ҲАРБИЁН ИДИ КАСБИАШОНРО ДАР МАНЗИЛҲОИ НАВ ҚАЙД МЕКУНАНД

Дар шаҳри Тирмиз барои хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо манзили нави бисёрошёна сохта, ба истифода супурда шуд.

Дар тадбир, ки бо иштироки фармондеҳи қӯшунҳои Округи махсуси ҳарбии ҷанубӣ-ғарбӣ, ҳокимияти вилояти Сурхондарё, хидматчиёни ҳарбӣ ва намояндагони васеи ҷомеа сурат гирифт, қайд карда шуд, ки ислоҳот дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакати мо, шарт ва шароитҳои замонавие, ки барои хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо фароҳам оварда мешаванд, чун омили муҳими баланд бардоштани қобилияти ҷанговаронаи артиши миллӣ хидмат менамоянд.
Қарори роҳбари давлати мо оиди барномаи сохтмони манзил барои хидматчиёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 марти соли 2017 ба беҳсозии шароити зисти ҳимоятгарони Ватан ва дастгирии муносиби аъзои оилаҳои онҳо нигаронида шудаанд.
Соли гузашта дар ҳудуд ва шаҳрчаҳои ҳарбии вилоят барои хидматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа 122 квартира дар манзилҳои замонавӣ сохта ва ба истифода супурда шуданд. Соли равон барпои 360 квартира ба нақша дароварда шудааст.
Дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан барои ҳарбиён бинои нави 90 ҳуҷрадор сохта, ба истифода супурда шуд, ки дорои ҳамаи қулаиҳо мебошад. Аъзои оилаи хидматчиёни ҳарбӣ аз шароитҳо хеле мамнун мебошанд.
– Ҳимоятгари Ватан бояд хотирҷамъ бошад, – мегӯяд соҳибаи квартираи нав К.Холматова. – Шавҳари ман ҳарбист ва инро ман дар худ ҳис мекунам. Дар хонаи нав ҳамаи шароитҳо фароҳам, хусусан мамнунии кӯдакони моро андоза нест. Идро дар хонаи нав қайд мекунем.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё Б.Пӯлатов, муовини аввали вазири мудофиа О.Исмоилов иштирок намуданд.

Х. МАМАТРАЙИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: