самарқанд бояд маркази сайёҳӣ гардад. Аз ин рӯ дар ин ҷо мо сохтмони манзилҳои бисёрошёнагиро зиёд мегардонем. Дар маркази шаҳр манзилҳои ҷавобгӯи талаботи замон бунёд карда мешаванд.  Пеш аз бунёди хона соҳиби он бояд аниқ донад, ки дар ошёнаи чандум, манзили чандҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунад,  гуфт раҳбари давлатамон.
Бо назардошти дар минтақаи зилзила ҷойгир шудани Самарқанд зарурати дар оянда дар марказҳои ноҳияҳои Каттақӯрғон, Ургут, Пахтачӣ, Нарпай, Қӯшработи вилоят бунёд намудани хонаҳои бисёрошёна таъкид гардид.  
Дар мамлакатамон бобати бо хӯроквории хушсифат, бехавф ва арзон таъмин кардани аҳолӣ, шароити қулай фароҳам овардан барои васеъ гардондани истеҳсоли намудҳои зиёди маҳсулоти равғану чарбу, ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ ба корхонаҳои мазкури соҳа эътибори алоҳида дода мешавад. 
Корхонаи муштараки «Pet Agro Oil», ки соли 2017 дар ноҳияи Тайлоқ аз ҷониби ширкати «Nortec Ectate LLP»-и Ирландияи Шимолӣ ва фирмаи «Tony Green»-и Ӯзбекистон ташкил карда шудааст, бо коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсол ва қадоқкунии равғани растанӣ шуғл меварзад. 
Имрӯз фаъолияти корхона васеъ гардонда мешавад. Дар ин ҷо технологияҳои замонавии Италия, Австрия, Туркия, Швейтсария, Ҳиндустон, Булғория ва Чин, ки 7 миллион доллар арзиш дорад, васл карда шудааст. 
Баъди бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхона 800 нафар аҳолии маҳаллӣ бо кор таъмин мегардад. Дар ин ҷо рӯзе 350 тонна равғани растанӣ, 3 ҳазор тонна қиёми помидор, 2500 тонна консентрати себ истеҳсол карда мешавад.
Дар ин ҷо лоиҳаҳое, ки бо ҳамкории сафоратхонаҳои мамлакатамон дар Чин, Туркия ва Испания, инчунин консулгарӣ дар Юнон ба вилояти Самарқанд вобаста карда шуда, оид ба дар вилоят созмон додани боғҳои интенсивӣ, кластерҳои пахтаву бофандагӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои обсарфакунӣ, рушди паррандапарварӣ, ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ коркард шудаанд, тақдим гардиданд.
Ба роҳбари давлат дар бораи лоиҳаҳои сохтмони кластери чорводории ширкати «Henan Wanbang Selected Supply Chain Management Co. LTD»-и Чин, вусъат додани фаъолияти ҶММ «Томорқа хизмати» маълумот дода шуд.
ҶММ «Afrosiyob parranda»-и ноҳияи Самарқанд истеҳсоли хӯрока ва ғизоҳои дигарро дар вилоятҳои Самарқанд, Тошканд, Андиҷон ва Сурхондарё роҳандозӣ кардан мехоҳад. Дар Сурхондарё дар семоҳаи чоруми соли 2019 корхонае ба иқтидори солонаи 50 ҳазор тонна хӯрока ба қимати 6,6 миллион евро қад хоҳад афрохт.
Президент бо лоиҳаҳое, ки аз ҷониби сафорат дар Туркия доир ба истеҳсоли доруворӣ ва поруҳои хоҷагии қишлоқ, таҷҳизоти обгузории қатравӣ, трактор, нахҳои полипропиленӣ, сендвич-панел ва ҳамчунин сохтмони меҳмонхона барои 130 ҷой дар шаҳри Самарқанд ташкил гаштааст, шинос гардид.
Бо ҳамдастии сафоратхона дар Испания лоиҳаҳо доир ба истеҳсоли масолеҳи сохтмони замонавӣ, таҷҳизоти гармхона, татбиқи обгузории қатравии пахта ва сохтмони корхонаи тухмӣ ба амал татбиқ мегарданд.
Роҳбари давлат ба асоснокӣ ва самаранокии лоиҳаҳои мазкур эътибор дод. Супориши дахлдор дода, таъкид кард, ки омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ ва ҷалб намудани мушовирон аз хориҷа муҳим мебошад.
Таъкид шуд, ки дар вилояти Самарқанд беш аз 37 ҳазор гектар заминҳои холии лалмӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро ба кор андохта, одамонро бо шуғл ва маҳсулоти арзони хӯрокворӣ таъмин намудан мумкин аст.
Роҳбари давлат бо корҳои офарандагӣ дар майдони Конфутсий, ки дар хиёбони Донишгоҳи шаҳри Самарқанд ба вуҷуд оварда мешавад, шинос шуд.
Конфутсий соли 551 то эраи мо таваллуд ёфта, ба фалсафаи Чин бунёд гузошт. Ӯ асосгузори конфутсизм буда, чун ходими сиёсӣ шуҳрат пайдо намуд.
Соли 2014 бино бар муоҳида дар бораи ҳамкории байни Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай ва Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд дар ин донишкадаи Самарқанд Институти Конфутсий ташкил карда шуд.
Бино бар супоришҳое, ки зимни сафари пешинаи Президент дода шуда буд, дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба мутафаккири бузург Конфутсий муҷассама гузошта шуд. Дар хиёбони атрофи ёдгорӣ аз рӯи анъанаҳои қадимаи Чин ғурфаҳо барои суҳбат қад афрохтаанд.
Бинои нӯҳошёнаи таълимиву маъмурии донишгоҳ таъмир карда шуда, бино бар таҷрибаи мактабҳои олии хориҷии бонуфуз муҷаҳҳаз гардонда шуд.
Дар ин ҷо маркази барномаҳои таълимии байналхалқӣ ба вуҷуд оварда шуда, дар он беҳтарин таҷрибаҳои донишгоҳҳои Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон ва Иттифоқи Аврупо омӯхта шуда, мутахассисони баландмалака тарбия мегарданд. Пас аз ду соли таҳсил дар марказ донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар хориҷа идома диҳанд.
Роҳбари давлат бо лоиҳаи марказ шинос гардида, ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод. Дар ин ҷо лоиҳаҳо доир ба рушди сайёҳӣ, сохтмони маҷлисгоҳ ва меҳмонхона дар Самарқанд нишон дода шуданд.
Дар маҷлисгоҳ, ки сохтмони он дар хиёбони беш аз 14 гектар идома дорад, тамоми шароит барои анҷуманҳои бузурги байналхалқӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Дар шафати он 2 меҳмонхонаи замонавии панҷситорагӣ, бизнес-марказ ва объектҳои дигар сохта мешаванд.
Имрӯз дар вилояти Самарқанд беш аз 540 объекти сайёҳӣ, 119 меҳмонхона, 23 манзили меҳмондорӣ, 127 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Соли гузашта беш аз 2,4 миллион сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ аз вилоят боздид намуданд.
Ҳоли ҳозир кор дар бобати минбаъд рушд додани зарфияти сайёҳии минтақа пеш бурда мешавад. Дар ҳамкорӣ бо ширкати «Sahid group»-и Индонезия сохтмони ду меҳмонхонаи замонавӣ давом дорад. Хатҳои нави сайёҳӣ ба самтҳои Ургут, Самарқанд, Нуробод ва дигар ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.
Ба роҳбари давлат иловаи инноватсионии «Nazzar», ки аз ҷониби ширкати «Smart Chain» таҳия гаштааст, пешниҳод гардид. Иловаи мазкур ба ҳар гуна унсури молики воқеияти иловагӣ имкони насб шудан дорад. Агар смартфон бо иловаи муқарраргардида ба аломати махсуси «Nazzar» фиристода шавад, дар экрани он тасвири воқеии  объект пайдо мегардад.
Иловае, ки аз ҷониби мутахассисони ширкати «Smart Chain» пешниҳод мегардад, барои ташвиқоти васеи зарфияти сайёҳии мамлакатамон, оммавӣ намудани ёдгориҳои таърихӣ ва музейҳо дар байни ҷавонон муфид буда метавонад. Бо наздик гардидани смартфон манзараи сокин дар ин васила «зинда гардида», садои сабтшудаи ҳамроҳи онро шунида, объектро дар андозаи сегона мушоҳида намудан мумкин аст.
Президент таъкид кард, ки барои минбаъд инкишоф додани сайёҳӣ дар мамлакатамон тарбия намудани мутахассисони баландмалака ногузир аст. Ба шахсони масъул омӯзиши мамлакатҳои сайёҳиашон рушднамуда, боз ҳам пурзур намудани фаъолияти Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» дар Самарқанд супурда шуд.
Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Самарқанд ҷамъомади ғайринавбатии Шӯрои  намояндагони халқи вилоят баргузор шуд.
Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба аҳли вилоят, ки ба хотири шукуфоии мамлакат бо шуҷоат меҳнат мекунанд, эҳтироми амиқ изҳор намуда, корҳои ҷории васеъмиқёсро дар минтақа доир ба рушди ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодиёт, беҳсозии ҳаёти аҳолӣ таъкид кард.
Аз он ҷумла дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар 29 қишлоқ ва 4 маҳалла корҳои сохтмон ва ободонӣ қариб ба 200 миллиард сӯм иҷро гаштааст. Соли гузашта 36 иморати бисёрошёнаи соҳиби 1,5 ҳазор ҳуҷра, 2 ҳазору 349 манзили арзон сохта шудааст. Қариб 60 кӯдакистони давлатӣ қад афрохта, 356 муассисаи хусусии таълими томактабӣ ба кор шурӯъ намудааст. Дар бобати рушди тандурустӣ, дастгирии занон, таъмири шабакаҳои коммуналӣ корҳои мушаххас анҷом дода шудааст.
Роҳбари давлат супориш дод, ки бо беҳтарин донишгоҳҳои Олмон ҳамкорӣ барқарор гардида, дар Самарқанд тарбия намудани кадрҳо дар ҷанбаи «иқтисодиёти рақамӣ» роҳандозӣ гардад.
Дар ҷамъомад масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Бо пешниҳоди Президент Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи муваққатии вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд тасдиқ гардид.
Нотиқон таъкид карданд, ки тамоми кӯшиш ва имконотро барои иҷрои вазифаҳои гузоштаи Президент дар бобати рушди босуръати вилоят истифода хоҳанд кард.
Рушди иқтисодиёти вилоят, фаъолсозии ҷараёни сармоягузорӣ, ба вуҷуд овардани корхона ва ҷойҳои нави корӣ – вазифаи муҳим ва аз ҳама бартаринок. Соли гузашта дар вилоят 448 объект қад афрохт. Аммо барои чунин вилояти молики зарфияти баланд, мисли Самарқанд, ин кофӣ нест, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки барои солҳои 2019-2020 968 лоиҳаи сармоягузорӣ ташаккул дода шуда, дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ба вуҷуд овардани корхонаҳои бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар бобати истифодаи зарфияти сайёҳии минтақа, диверсификатсияи хоҷагии қишлоқ, инкишофи соҳибкорӣ супоришҳо дода шуд.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Самарқанд ба итмом расид.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Умар АСРОРОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: