Абдулло СУБҲОН

МАГАР МЕДОНӢ?

Зиндагӣ сӯзи мудом аст, магар медонӣ?
Шуълае дар дили шом аст, магар медонӣ?

Тунд рафтан гаҳе дар ҷодаи уммед чу бод,
Гоҳ гаштан ба хиром аст, магар медонӣ?

Туъмаро аз даҳани шер рабудан, яъне
Ҷоннисории тамом аст магар медонӣ. 

На қароре, на сукуте, зи дили рӯди замон,
Ҳоюҳӯйи бадавом аст магар медонӣ?

Аз саропойи ҳамоне, ки туро дар дил ҷост,
Бӯсахоҳии мудом аст, магар медонӣ?

Баҳри мо сарвати дунёст, вале бар Хайём,
Дурдаи соғару ҷом аст, магар медонӣ?

Баҳри кӣ нони ҳалолу ба кие дар ин даҳр,
Луқмаи сарди ҳаром аст, магар медонӣ?

Баҳри он, ки надиҳад тан ба қазову ба қадар,
Зиндагӣ шӯру қиём аст, магар медонӣ?

Авҷи парвоз ба шаҳбоз, вале бар сайёд,
Қафасу донаву дом аст, магар медонӣ?

Фотеҳи хеш будан аст, ки пирӯзӣ ба халқ,
Фикру андешаи хом аст, магар медонӣ?

Мард будан, шарики Ҳурмузи айём будан,
Дар амал, не ба калом аст, магар медонӣ? 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: