ҶОРӢ КАРДАНИ ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМИ МАЛАЙЗИЯ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Тавре ки маълум аст, алҳол дар Ӯзбекистон бобати рушди бештари соҳаи моҳипарварӣ, аз тариқи истифодаи усулҳои замонавӣ ва инноватсионӣ баланд бардоштани истеҳсолоти он чораҳои маҷмӯӣ андешида мешаванд.

Дар доираи корҳои мазкур барои рушди соҳаи моҳипарварии ҷумҳурӣ ширкатҳои соҳавии хориҷӣ фаъолона ҷалб мегарданд.
Аз ҷумла, таҷрибаи Малайзия дар ин соҳа сазовори эътибори бузург мебошад. Бинобар натиҷаи соли 2018-ум моҳипарварӣ 12 фоиз (2,8 миллиард доллар)-и саҳми маҳсулоти кишоварзиро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Малайзия (5 фоиз ё худ 23,5 миллиард доллар) ташкил дод.
Қисми зиёди ҳаҷми умумии истеҳсолот – 88 фоизро моҳии дарё, қисми боқимондаро маҳсулоти хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил додаанд. Ҳоли ҳозир дар соҳаи мазкур тақрибан 150 ҳазор нафар машғул мебошанд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳои намояндагони Ӯзбекистон дар Малайзия бо роҳбари яке аз ширкатҳои пешқадами моҳипарварии мамлакат A Farm Agrotech Sdn Bhd имкониятҳои бо шарикони Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ муҳокима шуданд.
Муоҳида бино бар ташкил намудани кластери зудамали моҳипарварӣ, ки ба истеҳсоли маҷмӯӣ тахассус дорад, (сехҳои инкубатсионӣ, истеҳсоли моҳӣ ва тухмии он, озуқа барои моҳӣ бо сафедаи зиёд, коркард ва нигоҳдорӣ) дар соҳаи моҳипарварии вилояти Хоразм натиҷаи ин мулоқот гардид.
Бояд таъкид намуд, ки ширкати A Farm Agrotech Sdn Bhd дорои технологияҳои самарабахши замонавии энергетикӣ мебошад, ки маҳсулнокии кори корхонаҳоро дар истеҳсоли беш аз 10 намуди моҳӣ ва тухмиҳои сифаташон олӣ таъмин менамояд. Миқдори ҳарҳафтаинаи моҳӣ, ки ширкат истеҳсол менамояд, аз 10 тонна зиёд мебошад. Як қисми ин маҳсулот ба Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ содир карда мешаванд.
Муносибат ба истеҳсоли озуқаҳои махсус барои моҳӣ, ки аз маҳсулоти меваву сабзавот бо иловаи минералҳои зарурӣ барои парвариши зуду самарабахш ва афзоиши моҳиҳо омода карда мешаванд, усули инноватсонӣ ба шумор меравад.
Ғайр аз истеҳсоли моҳӣ ширкати A Farm Agrotech Sdn Bhd ҳамчунин хизматҳоро бобати баргузор кардани тренингҳо дар соҳаи ташкил додании хоҷагиҳои замонавии моҳипарварӣ, ки ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ мебошанд, пешниҳод менамояд.
Тавре ки пештар хабар дода будем, дар даҳаи сеюми моҳи феврал сафари ҳайати вилояти Хоразм ба Малайзия ва баргузор кардани анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву малайзиягӣ пешбинӣ шудааст. Ба ин муносибат 24 январи соли равон гуфтушуниди намояндагони ширкатҳои ватании соҳаи моҳипарварӣ бо шарикони малайзиягӣ баҳри баррасии дурнамоҳои минбаъда бобати татбиқ сохтани лоиҳаи дар боло зикршудаи сармоявӣ ба нақша гирифта шудааст.

АИ «Дунё»,
шаҳри Куала-Лумпур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: