АРТИШИ МИЛЛИИ МО, ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ҲАР ҚАДАР БА ХАЛҚ НАЗДИК БОШАНД, ЯГОНАГИИ ОНҲО ҲАМОН ҚАДАР МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД, БА ОН АНДОЗА НИРӮМАНДТАР МЕШАВАНД

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан як гурӯҳ хидматчиёни ҳарбӣ ва ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот ба унвонҳои ҳарбӣ сазовор гардида, бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.

14 январ маросими супурдани ин мукофоти олии Ватан  баргузор гардид. 
Роҳбари давлат, Сарфармондеҳи Олии Нирӯҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев ҷамъомадагонро бо Рӯзи муҳофизони Ватан муборакбод намуда, қайд кард, ки барои ӯ супурдани ин мукофот шарафи бузург аст. 
Хеле рамзист, ки мукофот ба шумо маҳз дар Рӯзи муҳофизони Ватан супурда мешаванд. Дар ин рӯзи ҷашн мо Қувваҳои Мусаллаҳ, тамоми аскарон, афсарон ва генералҳо, собиқадорони муҳтарами худро қадрдонӣ мекунем, ба онҳо орзуҳои нек изҳор менамоем. 
Ман дар шахси шумо тамоми артиши миллиамон, кулли хидматчиёни ҳарбиамонро муборакбод менамоям. Ҳамаи мо хидмати фидокоронаи шуморо барои ҳифзи Ватан, ҷасорату диловариатонро хуб медонем ва баланд қадр мекунем. Бинобар ҳамин ҳам мехоҳам, ки шумо ин мукофотро ба сифати эҳтиром ва эътибори беҳудуди халқамон ба Нируҳои Мусаллаҳ, тамоми ҳайати шахсӣ қабул фармоед, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар пояи Доктринаи нави мудофиаи кишвари мо бобати мустаҳкам кардани иқтидори ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо силоҳ ва техникаҳои навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз сохтани он, баланд бардоштани тайёрии ҷисмонӣ ва шахсии хидматчиёни ҳарбӣ ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Пойгоҳи моддиву техникии ҷузву томҳои ҳарбӣ мустаҳкам мегарданд, дар машқгоҳҳо мунтазам амалиётҳо гузаронида мешаванд. Барои бо манзил таъмин кардани ҷанговарон, дастгирӣ намудани оилаҳои онҳо шароити мусоид фароҳам меоянд.
Дар соҳаи мудофиа омили инсонӣ нақши муҳим мебозад. Кадрҳои ба савгандашон вафодор, босаводу соҳибтахассус, далеру фаъол ва боғайрати ҳарбӣ иқтидори артиш мебошанд. Зеро маҳз онҳо ғалабаро таъмин мекунанд, ҳайати шахсиро тарбия намуда, аз пайи худ мебаранд. 
Артиши миллии ба баргардондани ҳама гуна таҳдидҳо қодир сипари муътамади халқ ва кишвари мо мебошад. Маҳз барои ҳамин ҳам ҳоло мо нафақат ба тайёрии ҷангии кадрҳои ҳарбӣ, балки бобати дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Зеро ҳар як аскару сержант, афсару генерал, тамоми ҳайати шахсӣ бояд рӯҳи муқтадири миллӣ ва эҳсоси ифтихор дошта бошад. Рӯҳи миллӣ ин нирӯи мағлубнопазир мебошад. Агар рӯҳи миллӣ муқтадир бошад, ирода мустаҳкам, иқтидори ҳарбӣ баланд мегардад. Манбаи ташаккулёбии рӯҳи миллӣ дар фарзандонамон, ки шахси ҳарбӣ шуданро орзу мекунанд чист, чӣ дар онҳо эҳсоси масъулиятро барои тақдири Ватани муқаддас бедор менамояд? Ин таърихи ғановатманди Ватани мо, ҷасорати гузаштагони бузургамон чун Амир Темур мебошад. Ин оила, падару модар, эътимод, эътибор ва ғамхории халқи мост. Ин ибратест, ки шумо, ҳарбиёни воқеан фидокор, ҳамеша ба ҷавононамон талқин менамоед, гуфт Президент.
Роҳбари давлат таъкид сохт, ки дар соҳа ҳанӯз корҳои зиёде бояд иҷро шаванд, такмил додани кори секторҳои ҳарбиву маъмурӣ вазифаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад. Ӯ зарурати беш аз пеш фаъолтар кардани ҳамкории тарафайни мақомоти ҳокимият ва идораи тамоми дараҷаҳо, маҳаллаҳо, ҷавонон, занон ва кӯҳансолон, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи васеъро таъкид намуд.
Артиши миллӣ, хидматчиёни ҳарбӣ ҳар қадар ба халқ наздик бошанд, ягонагии онҳо ҳамон қадар мустаҳкам мегардад, ҳамон андоза нирӯмандтар мешаванд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар маросим зикр шуд, ки ба гурӯҳи ҳарбиён ва роҳбароне, ки тӯли солҳои зиёд дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳуқуқу тартибот сазоворона хидмат кардаанд, рутбаҳои генералӣ супурда мешаванд.
Генерал шудан орзуи ҳар кадом хидматчии ҳарбӣ аст. Шуморо барои он ки сазовори ин рутбаи баланд гардидаед, самимона муборакбод менамоям. Вале бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки ба хидмати ҳарбиву давлатӣ боз як рутба ва мукофоти баландтаре ҳаст. Ин шарафи сазовор шудан ба эътимоди халқу Ватан ва ба вазифаи муқаддаси худ ҳамеша содиқ будан мебошад, гуфт роҳбари давлат.
Президент гувоҳномаҳои рутба, ордену медалҳоро ба як гурӯҳ хидматчиёни ҳарбӣ ва ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот дар вазъи тантанавӣ супурд. 
Мукофотонидашудагон ба сарвари давлат барои эътирофи баланди хидматҳояшон,  дастгирии ҳарбиён ва оилаҳои онҳо миннатдорӣ баён карданд. 
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: