ДАР РИГА ПЕШРАФТИ КУНУНИИ ӮЗБЕКИСТОНРО МУҲОКИМА КАРДАНД

Ба қарибӣ дар Рига бахшида ба Ӯзбекистон чорабинӣ баргузор шуд.

Дар он намояндагони ҷамъиятию сиёсӣ, корчаллонҳо ва доираҳои академии Латвия иштирок карданд.
Ҷамъомадагон бо дастурҳои асосии маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Рушди ҳамаҷонибаи насли наврас – асоси ояндаи бузург, меҳнати бунёдкоронаи халқ – асоси ҳаёти фаровон, дӯстӣ ва ҳамкорӣ – кафолати шукуфоӣ», ки дар ҷамъомади мутантани бахшида ба 26-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муроҷиатномаи роҳбари давлати мо ба Олий Маҷлис пешниҳод шуда буд, шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки Стратегияи амалиёти дар пояи Сарқонун ва бо назардошти талаботи замон андешидашуда, алҳол барои ба сатҳи нав, инноватсионӣ ва саноатии рушд бардоштани мамлакат нақши муҳим мебозад. Қайд шуд, ки мулоқоти мунтазам бо халқ, ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи мардум, қонеъ сохтани эҳтиёҷ ва талаботи онҳо дар фаъолияти ҳукумат ҷиҳати афзалиятнок ва маҳаки асосӣ мегардад.
Ҷамъомадагон бо тағйироте, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ мешаванд, бозсозӣ ва озодкунии иқтисодиёти мамлакат, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ ошно шуданд.
Роҳбари Кумитаи оид ба рушди минтақавии Думаи Рига М.Толстой, ки дар назди ҷамъомадагон маърӯза кард, ислоҳоти дар мамлакати мо татбиқшавандаро дастгирӣ намуда, дар доираи робитаҳои бомуваффақият татбиқшавандаи байни Рига ва Тошканд ба ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба тайёр будани Латвияро таъкид кард.
Муҳаррири оҷонсии иттилоотии Латвия LETA Алвис Эглитис изҳор дошт, ки бомуваффақият татбиқ шудани вазифаҳо оид ба минбаъд таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, баланд бардоштани ҷолибияти сармоявӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакат, ки Президенти Ӯзбекистон пеш гузоштааст, ба пешрафти устувори Ӯзбекистон мусоидат хоҳанд кард.
– Маро он чиз ба ваҷд меорад, ки маҳаки асосии ин дигаргуниҳо ва фаъолияти давлат, умуман ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи мардум, қонеъ сохтани эҳтиёҷ ва талаботи онҳо – фароҳамсозии шароити мусоиди ҳаёт барои халқи Ӯзбекистон муайян шудаанд ,– таъкид кард вай.
Дар доираи чорабинӣ дар бинои Думаи Рига намоишгоҳи асарҳои бадеии «Шарқи номаълум»-и рассоми шинохтаи Ӯзбекистон, узви Иттиҳодияи эҷодии рассомони Ӯзбекистон Анорқул Бойбеков кушода шуд.
Намоишгоҳ боиси рағбати зиёди иштирокдорон гардид, онҳо қайд намуданд, ки дар асарҳои рассом таърих, анъана ва урфу одатҳои миллии халқи Ӯзбекистон хеле хуб бозгӯ шудаанд.
Директори барномаи идораи тиҷорати сайёҳии меҳмонхонавӣ – профессори Академияи байналхалқии Балтика Марина Гунар ҳайрати худро пинҳон накарда, зикр сохт, ки асарҳои рассоми Ӯзбекистон ба вай имкон доданд «ба гузаштаи дур сафари кӯтоҳе дошта бошад».
– Ман аз тамошои намоишгоҳ қаноатмандии бузург ҳосил кардам. Мехоҳам зикр намоям, ки ҳар сол дар чунин чорабиниҳои бахшида ба Ӯзбекистон иштирок карда, дарк мекунам, ки мамлакат, сокинони он тағйир меёбанд, онҳо бисёр чеҳраҳои кушоду зебо, эҷодиёти нодирро ба мо пешниҳод менамоянд, – гуфт вай.
Директори китобхонаи академии Донишгоҳи Латвия Вента Косере таассуроти худро чунин иброз дошт.
– Ба ман иштирок дар кушоиши ин намоишгоҳ, ки дар он рӯҳи Ӯзбекистон эҳсос мегардад,  бағоят хушоянд буд. Ман чандин бор аз кишвари шумо боздид ба амал овардаам ва ин сафарҳои худро бо мамнуният ёд мекунам. Хурсандиовар аст, ки алҳол Ӯзбекистон ва Латвия шарикони боэътимод мебошанд. Дар китобхонаи академии Донишгоҳи Латвия Маркази ахбори Ӯзбекистон созмон дода шудааст, дар он захираҳо дар шакли китоб, видео ва маводи аудӣ ҷамъоварӣ гардидаанд. Дар маркази мазкур зуд-зуд донишҷӯён ва омӯзгорон ҷамъ меоянд, ин ба шиносоии хуби мо бо кишвари дигар, санъат, иқтисодиёт ва умуман ҳаёти кунунии вай мусоидат менамояд. Барои ман хеле муҳим аст, ки дар ин ҷо, дар Латвия мардум гузаштагони бузурги халқи Ӯзбекистон, аз ҷумла Мирзо Улуғбек, Ибни Сино ва дигаронро медонанд.

ОИ «Дунё»,
шаҳри РИГА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: