МУЛОҚОТИ АВВАЛИНИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

12-13 январи соли равон дар шаҳри Самарқанд вохӯрии аввалини вазирони корҳои хориҷии Мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» бо иштироки Афғонистон баргузор шуд.

Ба мулоқоте, ки дар Қасри анҷуманҳои Самарқанд ба вуқӯъ пайваст, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ сарварӣ карданд.
Дар иҷлосияи умумии Мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии Ҳиндустон – Сушма Свараҷ, Ҷумҳурии Қазоқистон – Бейбут Атамқулов, Ҷумҳурии Қирғизистон – Чингиз Айдарбеков, Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон – Рашид Мередов, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Абдулазиз Комилов доираи васеи масъалаҳоеро, ки ба вусъат додани муносибатҳои дӯстонаву муфиди тарафайни байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, муҳокима карданд. 
Ба чораҳо бобати кӯмакрасонӣ ба афзудани савдои тарафайн, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҷалби сармояҳо, инноватсияҳо, технологияҳо ба иқтисодиёти мамлакатҳои минтақа, рушди иқтидори транзитӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ, зиёд намудани сафарҳои сайёҳӣ, ҳамчунин татбиқ кардани лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои илм, тиб, таълим ва варзиш эътибори махсус дода шуд.
Сарони ҳайатҳо дар бораи татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараки ҷавонон дар пояи баённомаи Ассамблеяи Генералии СММ «Маърифат ва кушодадилии динӣ» мубодилаи афкор карданд.
Дар кори иҷлосияи махсуси умумӣ ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Салоҳуддин Раббонӣ иштирок дошт. Сарони идораҳои сиёсати хориҷии Мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» иштироки намояндагони ҳайати Афғонистонро дар мулоқоти аввалин ҷонибдорӣ намуда, садоқати худро ба кӯмакрасонӣ барои истиқрори иқтисодиёти Афғонистон аз тариқи татбиқ кардани лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, транзитиву нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар, ки ба ҷалби мамлакат ба низоми робитаҳои минтақавӣ ва хоҷагии ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, таъкид карданд. 
Ҷонибҳо тайёрии худро ба ҳамкориҳои тарафайн дар доираи омодагӣ ба баргузор намудани Конфронси ҳаштуми ҳамкориии минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA VIII), ки бояд дар нимсолаи дуввуми соли 2019-ум дар Тошканд баргузор гардад, иброз доштанд. 
Роҳбарони ҳайатҳо ба имкониятҳои зиёд барои ташаббусҳои муштарак бинобар интенсификатсияи алоқаҳои бевоситаи байни доираҳои корчаллони кишварҳои иштирокдори мулоқот, татбиқ намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, лоиҳаҳои таълимӣ ва илмиву тадқиқотӣ бо Афғонистон эътибор дода, изҳор карданд, ки барои иштироки ҷониби Афғонистон ба анҷуман, ҷашнвора, озмун, конфронсҳои илмӣ, намоишгоҳ ва дигар чорабиниҳои муштараки ҷавонон кӯмак хоҳанд кард. 
Бинобар натиҷаи вохӯрӣ Изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он аз хусуси ба роҳ монда шудани Мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ иттилоъ дода шуд. 
Умуман натиҷаҳои мулоқоти вазирон аз ягонагии фикру ақида ва муносибатҳо бобати ба роҳ мондан ва инкишоф додани ҳамкориҳои бисёрҷанба ва муфиди тарафайну сермаҳсул дар шакли вохӯрӣ шаҳодат медиҳад. Барои мунтазам идома додани мулоқот дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ муоҳида ба даст омад. 
Сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ таклифи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷро барои соли 2020-ум дар ин мамлакат гузаронидани мулоқоти навбатии вазирон пазируфтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои намояндагони расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ вобаста ба натиҷаҳои вохӯрии аввалини вазирони корҳои хориҷӣ дар Мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» бо иштироки Афғонистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар он вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов таъкид намуд, ки вохӯрии аввалини сарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои мулоқот ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон бомуваффақият гузашт. 
Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ таъкид сохт, ки чорабинӣ шаҳодати ибтидои давраи нав дар муносибатҳои байни давлатҳои аъзои мулоқот ва Афғонистон гардид. 
Ҳиндустон, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро гузаштаи воҳид ва ояндаи ягона алоқаманд мекунанд. Мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» бори дигар зарурати мустақимона идома додани ҳамкориҳои бисёрасринаро собит сохт. 

Матназар ЭЛМУРОДОВ, 
Ғолиб ҲАСАНОВ, хабарнигорони ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: