АНҶУМАНҲОИ МАТБУОТИИ КУМИТАҲОИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ОИДИ ИҶРОИ КОРҲО ДАР СОЛИ 2018 ВА НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2019 ИДОМА НАМУДАНД

Дар анҷумани матбуотие, ки Кумитаи ҷавонон, масъалаҳои фарҳанг ва варзиши Олий Маҷлис дар Маркази миллии матбуот бахшида ба корҳои тӯли соли 2018 аз ҷониби кумитаи мазкур рӯикоромада таъкид гашт, ки дар давоми сол аз ҷониби аъзои кумита чаҳор тадбири назоратӣ ба амал омад.

Аз ҷумла, ахбори вазири маданият оиди ҳифзи мероси фарҳангию археологӣ шунида шуд. Оиди бартарафсозии норасоиҳо дар муҳофизати объектҳои мероси моддию мадание, ки миқдори умумиашон 7 ҳазору 300-торо ташкил менамояд, таклифҳо кор карда баромада ва ба идораю вазоратҳои дахлнок фиристода шуданд. Ғайр аз ин, мувофиқи нақшаи соли 2018, аз рӯи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар шаҳри Тошканд омӯзишҳо рӯи кор омаданд. Дар ҷараёни омӯзиш ва таҳлили фаъолияти вазоратҳои нигаҳдории тандурустӣ, адлия, молия, иқтисодиёт, таълими халқ, ҳамчунин ташкилоту идораҳои дигар роҳ ёфтани баъзе норасоиҳои ҷиддӣ маълум шуданд. Бобати баланд бардоштани нуфузи забони давлатӣ, нигоҳ доштани софии он, механизмҳои бойгардонии забон таклиф ва тавсияҳои амалӣ кор карда бароварда ва ба муҳокимаи Шӯрои Сенат тақдим  шуданд. Дар натиҷа қарори дахлноки Шӯрои Сенат қабул ва ба Девони Вазирон фиристода шуд.
Тавре раиси кумита И.Мирзоалиев қайд намуд, дар давраи ҳисоботӣ аъзои кумита дар зиёда аз 2300 тадбир ширкат ҷустанд. Бо мақсади омӯзиши амиқи масъалаҳое, ки аҳолиро ба ташвиш мегузоранд ва андешидани чора ба онҳо 2683 вохӯрӣ гузаронида шуд. Аз рӯи иҷрои барномаҳои давлатии «Ҳар як оила – тадбиркор», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Маҳаллаи обод» ва мазмуну моҳияти  онҳо корҳои зиёди тарғиботию фаҳмондадиҳӣ пеш бурда шуданд.
Дар доираи фаъолияти Кумита дар соли гузашта ба кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон низ аҳамияти алоҳида дода шуд. Ба ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ 84 муроҷиати сенаторӣ фиристода шуд.
Дар нақшаи соли 2019 ҷорӣ гардондани тарзи солими зист дар байни аҳолӣ, ҳифзи авлоди ҷавон аз ахбори зарарнок барин масъалаҳо ҷой пайдо кардаанд. Омӯзиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи бачаҳо аз ахборе, ки ба саломатии онҳо зарар мерасонад» дар сохтори Вазорати таълими халқ ба нақша даромадааст. Ҳамчунин, соли равон омӯзиши иҷрои Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» ва як қатор масъалаҳои дигар дар маркази эътибори кумита мебошанд.
Дар тадбир бахшида ба сарҳисоби фаъолияти Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои берунии иқтисодӣ, сармояҳои хориҷӣ ва масъалаҳои сайёҳӣ дар соли сипаришуда ва самтҳои устувори фаъолияти он дар соли равон таъкид гашт, корҳое, ки дар давоми сол аз ҷониби кумита амалӣ гардонда шуданд, дар шароити модернизатсия ва ислоҳи демократии мамлакат бобати фаъолгардонии корҳои парлумонӣ ва боз ҳам такмил додани фаъолияти он имкониятҳои нав фароҳам оварданд.
Аз ҷумла, соли 2018 барои дида баромадан дар ҷамъомадҳои умумии чаҳордаҳ-ҳабдаҳуми Сенати Олий Маҷлис 20 қонун ворид карда шуд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби кумита дар давраи ҳисоботӣ панҷ маротиба ахбори роҳбарони вазорат ва идораҳо шунида шуд. Кумита дар самтҳои дахлноки худ корҳоеро, ки аз ҷониби идораҳои давлатӣ пеш бурда мешаванд, таҳлил намуд, норсоиҳоро баррасӣ ва хулосаю тавсияҳои худро тақдим дошт.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кумита дар шаҳри Тошканд анҷумани байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Ҷадалноксозии ислоҳоти иқтисодӣ ва баланд бардоштани ҷозибадории сармоявии минтақаҳои мамлакат», конфронси илмию амалии «Истиқболҳои рушди иқтисодии инноватсионии нав: Ӯзбекистон ва таҷрибаи кишварҳои рушдёфта»-ро ташкил намуд.
Ҷалб кардани сармояҳо ба шаҳри Тошканд яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки таҳти назорати Кумита қарор дорад. Хусусан, дар ин самт мувофиқи «харитаҳои роҳ», ки аз ҷониби Олий Маҷлис ва Девони Вазирон тасдиқ гардидааст, таҳти ҳамкорӣ бо Сенат, вазорат ва идораҳои дахлнок, ширкат ва оҷонсиҳо дар масъалаи ба иқтисодиёти ноҳияҳо воридсозии лоиҳаҳои сармоявӣ корҳои назоратиро пеш мебарад.
Дар давоми сол бештар аз бист таклифу ташаббусҳое, ки аз ҷониби кумита пеш гузошта шуданд, ба ҳаёт татбиқ гардиданд.
Раиси кумита Алишер Қурманов гуфт, корҳои шоёне, ки соли сипаришуда амалӣ гардиданд, дар «Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ» низ муттасил давом ва онҳо аз ҷиҳати сифат ба дараҷаи нав бардошта мешаванд. 


Дар ҳисоботи Кумитаи масъалаҳои аграрию хоҷагии об ва экологияи Сенат аз ҷониби раиси он Баҳодир Тоҷиев ва дигарон таъкид гашт, соли сипаришуда барои кумитаи мазкур бобати дастгирии механизмҳои нав дар давраи ҳозираи ислоҳи пурра ва модернизатсияи соҳаи аграрӣ, ба амал баровардани ғояҳои инноватсионӣ, таъмини иҷрои қарорҳое, ки дар ин самт қабул гардидаанд, давраи андӯхтани таҷрибаҳои калон қарор гирифт. 
Тӯли соли 2018 аз ҷониби кумита 10 ҷамъомад гузаронида ва 11 масъала мавриди баррасӣ қарор ёфт, аз ҷумла 6 қонун дида баромада шуд. Кумита аз ваколатҳои назоратӣ-таҳлилии худ самаранок истифода ва як қатор чораҳои муҳимро ба амал баровард. Аъзои кумита аз рӯи фаъолияти назоратию таҳлилӣ дар 2227 тадбири гуногун иштирок намуданд. Дар анҷуман ва семинарҳое, ки марбут ба мавзӯъҳои долузарб баргузор шуданд, сарубар гашта, мулоҳизоти ҷолиб баён намуда, қарорҳои дахлнок қабул карданд.
Кумита дар таъмини иҷрои барнома ва ҳуҷҷатҳое, ки оиди тараққиёти хоҷагии кишоварзӣ ва такмили соҳа қабул гардидаанд, фаъолнокӣ зоҳир намуд. Хусусан, аз ҷониби он иҷрои барномаҳои давлатию ҳудудӣ аз рӯи давра ба давра ба хоҷагиҳои фермерии бисёрсоҳа табдил додани хоҷагиҳои фермерӣ дар вилояти Бухоро омӯхта шуд. Корҳое, ки дар вилояти мазкур ба амал бароварда мешаванд, аз назари танқидӣ дида баромада ва оиди бартараф сохтани норасоиҳо таклиф ва тавсияҳо кор карда бароварда шуданд.
Дар ҷараёни корҳое, ки иҷро мешаванд, ба аниқ кардани муаммоҳое, ки ба ривоҷи соҳаи аграрӣ халал мерасонанд, аҳамияти алоҳида дода ва ба бартарафсозии онҳо кӯмак расонда мешавад.
Аз ҷумла, ба тартиб андохтани муносибатҳои меҳнатӣ дар хоҷагии кишоварзӣ, масъалаҳои шуғли норасмӣ алоҳида омӯхта ва натиҷаҳо ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон - вазири молия чун пурсуҷӯи парлумонӣ фиристода шуд.
Бо мақсади амиқ омӯхтан ва ҳал намудани муаммоҳое, ки аҳолиро ба ташвиш мегузоранд, 1912 вохӯрӣ ташкил гардид. Аз 5187 муроҷиате, ки афтид, 460-тояш аз ҷониби сенатороне, ки ба таври доимӣ кор мекунанд, дида баромада шуд. Ба ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ 28 пурсуҷӯи сенаторӣ ва 30 муроҷиат фиристода ва иҷрои онҳо ба назорат гирифта шуд.
Дар анҷумани матбуотӣ гуфта шуд, соли равон ҳам кумита бо масъулияти том аз паи иҷрои вазифа шуда, фаъолияти худро ҷоннок месозад.

– Дар давраи ҳисоботӣ панҷ ҷамъомади Комиссияи ба пурзӯрсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ кӯмакрасони Сенати Олий Маҷлис баргузор гардид, – гуфт раиси комиссия Т.Мадумаров, — дар онҳо 19 масъала, аз ҷумла муҳокимаи ҳисоботи ҳокимони 3 вилоят (Андиҷон, Бухоро ва Фарғона) мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷониби комиссияи Сенат 15 тадбири назоратӣ ба амал бароварда шуд.

Ташаккул додани корпуси депутатии дараҷаи маҳаллӣ омили муҳими ривоҷ додани ҳудудҳо ба шумор меравад, таъкид ёфт дар анҷумани матбуотӣ. Бинобар ҳамин дар давраи ҳисоботӣ ба ҳарҷониба дастгирӣ намудани фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ, ба сохтори ба ислоҳоти самаранок ҳиссагузор табдил додани онҳо аҳамияти алоҳида нигаронида шуд. Баробари ҳамин, комиссия ҳолати аз ҷониби Шӯрои ноҳиявии депутатҳои халқ чӣ тавр омӯхта шудани самаранокии истифода аз майдонҳои кишти хоҷагиҳои кишоварзиро санҷид. Гурӯҳи кории иборат аз аъзои Сенат ва депутатҳои Шӯрои ноҳиявии халқ дар вилоятҳо корҳои омӯзишӣ пеш бурд. Дар ҳамаи ноҳияи вилоятҳо сессияи шӯроҳои маҳаллӣ гузаронида шуда, дар онҳо оиди натиҷаи омӯхтани корҳое, ки доир ба самаранок истифода кардани қитъаҳои наздиҳавлӣ пеш бурда мешаванд, маълумотҳо дода шуданд. Ҳисоботи раиси шӯрои фермерҳо ва муовинони ҳокими ноҳияҳо оиди масъалаҳои иқтисодӣ муҳокима гардиданд. Баҳри бартараф сохтани масъала ва норасоиҳои аниқшуда чораҳо андешида шуданд.
Дар хоҷагии кишоварзӣ истифодаи оқилона аз об, нармсозии оқибатҳои камобӣ, ҳосили кафолатнок гирифтан аз ғӯза дар самти афзунгардонии самараи соҳаи аграрӣ аз масъалаҳои муҳим ҳисоб меёбанд. Дар ин бобат аз рӯи таъмини назорати парлумонию ҷамоатӣ дар ҳама ҳудудҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби аъзои Комиссияи Сенат корҳои дахлнок ба амал бароварда шуданд. Хусусан, дар ҳудудҳо штабҳое созмон ёфтанд, ки мувофиқсозии корҳо дар ин самтро ба назорат мегиранд. Натиҷаи тадбирҳо дар сессияҳои шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ муҳокима ва қарорҳои дахлнок қабул карда шуданд.
Дар анҷумани матбуотӣ зикр ёфт, мустаҳкамсозии базаи даромадҳои буҷа, ташкили ҷойҳои нави корӣ, корҳое, ки дар ҳудудҳо аз рӯи амалӣ гардондани лоиҳаҳои сармоявӣ пеш бурда мешаванд, низ таҳти назорати комиссия қарор доранд.
Дар анҷумани матбуотӣ оиди корҳои муайяне, ки дар нақшаи соли равони комиссия ҷой гирифтаанд, маълумот дода шуд. Журналистон ба саволҳояшон ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: