ШОИРИ САРГАШТА ДАР САҲРОИ ИШҚ

ё худ ҳақиқати таърихӣ дар бораи Маҷнуни афсонавӣ

Аксарият Маҷнунро чун ошиқ дар  афсонаҳо медонанду халос. Аз шахси таърихӣ будани ӯ на ҳама хабардор. Дарвоқеъ, шоир будани Маҷнунро низ медонем ё не?
Маҷнун бо тахаллуси Қайс Омирӣ ғазалу қасидаҳои зиёд навиштааст. Вай дар адабиёти Шарқ яке аз аввалин шоирҳои соҳибдевон.
Ба асарҳои бадеӣ ва ривояту афсонаҳои мардумӣ зиёда аз ин ба сарчашмаҳои то андозае муътамад такя карда, тасмим гирифтем ба рӯзгори ошиқию шоирии Маҷнун, ки асрҳо инҷониб яке аз шахсҳои машҳури афсонавӣ аст, равшанӣ андозем.
Номи аслиаш Қайс. Чун Қайс ибни Муод ӯро мешинохтанд. Вай фарзанди нозпарвари аз даргоҳи Худованд талбидаи Саййид Омирии давлатманд аст. Тавре аз «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳо огоҳем, вай аснои мактабхонӣ ба Лайлӣ ном духтаре, ки нуре дар чашмонаш медурахшид, ошиқ шуд. Лайлӣ бинти Саъд, айни замон, аз қавми Омириён ба шумор мерафт, яъне бегона набуд.
«Донишманди девона»-е бо номи ишқ ба дасти Қайси ҷавон қалам ва коғаз дод. Ӯ эҳсосу эҳтиросоти қалб ба коғаз рехт. Ҳама шеърҳояш дар мавзӯи ишқ бо номи Лайлӣ оғоз ва анҷом меёфтанд. Бинобар девонавор дӯст дошта ва дар ишқи Лайлӣ ақлбохта ба назар намуданаш одамон ӯро «маҷнун» (девона) номида ва ба ҳолаш механдиданд.
...Қайс беҷуръатона ба духтар наздик шуд. Дар ҳоле эҳсоси наҷиб дар қалбаш рӯ мезад, шеъри ошиқона ба дасти вай супурд. Дар ҳар мисраъ чанд маротиба «Лайло, Лайло...»
Лайлӣ, гунааш арғувонӣ шуда, вақте ба навиштаҳо чашм медавонд, баногоҳ падараш пайдо шуд. Зада гирифт коғазро ва ба Қайс теғкашон нигарист.
– Ин чист?
– Шеър, – гуфт Қайс.
– Хӯ-ӯ-ш?
–...
Пора-пора карда, ба рӯйи Қайс, ки ноҳинҷор ва пуризтироб ба назар метофт, Саъд коғазпораҳоро ҳаво дод.
– Ба ман нигар, девона, агар боз бо ҳамин гуна ҳунарҳои бемаънӣ ба духтарам наздик шуда ӯро бадном кунӣ, панҷаҳои шеърнависатро мебурам!
Ин гуфт Саъд ва Лайлиро кашолакунон бо худ бурд.
Қайс туғёнҳои дил ҳамон шеър мекард ва бо ҳамин таскин меёфт. Як шеъри ӯ дар бораи дастҳои ҳиномондаи Лайлӣ ба дасти Саъд афтид. Ғазабнок ҷавонро дастгир ва кафу панҷаҳои ӯро бераҳмона навдакӯб сохт.
Маҷнун ба ҳамон шеъре, ки навишта буд, «кафҳои хуншоршуда»-и худро илова намуд:
Шудам пазмони дасти 
пурҳиноят,
Ба каф монанди ту мондам 
ҳиноҳо!
Аммо шеър ин бор ба дасти Лайлӣ нарасид. Таҳсил низ дар арафаи поёнрасӣ. Дари дамҳои беғубор, айни замон, ба рӯйи Маҷнуну Лайлӣ, ки оҳҳои сард мекашиданд, баста мешуд.
Падари Қайс хостгорӣ рафт. Падари Лайлӣ рад намуд.
Азоби ишқ, шиканҷаи ҳиҷрон обу адо месохт Қайсро. Дилаш пури дард, зоҳираш низ ба як ҳоле: мӯйҳои расида ва ба китф фуромада. Риш ва мӯйлабҳои бетартиб. Бадбашара. Сару либос низ ба андом мувофиқ, ҳардамхаёл. Ҳар гуна шеър хонда, чун қаландар, кӯчагардӣ мекард. 
Чӣ кор кардани худ надониста, падар Қайсро ҳамроҳ ба Макка бурд. Аз муноҷот ва мадади илоҳӣ умед дошт ӯ. Чӣ қадар мехост фарзанди базӯр ёфта ва ба ин ҳол гирифторшудааш аз ишқи Лайлӣ фориғ шавад.
Аммо ин тавр нашуд. Ба Маҷнун, ки бо алам сари худ гирифта баромада рафт, саҳро оғӯш кушод, шамол сарашро сила кард. Амир Навфал, ки аснои шикор тасодуфан ӯро дучор омад, ваъда кард, кӯмак мерасонад. Лекин ҳаракатҳои Навфал зоеъ рафтанд.
Вақте хабари ба Ибни Салом фотиҳа шудани Лайлӣ ба гӯшаш расид, Маҷнун бадтар девона гашт. Ҷояш акнун кӯҳ буду саҳро. Дилаш, эҳсоси қалбаш агар одамон нафаҳмиданд, ҷонварҳои безабон фаҳмиданд. Вақте Маҷнун  ғазалҳои дарднок мехонд, чорпоҳои ваҳшӣ бо диққату риққат гӯш меандохтанд.
Рӯзе дар доманакӯҳ саги Лайлӣ пайдо гашт. Маҷнун ба зону нишаст, гардани саг ва чашмонашро бӯсид: чашмҳое, ки ба назари Лайлӣ афтода буданд, ҳамин қадар азиз метофтанд ба чашмони Маҷнун.
Ба шеъри наваш «Чашмҳо» ном ниҳод. «Чашмҳо», айни замон, охирин шеъри Маҷнун буд, ки онро такрор-такрор хонда, беҳол чашм пӯшид. Ва ба вай ногаҳон хабари вафоти Лайлиро расонданд. Пуризтироб ба сӯйи қабристон давид. Дар сари қабри Лайлӣ ҷон ба ҷонофарин супурд.
Дар манбаъҳо вафоти Маҷнун соли 689 қайд шудааст.
...Саг нола мекарду зӯза мекашид, ҷонварҳои дигар ҳамовоз мешуданд, саҳро мегирист, шамол уввосзанон фарёд мебаровард.
Чунин қисмати талх эътиборан аз асри ҳафт дар фолклор ва адабиёти хаттии мардуми араб ва халқҳои дигари Шарқ инъикос ёфт. Саргузашти ишқии Қайс ва Лайлӣ бо ҷилоҳои афсонавӣ таваҷҷӯҳи халқҳои гуногунро ба худ кашид.
Дар осори Рӯдакӣ ва Робия (асри Х) ба моҷарои ишқии Қайсу Лайлӣ ишораҳо мавҷуд. Муҳаббати оташини онҳо дар асрҳои XI-XII ба Абдуллоҳи Ансорӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Заҳирӣ, Абулҳасан Ҷуллобӣ, Саноӣ барин соҳибсуханон илҳом бахшид.
Дар бораи Лайлӣ ва Маҷнун нахустин Низомии бузургвор достони алоҳида таълиф намуд. Маснавии ӯ соли 1188 навишта шуда, 4000 байтро дар бар мегирад. Амир Хусрави Деҳлавӣ ҷавобан ба он «Маҷнун ва Лайлӣ»-и худро офарид (1299). Ин достон аз 2065 байт таркиб ёфтааст. Шуарое, ки асрҳои XIV-XV «Лайлӣ ва Маҷнун» навиштанд, Низомию Хусрави Деҳлавиро пайравӣ кардаанд. Дар адабиёти Шарқ машҳуртарин достонҳо дар бораи Лайлию Маҷнун ба қалами Ҷомию Навоӣ, Ҳотифию Мактибӣ, Адибек Шерозию Мулҳам, Шоҳин ва ғайраҳо мутааллиқанд. Талқини озарии достонро Фузулӣ ба ҷойи худ гузошт. Андалеб бо туркманӣ, Таймуразит бо гурҷӣ, Аветик бо арманӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» навиштаанд. Шоири турк Шоҳидӣ нолаҳои дили Маҷнуну Лайлиро дар «Гулшани ушшоқ»-и худ қадри тавон ифода намуд. Охирин достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро дар адабиёти мо соли 1925 Туғрал ва Ноқис эҷод карданд. Шоири афғонистонӣ Латифӣ низ бо ин ном соли 1932 асаре навишта, ба анъанаи достоннависӣ дар ин мавзӯъ гӯё нуқта гузошт.
Навъе баъзеҳо фикр мекунанд, Маҷнуни таърихӣ девона ё аз ақл бегона набуд. Балки як шоири оҷиз ва аламзадае буд дар саҳрои ишқ. Мисли «Китоб-уш-шеъри вашшуаро» (Ибни Қутайба), «Кутуб-ул-оғонӣ» (Абулфараҷ), «Сафарнома» (Носири Хусрав) манбаъҳои зиёде мавҷуданд, ки истеъдоди хуби шоирӣ ва соҳибдевонии Қайси Омириро тасдиқ менамоянд. Абӯбакр Волибӣ дар асри XI девони Қайси Омириро мураттаб карда буд. Дар асари 400 ҷилдаи «Адабиёти ҷаҳон», ки соли 1975 дар Маскав чоп шудааст, аз ҷумла, 71 шеъри шоири асри VII Қайс Омирӣ ҷой гирифтааст. Ин аз барҳаётии эҷоди Қайс далолат медиҳад. Муҳаббати Лайлӣ ва Маҷнун чун хуштарин ва пургудозтарин таронаи ишқ ҳамеша  танинандоз аст.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: