БУЗУРГТАРИН ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ОЛМОН ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН

Ба қарибӣ дар шабакаи телевизионии ZDF-и Олмон («Телевизиони дувуми Олмон») филми дуқисматаи ҳуҷҷатӣ бахшида ба таърих, фарҳанг, анъана ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳои Шоҳроҳи абрешим намоиш дода шуд.

Дар он ба тамошобинони васеи Олмон дар бораи рушди кунунии мамлакати мо, ҷойҳои нодири диданӣ ва шаҳрҳои таърихии он маълумот пешкаш гардид.
Дар ҳикоя оид ба Самарқанд қайд мегардад, ки маънои он «шаҳри сангин» мебошад. «Вале дар олам шаҳрҳое, ки ёдгориҳои меъмории онҳоро чунин сангҳои зебову ҷилодор оро медиҳанд, хеле каманд. Барои сафариён ва корвонҳое, ки қуллаҳои баланди кӯҳистони Тёншонро паси сар мекарданд, Самарқанд яке аз шаҳрҳои сарватманди дорои тамаддуни Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Дар асрҳои миёна дар ин ҷо маданият, илм ва савдо ривоҷ ёфт. Ҳоло Ӯзбекистон ба кишвари саноатӣ табдил меёбад», – нақл мекунад нотиқ.
Дар намоиши дигар ба бинандагон меҳмоннавозии анъанавии мардуми Ӯзбекистон пешниҳод мегардад. Наворҳое, ки дар яке аз оилаҳои маҳаллӣ сабт шудаанд, бинандагонро аз имкониятҳои сайёҳии гастрономӣ дар Ӯзбекистон воқиф мекунанд.
Баранда шиносоиро бо Ӯзбекистон ва нақлро дар бораи саҳми шаҳри мазкур дар рушди Шоҳроҳи абрешим аз намоиши тангаҳои қадимаи давраҳои гуногун, ки ҳангоми кофтуковҳои ҳафриётӣ аз ҳудуди Ӯзбекистон дарёфт шудаанд, оғоз менамояд. Вай шарҳ медиҳад, ки ин бозёфтҳо шаҳодати он мебошанд, ки дар он даврон кишварҳо байни ҳам чӣ гуна иртибот доштаанд. Онҳо дар бораи таърихи шуҳратёри Шоҳроҳи абрешим маълумоти бештар медиҳанд.
Дар филм ҳамчунин дар бораи рушди кунунии иқтисодии мамлакати мо, аз ҷумла, дар мисоли фаъолияти яке аз корхонаҳои муштараки ӯзбекистониву чинӣ дар соҳаи истеҳсоли матоъ ҳикоя карда мешавад. Баробари ин баъзе натиҷаҳои ҳамкории соҳибкорони Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷӣ намоиш дода шуданд.
Бо филме, ки онро беш аз 7 миллион бинандагони Олмон тамошо карданд, метавон аз тариқи You Tube ва сайти шабакаи телевизионии ZDF шинос шуд. Эҳтимол дорад, ки он дар тӯли сол такроран намоиш дода шавад.

ОИ «Дунё»,
шаҳри БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: