САФАРИ МУФИД

Ба қарибӣ ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев сафири Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Амонӣ ал-Итрро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, ки дар гуфтугузори миёни онҳо дар радифи ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ба ҳамкорӣ дар бобати сайёҳӣ ва ривоҷи он  низ таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
Дарвоқеъ, Ҷумҳурии Мисри Араб аз мамлакатҳое маҳсуб меёбад, ки дар соҳаи сайёҳӣ хеле пеш рафта ва соҳибкорони он соҳиби таҷрибаи калон мебошанд. Моҳи сентябри соли гузашта зимни сафари Президенти ин кишвар  ҷаноби Абдулфаттоҳ Саид Ҳусайн ас-Сисӣ  ба Тошканд ва дидору гуфтугӯҳои ӯ бо Президент Шавкат Мирзиёев дар радифи масъалаҳои зиёд доир ба рушди сайёҳӣ низ табодули назар карданд. 
Шӯҳрат Ғаниев дар ин замина чунин гуфт:
– Бо дарназардошти имкониятҳои фаровоне, ки кишвари шумо дар соҳаи сайёҳӣ соҳиб мебошад, ривоҷ додани ҳамкорӣ дар ин соҳа ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат хоҳад кард. Гузашта аз ин, моро робитаҳои қадимӣ бо ҳам пайваст мекунанд. Олими маъруф Аҳмади Фарғонӣ дар Қоҳира дастгоҳи ченкунии сатҳи об – «Нилометр»-ро сохта, тавассути он сатҳи оби дарёи Нилро чен кардааст ва ин асбоб то кунун мавриди истифодаи васеъ қарор дорад.
Вай афзуд, ки соҳибкорони вилоят аз ба роҳ мондани ҳар гуна ҳамкорӣ бо соҳибкорони мисрӣ хушҳол  хоҳанд шуд.
– Тавре ки бароям маълум аст, Фарғона яке аз минтақаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Мардумаш низ меҳмоннавоз ва кушодачеҳраву самимӣ ҳастанд. Ҳадафи асосии мо рушди алоқаҳои ду кишвар дар заминаи тиҷорат, фарҳанг, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошад. Ҳамчунин бунёди майдонҳои махсуси кишти ситрус, сохтани меҳмонхонаҳои боҳашам, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф низ маҳз дар вилояти шумо барномарезӣ шудаанд. Соҳибкорони мо омодаанд, ки бо ворид кардани сармояҳои калонҳаҷм ҳамкорӣ дар ин бахшҳоро ба роҳ монанд,– гуфт хонум Амонӣ ал-Итр.
Дар чаҳорчӯби ин боздидҳо  сафири Миср аз мадрасаи Саид Аҳмадхоҷа ва корхонаи «Ёдгорлик»-и шаҳри Марғелон дидан кард. Ҳамчунин бо фаъолияти  корхонаҳои кулолгарии Равшан Тоҷиддинов ва Рустам Усмонови риштонӣ аз наздик ошно шуд.

Файзулло ИБРОҲИМОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: