ХИДМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

Ба туфайли ҳушёрӣ ва шабзиндадории афсарони ҳарбӣ мо тинҷу осуда ҳаёт ба сар мебарем.

Бедорхобиву зиракии сарҳадбонон аст, ки дахлнопазирии сарҳади давлат таъмин мегардад. Дар ҷумҳурӣ ҳар сол 14-уми январ ҳамчун Рӯзи  муҳофизони Ватан таҷлил карда мешавад. То ин дам дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят чандин бор тадбирҳои намоишӣ доир гардид. Якчанд маротиба дар майдони таълими саҳрои куҳии «Фориш» на танҳо қӯшунҳои худӣ, балки бо иштироки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва кишварҳои ҳамсоя машқҳои ҳарбӣ гузаронида шуданд. Дар ин қабил машқҳои ҳарбӣ ҷавонон ҳам иштирок намуда, бо тарзу усулҳои корбурди лавозимоти ҷангӣ ва истифодаи техникаи ҳарбӣ аз наздик ошно гардиданд. Ин қабил тадбирҳо водор месозад, ки хидмат ба Ватан қарзи ҳар як инсон аст. Ҳифзи обу хоки он қарз ва масъулияти аввалиндараҷаи мост. Зеро Ватан муқаддас ва ягона аст.
Бояд гуфт, ки дар доираи «Моҳонаи ватанпарварӣ», ки аз 15-уми декабри соли 2018 то нимаи моҳи январи соли ҷорӣ идома ёфт, дар яке аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят Горди миллии ҷумҳурӣ бо иштироки афсарони ҳарбӣ ва устодони Донишкадаи ҳарбӣ-техникии Горди миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тадбир ба амал омад. Дар он устодон аз боби қудрату тавоноии Артиши миллӣ, ба ҷо овардани хидмат дар сафи он вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар як ҷавони шуҷоъ буданро  таъкид карданд. 
Дар навбати худ афсарони ҳарбӣ ҳам изҳор доштанд, ки қудрату тавоноии хешро барои ҳифзи Ватан равона месозанд ва барои дар дили ҳамсолони худ бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: